АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Май дар тиб чигуна табобат мекунад?

Май дар тиб чигуна табобат мекунад?

Май —  Майе, ки аз оби ангур тайёр карда мешаванд, асосан аз 10-12 навъ иборатанд. Барои мувофиқи табъ гаштани шароб ба даруни он чизҳои гуногун дохил мекунанд. Шароберо, ки аз як то ду сол нигоҳ дошта шуда бошад, онро майи атиқ меноманд ва синнаш ба чилсолагӣ расида бошад, шароби қадим мегӯянд. Бо ин ҳама, ки намудҳои он ба 10-12 мерасанд, аз инҳо шаробҳои дигар низ таркиб менамоянд. Дар ин ҳолат миқдори навъи май аз 600 зиёда мешавад.

май

  Май, яъне шароб, ҳангоми нӯшидан ба ақли одам болодаст меояд, яъне ошомандаашро аз ақли солим берун мекунад.

  Мизоҷи щароб вобаста ба ранг, таъм, бӯй, қивом ва хислатҳояш гуногун аст. Масалан, мизоҷи шароби атиқ дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст; қадими он дар севум гарм ва хушк, турши он дар дувум гарм ва тар; майи хушбӯй иборат аз райҳонӣ аст, яъне дар он райҳон андохта бошанд, аз ҷиҳати мизоҷ мӯътадил аст; агар шароб аз шаш моҳ то яксола бошад, дар дараҷаи дувум гарм ва моил ба тарӣ; бемазаи он, ки майи қаҳва меноманд, мартубтарини онҳо мебошад.

  Хислатҳои шифобахши он: майи рақиқ (суюқ) ҳангоми нӯшидан зуд таъсир мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд; шароби ғафс дерҳазм, вале ғизо дар он бисёр аст, ба узвҳои бадан қувват мебахшад ва таъсирнок; майи сурх ва хушбӯй, ки иборат аз райҳонист, барои истеъмол беҳтар аз ҳамаи навъҳои дигари он мебошад; майи бетаъм, яъне қаҳвагиаш барои ҳамаи мизоҷҳо форам аст, лекин иштиҳоро гум мегардонад, боҳро қатъ мекунад, дарди сар меоварад; майи сафед дарунро мулоим мекунад ва заиф мебошад; шароби сиёҳ дерҳазм аст ва дар бадан моддаи савдо пайдо мекунад.

  Шаробе, ки оби ангурро ҷӯшонида, баъд тайёр намуда бошанд, инро майи ҷумҳурйӣ ва майи пухтагӣ меноманд, қивомаш ғафс, баданро гарм мекунад, пазонандаи моддаҳои бегонаи бадан аст, асабро қувват мебахшад ва дарди сар меоварад. Майи ширин вазнинтабъ, ҳамчун ғизо ғолиб; навъи майхуши он, яъне майи туршу ширини он раддӣ мебошад, ҳазмро вайрон мекунад, ба асаб зарар дорад ва ошомиданаш тарсончак мегардонад. Майи талх поккунандаи дарун ва кушояндаи гиреҳҳост. Май, ки асло офтоб нахӯрда бошад ва хумӣ он дар барф ё дар ях нигоҳ дошта шуда бошад, дер ҳазм ва душворҳазм, бадбӯй, пайдокунандаи гиреҳ ва ба табҳои дуру дароз гирифтор мекунад. Шароби кӯҳна ба узвҳо газанд мерасонад, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад; Дар қивом мӯътадили он ҳоли бади баданро ислоҳ мекунад ва агар бисёр об дошта бошад, ба аъзои бадан сустӣ меоварад, ба иллати истисқо гирифтор менамояд, қабзиятнокии он бештар аз ҳама дарунро мебандад, узвҳои даруни синаро дағал мегардонад, меъдаро дибоғат медиҳад ва хумораш шадид аст. Шароби хушбӯй бисёр некӯ, лекин дарди сар оваранда аст. Шароби бадбӯй расонандаи азият аст, бемориҳои кушандаро ба амал меоварад. Шароби дар офтоб расидаро мушаммас меноманд, ки ин тунд вазуд аз меъда гузаранда, фараҳбахш, вале табҳои гармро пайдо мекунад. Шароби вазнин, яъне баланд, дерҳазм, сабуки он, яъне камкайфи он зуд таъсирбахш асг. Шароби қадим ва кӯҳнаи он зуд таъсир мебахшад, ба ҳамаи даҳ ҳисси инсон зарар мекунад, инчунин ба асабҳо низ азиятрасон аст. Шароби нав боднок, дерҳазм ва пайдокунандаи бемориҳои балғамист.

Шароби соф гиреҳҳои баданро мекушояд, пешобро меронад. Шароби нави тира дар хичак санг пайдо мекунад. Дар узвҳо гиреҳҳоро ба амал меоварад.

  Нӯшидани май мавриди ташнагӣ зарарнок аст; хангоми гурусна будани шикам, дар вақти серӣ, газаб, машаккат, ҳаракатҳои сахт, ҳавои бисёр гарм, ба як дафъа бисёр нӯшидан хеле зарарнок аст. Меъёри истеъмоли он моҳе як мартаба, агар бисёр зуд истеъмол карданаш матлуб бошад, ҳафтае як мартаба, ки ин барои истироҳати рӯҳҳо ва қувватҳо мебошад, дар айни хол ин сустиовар ба ҳамаи узвҳо мебошад.

  Азбаски май ба ақл ғолиб аст, нӯшандаашро беҷо далер ва шуҷоъ мегардонад, пас ба корҳои нописанд ва баду раддӣ ҳидоятгар аст.

  Модоме ки май дар бадан ворид гашта ҳаракат ва ҷӯшиши моддаҳои баданро аз эътидол афзун месозад, пас таъсири ғариба, яъне бегонаро дар бадан эҳдос менамояд. Аз ҷумла ба се рӯҳ ва қувватҳо, ки инҳо дар дил, майна ва ҷигар макон доранд, ба феъли ҳар сеи ин узв гаронӣ меоварад, дигаре ба узвҳои таносул, ки гурда, хоя ва закар, бачадон мебошанд, манфӣ таъсир бахшида, феъли онҳоро ғайритабиӣ, яъне ғайримодарзодӣ мегардонад. Май ҳамчун чизҳои дигари мускир (кайфовар) бинобар ба ҷӯш овардани моддаҳои бадан, наслро месӯзонад, яъне фарзанди майпараст ё ноқобил, ё фиребгар, ё дузд, ё танбал, ё кундзеҳн, ё маъюб, хуллас, бо нуқсоне ба дунё меояд.

  Як хислати оддии занҳои солимақлро таъқид кардан кифоя аст, ки ба ҳамин гуна зани бешавҳар барои хостгорӣ раванд, вай аз ҳама пеш пурсон мешавад:  -Шароб менӯшад?

  Агар майнӯш бошад, ба хостгор ҷавоби манфӣ медиҳад.

  Ба ҳамин як суол кӣ ҷавоби мусбат дода метавонад. Оё ягон нафар майнӯш ёфта мешуда бошад, ки ақли баркамол дошта бошад?

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …