АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ШӮРИШИ МАҲМУДИ ТОРОБӢ

ШӮРИШИ МАҲМУДИ ТОРОБӢ

Аз солҳои 30-юми асри ХIII дар байни аҳолии воҳаҳои зироатӣ ва пешаварони шаҳр ҷунбиши зидди золимони аҷнабӣ ва маҳаллӣ шурӯъ гардид. Ин ҷунбиш махсусан дар Бухоро пурқувват шуд ва дар соли 1238 шӯрише дар ин ҷо ба амал омад, ки бо номи «шӯриши Маҳмуди Торобӣ» машҳур аст.[1]

Бухороро асосан намояндагони аъён ва ашрофи феодалии маҳаллӣ (амирон ва садрҳо), ки дар зулм кардан ба халқ аз хонҳои муғул ақиб намемонданд, идора мекарданд. Бинобар ин, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки аввалин душмани бархӯрдаи шӯришиён ҳукмронони маҳаллии Бухоро буданд.

Роҳбари шӯриш «Маҳмуд» ном яке аз пешаварони элакбофи деҳаи Тороб буд. Вай дар кӯчаҳои Тороб ва деҳаҳои атрофи он нутқҳои ғазабнок эрод карда, оммаро ба муборизаи зидди зулми истилогарон ва тарафдорони онҳо даъват намуд. ҳукмронони Бухоро дар садади дастгир кардани ӯ афтоданд. Пас аз он ки кӯшиши фурӯ нишондани шӯриш натиҷае набахшид, онҳо хостанд, ки Маҳмудро бо фиреб аз Тороб ба Бухоро бурда, дар он ҷо ба қатл расонанд ва, ба ин тариқа, шӯришро бе раҳбар кунанд. Лекин Маҳмуди Торобӣ қасди душманро пешакӣ фаҳмида, хатари таҳдидкунандаро бартараф намуд. Ӯ ба Бухоро танҳо нарафта, бисёре аз пайравонашро бо худ гирифт.

Тарафдорони пуршумори Маҳмуд дар яке аз теппаҳои наздикии шаҳри Бухоро ҷамъ шуданд ва Маҳмуд дар ҳузури иддаи зиёди аҳолии заҳматкаш нутқ эрод намуд ва мардумро ба муборизаи мусаллаҳона даъват кард. Ин нутқи Маҳмуди Торобӣ хеле муваффақият пайдо кард. ҳамаи аҳолии маҳалҳои атроф омада ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Вақте ки Маҳмуд қувваи бузурге ҷамъ намуд, аз рӯҳониён, садрҳо ва дигар намояндагони табақаи ҳоким талаб намуд, ки ӯро халифа хонанд. Намояндагони синфи ҳоким ба вазъияти танг афтоданд: азбаски халқ тамоман ба тарафи шӯришиён гузашта буд, онҳо ба ҷуз қабул кардани талаби Маҳмуд дигар чорае надоштанд. Маҳмуд қасри пешвои қиёми халқӣ — Малик Санҷарро, ки дар соли 1206 сохта шуда буд, иқоматгоҳи худ муқаррар карда, ба иҷрои нақшаҳояш иқдом намуд. Садрҳо ва соири намояндагони табақаи ҳоким аз шаҳр ронда шуданд.

Муаррих Ҷувайнӣ, ки шӯриши Маҳмуди Торобиро аз мавқеи синфии худ бо назари манфӣ тасвир намудааст, дар бораи тадбироти нисбат ба синфҳои ҳоким пеш гирифтаи Маҳмуд чунин менависад: «Вай аксарияти одамони наҷиб ва мӯҳтарамро таҳқир намуд ва қисми дигари ин гурӯҳ гурехта, худро аз ӯ халос карданд».

mahmudi_torobiДар айни замон Ҷувайнӣ маҷбур шудааст эътироф намояд, ки ӯ (Маҳмуди Торобӣ) ба мардуми авом ва дарбадарони бехонумон хайрхоҳӣ мекард… Одамонро ба хонаҳои тавонгарон мефиристод, ки аз он ҷо хайма ва қолин оварда ӯрдугоҳ созанд.

Аз ин суханони Ҷувайнӣ маълум мешавад, ки Маҳмуд барои марҳилаи минбаъдаи мубориза ба тарзи ҷиддӣ тайёрӣ медидааст. Ӯ ба хубӣ медонист, ки «бузургони» Бухоро аз муқовимат даст намекашанд ва онҳо барои баргардонидани ҳокимияти аздастрафтаи худ, албатта, кӯшиш хоҳанд кард.

Садрҳо ва дигар намояндагони табақаи ҳоким дар Кармина қарор гирифта, бо ҳамроҳии қувваҳои мусаллаҳи муғулҳо низ ба ҷанг омода мегардиданд.

Дар наздикии шаҳри Бухоро дар байни шӯришиён ва аскарони муғул муҳорибаи сахте ба амал омад. Қувваи шӯришиён хеле хуб ташкил шуда буд. Онҳо бо шуҷоат ва мардонагӣ меҷангиданд. Маҳмуди Торобӣ шахсан ҳамеша дар миёни корзор буд. Аҳолии деҳаҳои атроф бо каланд ва табар мусаллаҳ шуда, ба кӯмаки шӯришиён омаданд. Ин хеле ғалабаи шӯришиёнро тезтар намуд. Қӯшуни муғулҳо ва феодалони маҳаллӣ шикаст хӯрда, ақиб нишастанд. Шӯришиён онҳоро то Кармина таъқиб намуда, аксарашонро нобуд карданд. Чунон ки Ҷувайнӣ тасдиқ мекунад, дар ин муҳориба 10 ҳазор кас кушта шуд.

Лекин ҷараёни мубориза ба зудӣ тағйир ёфта, шӯриш ба шикаст дучор гардид. Пешво ва ташкилкунандаи он — Маҳмуди Торобӣ дар наздикии Кармина кушта шуд. Дигар аз роҳбарони боистеъдоди шӯришиён, дӯсти Маҳмуд – Шамсиддин Маҳбубӣ низ ҳалок гардид. Шӯришиёне, ки аз сардор маҳрум монда ва аз ҷиҳати яроқ камбудӣ доштанд, чанд рӯз пас аз ин воқеа комилан мағлуб гардиданд. Аҳолии Бухоро ва сокинони атрофи он ба тарзи бераҳмонае қатлу ғорат шуданд.

Ҷувайнӣ дар воқеаномаи худ бо ҳар васила кӯшиш кардааст, ки симои Маҳмуди Торобиро бар хилофи ҳақиқат нишон диҳад. Ӯ Маҳмудро ҳамчун як марди мутаассиби нимдевона тасвир намуда, мегӯяд, ки аз паси вай фақат «мардуми авом ва дарбадар» мерафтанд. Ин суханони душмани синфии шӯриши халқ бори дигар ба исбот мерасонанд, ки ҷунбиши Маҳмуди Торобӣ ҳақиқатан дорои хусусиятҳои халқӣ будааст.

Шӯриши Маҳмуди Торобӣ на фақат ба муқобили ғосибони муғул ва зулми онҳо, балки бар зидди рӯҳониён, тоҷирон ва феодалони маҳаллӣ, ки истилогаронро пуштибонӣ мекарданд, равона гардида буд. Барзгарон ва пешаварон ба ин сабаб аз паси Маҳмуд рафтанд, ки ӯ ба муқобили зулму ҷабри номаҳдуди тавонгарон сар бардошта, тақсим намудани молу мулки онҳоро дар байни фақирон ва бенавоён талаб мекард.

Маҳмуди Торобӣ дар асл, бар хилофи Ҷувайнӣ, ки «одами мутаассиби нимдевона» тасвир мекунад, як марди оқили хеле шуҷоъ буд. Ӯ дар роҳи манфиати халқ аз ҳеҷ душворӣ рӯ намегардонд ва намеҳаросид. Аз ин ҷост, ки Маҳмуди Торобӣ дар таърихи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна мақоми барҷастаеро ишғол намудааст.

[1] Бартольд В.В., 1963 6, с. 545-547; Якубовский А. Ю., 1936, с. 101-135.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …