Масҷиди калонтарини шаҳри Душанбе яке аз мачитони калонтарини дунё ва аз ҳама бузургтарин дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад ва он дар масоҳати 12-гектар замин сохта шудааст. Оғози сохтмон моҳи октябри соли 2009 ба ҳисоб рафта давоми 10-сол идома ёфт ва анҷомаш моҳи октябри соли 2019 аст.
Ин Мачит барои 120 ҳазор нафар намозгузорон дар як вақт имконияти адо кардани ибодатро соҳиб аст. Мардум метавонанд дар назди бинои масҷид мошинҳои худро дар тавофуқгоҳ гузоранд ки он ҷо дар як вақт 4000 мошин метавонанд истанд.
Бинои масҷид дорои 4 манораи баландиаш 75 метр дорад. Дар дохили масҷид ҷой барои таҳорат, китобхонӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, утоқҳои маъмурӣ ва ғайра ҳастанд.
Иморати масҷиди калони шаҳри Душанбе бо маблағгузории кишвари Қатар (70%) ва Тоҷикистон (30%) дар маҷму а маблағи 100 млн. доллар сохта шудааст.
Суроғари масҷиди калон:
Ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Маҳалаи Меҳробод (собиқ Каленин)
Кучаи Карамова, назди мактаби 68.