Луқмони ҳаким, ғуломи сиёҳе буд, ки дар сарзамини Судон чашм ба ҷаҳон гушуд. Гарчи ӯ чеҳраи сиёҳ ва нозебо дошт, вале аз дили равшан, фикри боз ва имоне устувор бархурдор буд. Ӯ ки дар оғози ҷавони бардае мамлук буд, ба далели ҳуши аҷиб ва ҳикмати васеаш озод шуд ва ҳар рӯз мақомаш авҷ гирифт то шуҳраи офоқ шуд.
Ӯ марде амин буд, чашм аз ҳаром фуру мебаст, аз адои ҳарфи носазо ва бемаврид парҳез мекард ва ҳеҷгоҳ домани худро ба гуноҳ наёлуд ва ҳамвора дар умури зиндаги шарти иффат ва ихлосро риоят мекард.
Вақтҳои фароғати худро ба сукут ва тафаккур дар умури ҷаҳон ва ва маърифати Ҳақ Таоло мегузаронад ва барои гузарондани умури зиндаги ба ҳарфи хаёти(чевари) ваё дуругари машғул буд. (Баъзе гуянд Луқмон бандае буд ҳабаши ки аз роҳи шабони маъишати худро мегузаронд.)
Луқмон аз хандаи бемаврид ва масхараи дигарон парҳез мекард ва ҳеҷгоҳ иродаи худро таслими хашм ва ҳавои нафс намекард. Аз комёби дар дунё мағрур ва аз нокоми андуҳгин намешуд ва сабр ва шикебоии ӯ ба ҳадде буд, ки бо аз даст додани чанд фарзанд, аз сари забуни дидакони худро ба сиришки ғам наёлуд.
Дар ислоҳи умури мардум ва ҳалли низоъ ва мурофиаи онҳо саъйи вофир дошт ва ҳаргиз ба ду касе, ки бо якдигар душмани ва мунозиа (даъво) ё мақотила доштанд нагузошт, магар онки дар миёни ишон ислоҳ кард. Бештари вақти худро дар ҳамнишини бо фуқаҳо ва донишмандон ва подшоҳон мегузаронд ва масулияти хатири онҳоро гушзад мекард ва онҳоро аз кибр ва ғурур барҳазар медошт ва худ низ аз аҳволи ишон ибрати мегирифт.
Дар ин шароит буд, ки Луқмон шоистаи пушидани ҷомаи ҳикмат шуд ва сипас дар нимрӯзи гарм, ки мардум дар хоби қайлула буданд ҷамъе аз фариштагон, ки Луқмон қодир ба дидани онҳо набуд, назари Луқмонро дар мавриди хилофат ва пайғамбари Худо ҷуё шуданд.
Луқмон дар ҷавоби фариштагон гуфт: Агар Худои Мутаол маро ба қабули ин амри хатир амр кунад, фармони ӯро бо дидаи миннат хоҳам пазируфт ва умед ва яқин дорам, ки дар он сурат ӯ маро дар ин кор ёри хоҳад кард ва илму ҳикмате ки лозими ин вазифа бошад ба ман ато хоҳад кард ва маро аз хато ва иштибоҳ ҳифз мекунад, вале агар ихтиёри рад ё қабули ин амр бо ман бошад, аз пазириши ин масулияти бузург узр хоҳам хост ва офиятро ихтиёр мекунам.
Чун фариштагон иллати напазируфтани Луқмон аз пазириши ин масулиятро ҷуё шуданд, Луқмон гуфт: Ҳукумат бар мардум агар чи манзилате азим дорад, вале коре бас душвор аст ва дар ҷавониби он фитнаҳо ва балоҳо ва лағзишҳо ва торикиҳое бекароне вуҷуд дорад, ки ҳар касро Худо ба худ вогузорад гирифтори он шавад ва аз сироти мустақим ва роҳи растгори мунҳариф гардад ва ҳар кас аз онҳо бираҳад ба фалоҳ ва растгори ноил хоҳад шуд.
Хори ва гумномии дунё дар баробари иззат ва бузургвории охират гуворо аст вале агар ҳадафи касе ҷоҳ ва ҷалоли дуняви бошад, дунё ва охират ҳар дуро аз каф хоҳад дод, зеро иззат ва неъмати дунё муваққат ва ория аст ва чунин касе ба неъмат ва иззати ҷовидони охират низ даст нахоҳад ёфт.
Фариштагон, ки ба ақли саршори Луқмон пай бурданд ӯро таҳсин карданд ва Худои Таоло ӯро мавриди лутф ва иноят қарор дод ва сарчашмаи ҳикмати худро бар Луқмон равон сохт то сели ҳикмат ва нуру марифат бар забону баёни Луқмон ҷори гардад ва ташнагони ҳақиқатро дар хури истеъдодашон аз зулоли маърифат ва ҳикмати худ сероб созад ва дар ин миён фарзанди буруманди Луқмон, ки назари падарро ба худ маътуф дошта буд, бештар мавриди хитоби ӯ қарор мегирифт гарчи насоеҳи Луқмон бештар ҷанбаи умуми дошт.
САД ПАНДИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ БАР ФАРЗАНДИ АРҶМАНД
- Аввал он ки, эй дони падар, Худои азза ва далларо1 бишнос.
- Ҳар чи аз панд ва насиҳат ий, нахуст бар он кор кун.
- Сухан ба андозаи хеш гӯй.
- Қадри мардум бидон.
- Ҳаққи ҳама касро бишнос.
- Рози худро нигох, дор.
- Ёрро вакти сахтй биозмой.
- Дустро ба суду зиён имтиҳон кун.
- Аз мардуми аблаҳу нодон бигрез.
- Дусти зираку доно гузин.
- Дар кори хайр дидду дахд намой.
- Бар занон эътимод макун.
- Тадбир бо мардуми муслех, ва доно кун.
- Суханат ба ҷиҳат гӯй.
- Чавониро ниъмат дон.
- Ба ҳангоми давонй кори ду ҷаҳон рост кун.
- Ёрону дустонро азиз дор.
- Бо дусту душман абру кушода дор.
- Модару падарро ғанимат дон.
- Устодро беҳтарин падар шумор.
- Харч ба андозаи дахл кун.
- Дар ҳама кор миёнарав бош.
- Чавонмардй пеша кун.
- Хидмати мехмон ба воҷибй адо кун.
- Дар хонае, ки дарой, чашму забонро нигох, дор.
- Ҷомаву тан пок дор.
- Ба ҷамоат ёр бош.
- Фарзандро илму адаб биёмуз.
- Ва агар мумкин бошад, тир андохтан ва саворй биёмуз.
- Аз кафш ва муза, ки пӯшй, ибтидо аз пойи рост кун ва бадар овардан аз пойи чап гир.
- Бо ҳар кас кор ба андозаи ӯ кун.
- Ба шаб чун сухан гӯй, охиставу нарм гӯй ва ба рӯз чун гӯй, ба ҳар сӯ нигох, кун.
- Ба кам хурдану хуфтан ва гуфтан одат андоз.
- Ҳар чи ба худ написандй, ба дигарон маписанд.
- Корҳоро ба донишу тадбир кун.
- Ноомухта устодй макун.
- Бо зан ва кудак роз маи.
- Бар хайри касон дил манеҳ,.
- Аз бадаслон чашми вафо мадор.
- Бе андеша дар кор машав.
- Нокарда карда машмор.
- Кори имрузаро ба фардо маяфкан.
- Бо бузургтар аз худ мизоҷ кун.
- Бо мардуми бузург сухан дароз маи.
- Ҳоҷатмандро навмед макун.
- Авомунносро густох масоз.
- Аз ҷанги гузашта ёд макун.
- Хайри касонро ба хайри худ маёмез.
- Моли худро ба дусту душмани худ манамой.
- Хешовандй аз хешовандон мабур.
- Касонро, ки нек бошанд, бо ғайбат ёд макун.
- Ба худ манигар.
- Ҷамоат, ки истода бошанд, ту низ мувофакати ҳама кун.
- Ангуштон ба ҳам магузарон.
- Дар пеши мардум хилоли дандон макун.
- Оби даҳону бинй ба овози баланд маяндоз.
- Дар фоза1 даст бар даҳан неҳ.
- Ба руйи мардум кохилй макаш.
- Ангушт дар бинй макун.
- Сухани ҳазломехта маи.
- Мардро пеши мардум хиҷил макун.
- Ғаммозй[3] [4] ба чашму абру макун.
- Сухани гуфта дигар бор махох,.
- Аз сухане, ки ханда ояд, ҳазар кун.
- Санои худ ва ахли худ пеши кас маи.
- Худро чун занон маёрой.
- Ҳаргиз ба муроди фарзандон мабош.
- Забон нигох, дор.
- Дар вакти сухан даст мачунбон.
- Ҳурмати ҳамагонро пос дор.
- Ба бадомади касон ҳамдастон машав.
- Мурдаро ба бадй ёд макун, ки суд надорад.
- То тавонй, ҷангу хусумат насоз.
- Қувватозмой мабош.
- Озмудаи касро ҷуз ба салох, гумон мабар.
- Нони худро ба суфраи дигарон махур.
- Дар корҳо таъҷил макун.
- Барои дунё худро дар ранч маяфган.
- Ҳар ки худро бишносад, ӯро бишнос.
- Дар ҳолати ғазаб сухан фаҳмида гӯй.
- Ба остин оби бинй пок макун.
- Ба вакти баромадани офтоб махусп.
- Пеши мардум махур.
- Аз бузургон роҳ пеш марав.
- Дар миёни сухани мардум маё пеш.
- Сар ба зону манеҳ.
- Чапу рост манигар, балки назар ба суйи замин бидор.
- Агар тавонй, бар сутури1 бараҳна савор машав.
- Пеши мехмон ба касе хашм макун.
- Меҳмонро кор мафармой.
- Бо девонаву маст сухан маи.
- Бо фориону авбошон бар сари маҳалҳо манишин.
- Бахри суду зиён обруи худ марез.
- Фузул ва мутакаббир мабош.
- Хусумати мардум ба хеш магир.
- Аз чангу фитна бар карон бош.
- Бе корду ангуштарй ва дирам мабош.
- Муроот кун, чандон ки худро хор насозй.
- Фурутан бош.
- Зиндагонй кун ба Худои таоло ба сидк, ба нафс ба кахр, бо халк бо инсоф, ба бузургон ба хидмат, ба хурдон ба шафкат, ба дарвешон ба саховат, ба дустону ёрон ба насиҳат, ба душманон ба хилм, ба чохилон ба хомушй, ба олимон ба тавозуъ, бо ин тарик ба сар бару бар моли касе тамаъ макун ва чун пеш ояд, манъ макун, лекин чун беш ояд, ҷамъ макун ва гуфт: се ҳазор калима дар насиҳат навиштаам. Се калима аз он баргузидаам,1 ду аз он ёд дор ва якеро фаромуш гардон, яъне роҳи Ҳак ва маргро ёд дор ва некй кардй фаромуш кун ва некии касро фаромуш макун ва низ фармудаанд, ки хомушй ҳафт хосият дорад:
[1] Азза ва чалла — азизу бузург.
[2] Муслеҳ — нек, неккирдор.
[3] Фоза — даҳанфозак (даҳанвозак).
[4] Ғаммози — бозй дорондани чашму абрӯ.
[5] Хусумат — фитна, душманй
[6] Салоҳ — хубй.
[7] Таъдил — шитоб.
[8] Сутур — чорпои саворй.
[9] Фузул — сергап, сафсатагӯй.
[10] Мутакаббир — такаббур, мағрур.
[11] Карон — канор.
[12] Муроот — нигахдорй, муомилаи нек.
[13] Тавозуъ — хоксорй,фурӯтанй.