АСОСӢ / ГУНОГУН / Мактуб ба Раиси шахри Душанбе

Мактуб ба Раиси шахри Душанбе

Ба Муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Қурбонзода А. Ф.

аз номи Шарифа Шарипова-

маъюби гуруҳи 2-юм – истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 105, утоқи №40.

Тел: (+992) *** ****

            Муҳтарам Қурбонзода Амирхони Файзулло,

Пеш аз ҳама барои фаъолияти касбии пурмасълуи Шумо комёбиҳои нав ба навро орзу намуда ҳамзамон омадани Наврӯзи аҷамро ба кулли маъмурияти Ҳукумати шаҳри Душанбе муборакбод мегуям.

Бо мактуби мазкур ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонам, ки ман 24-сол инҷониб маъюби гуруҳи 2-юм буда ҳамчун нафақагир дар ш. Душанбе зиндагӣ менамоям ва қобилияти пардотпазирии баландро надорам.

Солҳои шӯъравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳайси мураббӣ ва баъдан дар дигар вазифаҳо фаъолияти меҳнатӣ намудаам вале алҳол тавоноии кофӣ надорам, ки ба ин ё он кор машғул шуда даромади кофӣ ба даст орам. Солҳои тӯлонӣ ҳамчун маъюб дар оила боиси сарбории зиёд шуда боиси боздошт шудани рушди буҷаи оилавӣ гардидаам, ки ин омил низ матлаби муроҷиат аст.

Бо мақсади нигоҳ доштани вазъи тандурустии худ тасмим гирифтаам, ки пайваста ба Қасри тенис ва маҷмаи варзишии обӣ воқеъ дар маҳалаи Лучоби ш. Душанбе рафта аз хизматрасониҳои он бо қадри имкон, истифода барам.

Бинобар сабабҳои дар боло гуфташуда аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷиҳати ройгон ё имтиёзнок истифода бурдани хизматрасониҳои Қасри тенис ва маҷмаи варзишии обӣ, дар доираи имконот, мусоидат намоед.

Бо камоли эҳтиром,

Шарифа Шарипова                                                                              10.03.2021с.

Назди admin

Инчунин хонед инро

hasani_arobakash

Ҳасани аробакаш — Достони Турсунзода

Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ, Хари худро каш аз даруни лой! Бо чунин дӯғу валвала омад Ҳасани …