АСОСӢ / ГУНОГУН / Магар амонатҳо махфианд?

Магар амонатҳо махфианд?

Мувофиқи қонунгузориҳои кишварҳои дунё масъалаи махфӣ нигоҳ доштани соҳибони амонат ба танзим дароварда мешавад. Яъне қонунҳои марбута оиди эълон кардани соҳибони амонат иҷозат намедиҳад ва аз бонкҳо талаб мекунад, ки ному насаби амонатдоронро махфӣ ҳамчун сири бонкӣ нигоҳ доранд.

Мутаасифона гарчанде қонун бошад, ҳам вале ҳифзи 100% -а махфӣ нигоҳ доштании ному насаби мизоҷон – амонатгузорон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ риоя намешавад. Хусусан агар маблағҳои калонҳаҷм бошад пас ҳатман зери назорат ва назар меафтад. Дар баъзан ҳолатҳо кормандони бонк оиди ки соҳиби пули калон дар шакли амонатро ба дустону шиносҳояшон ғайрирасман мерасонанд, ки ин низ бар хилофи қонун аст ва бар зарари соҳибони амонат.  Инчунин аз тарафи Бонкҳои марказии кишварҳои дунё ҳатман барои таҳлили маълумотҳо номгӯи шахсони амонатдорро аз бонкҳои ватанашон ҷамъоварӣ мекунанд ва ба паҳн кардани маълумот сабабгор мешаванд.

sekret

Барои ҳамин ҳам дар баъзе ҳолатҳо бо дархости мизоҷон ному насаби онҳо ихтисор карда мешавад ва дар шакли дуҳарфа ё сеҳарфа номгузорӣ мешавад, ки ин имконяит медиҳад, ки то андозае ба махфӣ нигоҳ доштани ному насаби амонатгузор боис гардад. Масалан дар шакли мазкур «Б.О.О» ё «Р.Н.У» ки маънояш метавонад Бобоев Олим Одилович ва ё Расулзода Насиби Умар, бощад.

Инчунин хонед инро

Таквими мохи Рамазон 2023

Рамазон 2023, таквими мохи шариф — Рузи Ид

Тақвими моҳи шарифи Рамазон: Моҳи Шарифи Рамазон соли ҷорӣ шоми 22-уми марти соли 2023 (1444 ҳиҷрӣ-қамарӣ) ки ба …