Соли 1747, аз кушта шудани Нодиршоҳ дере нагузашта, Муҳаммадраҳимбӣ Абулфайзхонро бо ду писараш ба қатл расонид ва бо ҳимояти табақаи ашроф ва рӯҳонӣ ба тахти хонии Бухоро нишаста, дар соли 1753 ба силсилаи Манғития асос гузошт.
Ӯ барои пурқувват кардани ҳукумати хонӣ дар навбати аввал бар зидди ҳаракатҳои худсаронаи сардорони қабилаҳои бодиянишини ӯзбек мубориза бурд ва мухолифати феодалони маҳаллиро нисбат ба ҳокимияти марказӣ то дараҷае барҳам дод. Ба ҳар як вилояти тобеи худ ҳоким таъин кард. Аксар вақт гуфтушунидҳои дипломатие, ки дар ин бобат бо болонишинони аз тобеияти ҳукумати марказӣ сар кашидаи қабилаҳо ба амал меомаданд, натиҷае намебахшиданд. Ба ин сабаб вилояти ҳисор бо зӯрӣ тобеъ карда шуд: Муҳаммадраҳимхон ба ҳисор ду дафъа (солҳои 1756– 1757) лашкар кашид. Дар воқеоти он давра Қубодиён, ки он ҷо ҳокими пешина ҳукмронӣ мекард, ҳамчунин деҳаи Душанбе (қалъаи Душанбе ба муносибати воқеаҳои ибтидои асри ХVIII низ ёд мешавад) роли муҳим бозиданд.
Дар ҳисор истеҳкомоти нав сохта, истеҳкомоти пешина дубора ба кор андохта шуданд. Чун ҳисор ва вилоятҳои атрофи он барои давлати хонӣ аҳамияти калон доштанд ва феодалони ин маҳалҳоро табиати саркаше буд, Муҳаммадраҳимхон амаки худ — Дониёлбиро ҳокими ҳисор ва вилоятҳои кӯҳистон таъин намуд. Самарқандро забт карда, ҳокимияти онро ба бародари худ супурд. Дар Шаҳрисабз, Тошканд ва дигар вилоятҳо низ одамони худро ба сари кор овард. Фақат Ӯротеппа, ки дар нимаи дувуми асри ХVIII ба ҳайъати он шаҳрҳои Хуҷанд, Ҷиззах, қалъаҳои Зомин, Ём ва ғ. дохил мешуданд, ҳамчун мулки мустақил боқӣ монд.[1]
Дар аҳди ҳукмронии Муҳаммадраҳимхон дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай бисёр воҳаҳои зироатӣ ба майдони муҳориба мубаддал гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зарарҳои зиёде расонида шуд. Соли 1756 ӯ худро хон эълон намуд.
Баъд аз марги Муҳаммадраҳимхон дар соли 1758 амаки ӯ — Дониёлбӣ атолиқ (1758–1785) ҳукуматро ба дасти худ гирифт. Лекин вай лақаби хониро қабул накарда, исман Абулғозӣ ном набераи Абулфайзхонро ба тахт нишонид ва худаш маъмури вазифаи атолиқӣ гардид. Дониёлбӣ бештар ба қувваи ҳарбӣ такя мекард ва барои таъмини он чизеро дареғ намедошт. Ин буд, ки дар аҳди ӯ ҳамаи сарлашкарони ашрофии қабилаҳои манғит заминҳои зиёдеро ба тариқи танхоҳ соҳиб шуда, барои ҳар чӣ бисёртар фоида ситонидан аз ин заминҳо саъй мекарданд. Дониёлбӣ аз рӯҳониён ва шайхони дарвешӣ низ ҳимоят ва пуштибонӣ медид.
Чи навъе ки адиб ва олими маъруфи тоҷик дар асри ХIХ Аҳмад Махдуми Дониш қайд мекунад, дар аҳди Дониёлбӣ хеле андозҳои нав, монанди аминона, никоҳона, мӯҳрона, ҳаққи тарозу ва амсоли инҳо ҷорӣ карда шуд. Ҳамаи инҳо сабабгори боз ҳам бештар ба табоҳӣ рӯ овардани вазъи зиндагии табақаҳои меҳнаткаши аҳолӣ мегардиданд ва, ба қавли Аҳмади Дониш, «фуқаро ва раоёро маҷоли ҳаракат ва сукун набуда аз фарти зулму заҷр ва олуҳу солуқ, мисли аминона, вакилона, арзонии никоҳ ва қиматии никоҳона. Масалан, мӯҳри муаҷҷал даҳ дирам, никоҳонаи қозӣ даҳ динор, як ман гандум даҳ танга, ҳаққумизон понздаҳ танга ва ғайра.[2]
Худкомии аъёну ашроф ва табоҳии ҳоли мазлумон, алалхусус, дар ибтидои ҳукмронии Дониёлбӣ зиёдтар гардид. Аҳолии меҳнаткаш дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар Бухоро, борҳо шӯриш намуд. ҳукмрони куҳансол дигар аз ӯҳдаи ба сари итоат овардани вассалҳои саркаш ва фурӯ нишондани шӯру ошӯбҳои мардум баромада наметавонист.
Қувват гирифтани парокандагии феодалӣ, беш аз ҳама, дар тангшавии ҳудуди давлати хонӣ зоҳир мегардид.
Балх истиқлолият ба даст овард. Фарғона дар охирҳои асри ХVII ниммустақил шуда, баъдтар дар ин ҷо хонии мустақили Хӯқанд ба вуҷуд омад, ки дар сари он намояндагони қабилаи ӯзбеки минг қарор гирифтанд. Ташаккули хонии Хӯқанд дар миёна ва нимаи дувуми асри ХVIII, дар замони ҳукмронии Эрдонабӣ ва Норбӯта ба анҷом мерасад. Давлати хонии Хева дар асри ХVIII давраи хеле сахти ҷангу ҷидолҳои байнихудиро аз сар мегузаронд, ба замми ин дар солҳои 60-ум саросари онро гуруснагӣ ва вабо фаро гирифт. Дар Хева қариб одам намонд. Андаке ба ифоқа омадани тартибу низоми ин хонӣ бо фаъолияти ҳукмрони он — Муҳаммадамин алоқаманд аст. Муҳаммадамин аслан аз қабилаи ӯзбеки қунғрот буда, ба сулолаи Қунғротҳо, ки то соли 1920 давлати хониро идора кардаанд, асос гузоштааст.
Мулкҳои кӯҳистоние, ки дар сарзамини кунунии Тоҷикистон, аксаран дар навоҳии ҳисору Кӯлоб воқеъ гардида буданд, аз давраи салтанати Ҷониён дар амал ҳамчун мулкҳои ниммустақил боқӣ монда, аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ идора мешуданд. Мулки Ӯротеппа ҳам, ки саргаҳи Зарафшон – аз Панҷакент то Мастчоҳ ҳамоно дар ҳайъати он буд, истиқлолияти худро нигаҳ медошт.
[1] Мухторов А., 1964, с. 18–19.
[2] Аҳмад Махдуми Дониш, 1960, с. 13; Аҳмади Дониш, 1967, с. 27.