АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Мағзи сари одам ва ё ҳайвон — Канзи Шифо
Магзи сар

Мағзи сари одам ва ё ҳайвон — Канзи Шифо

Ин майнаи ҳар ҳайвон аст. Мизоҷаш хунук ва тар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: дерҳазм аст, қуввати тарёқӣ дорад. Агар инро бихӯранд, майнаро қувват мебахшад, манӣ пайдо мекунад. Агар онро бимоланд, хушкии майнаро дафъ мекунад; иллати сарсомро, ки варами майна ва пардаҳои он аст, шифо мебахшад, кафидагиҳои пусти баданро сиҳат мекунад. Вале хӯрдани майна ба меъда зарар дорад. Дар ин ҳолат наъноъ, сирко ва ҳамчунин нонхӯришҳои турш бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …