АСОСӢ / ГУНОГУН / МАСЪУДИ САЪДИ САЛМОН

МАСЪУДИ САЪДИ САЛМОН

Масъуд дар Лоҳур, дар хонаводаи дафтардори дарбори Маҷдуд ибни Масъуди Ғазнавӣ ба дунё омад. Падараш Саъди Салмони Ҳамадонӣ марди фозиле буд. Иқтисоду сиёсати давлатдории аҳди Ғазнавиёнро хуб медонист, гоҳ-гоҳе шеър ҳам менавишт. Писараш-Масъудро, ки ҳамноми фарзанди нахустини Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буд, хеле хуб тарбия дод, илму адаб омўзонд. Масъуд аввал дар Лоҳур, баъд дар Ғазна таҳсил кард. Бар иловаи забони модариаш форсӣ- тоҷикӣ, забони ҳиндӣ ва арабиро хеле хуб ёд гирифт, аспсаворӣ, тирандозӣ, чавгонбозӣ, мусиқӣ ва адабро омўхт.

sadi-salmonТуфайли заковати аслӣ, илму дониш ва одоби некаш дардоираҳои дарбори Ғазнавиён мисли падараш ному шўҳрати хосае пайдо кард. Ҳамин буд, ки вақте Султон Иброҳими Ғазнавӣ (ҳукмрониаш солҳои 1059-1099) соли 1076/77 ҳокимияти Ҳиндустонро ба писараш — Сайфуддавла Маҳмуд супорид, Масъуди Саъдро дар рикоби ў гузошт.

Туфайли шиносоии собиқа Сайфуддавла ўро ба хидмати дарбор пазируфт. Дар андак муддат Масъуд дар дарбор обрўю эътибори хосаеро соҳиб шуд, яке аз шахсиятҳои наздики султон гардид. Дар доираҳои адабии Лоҳур ва Ҳиндустону Ғазна чун шоири хуштабъи қасидасаро шинохта шуд ва амволу давлати назаррасе насибаш гашт.

Ҳамаи ин ба солҳое рост меоянд, ки дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон қабилаи дигари турк — Салҷуқиён нуфуз пайдо карда, таъсири онҳо ба давлати Ғазнавиён рўз ба рўз меафзуд. Ҳатто баъзе амирону вазирони ғазнавӣ нисбати Салҷуқиён ошкору ниҳонӣ ҳусни таваҷҷўҳ доштанд. Азҷумла, ҳукмрони Ҳиндустон- Сайфуддавла Маҳмуд ҳам. Ин асрор ба падараш — султон Иброҳими Ғазнавӣ ошкор шуду вай соли 1086/7 фарзанди ҷигарбандашро ба хиёнаткорӣ муттаҳам дониста, дар як шаб дасту по баста бо чанде аз муқаррабонаш ба зиндон партофт. Масъуди Саъди Салмон ҳам ба носипосӣ бадном шуда зиндонӣ гардид.

Баъди даҳ соли рўзгори бисёр хуши щоҳоназиндагии талху заҳрогини даҳсолаи Масъуди Саъдии Салмон дар зиндони қалъаҳои Су, Даҳак, Ной шурўъ шуд:

Ҳафт солам бикуфт Суву Даҳак,

Пас аз онам се сол қалъаи Ной.

Аз боиси ноҳақ, бо тўҳмат ба зиндон афтоданаш нолаю фиғони Масъуди Саъд ба фалак печида бошад ҳам, ба унвони Султон Иброҳим ва наздикони ў даҳҳо мадҳияҳо, қасидаҳо, шикоятномаҳо навишта бошад ҳам, касе ба додаш нарасид.

Масъуди Саъд то рўзи охири зиндонӣ буданаш ба ин амри ноҳақи рўзгор тан надод. Қаламаш аз навиштан боз наистод. Мавзўи марказии ашъори зиндонии ў шикоят аз нобасомониҳои замон, ҷабру зулми тудаи ҳокимон ба сари ом-

маи бенаво, лаззату кайфияти озодӣ ба ҳар қимате, ки бошад, маҳрумият аз дидори ёрону пайвандон будааст. Дар ин ҳангом ў аслан қасида менавишт, шоҳу амирону дарбориёнро месутуд, то қулфи дилашон кушода шаваду ўро аз зиндон раҳо кунанд. Вале ку дидаи ҳақбин?

Эҷодиёти зиндонии ў дар анвоъи қасидаву ғазалу рубоию маснавию мустазод ва ғайра ба унвони “Ҳабсиёт” дар адабиёт маълум аст. Дар таърихи адабиёти тоҷик шоирони зиндонӣ чанде буданд ва он ҷо асарҳо эҷод кардаанд. Вале ҳеҷ кадоме чун Масъуди Саъди Салмон ин қадар тўлонӣ ва такрор ба такрор сокини зиндон набуд ва ин қадар бисёр шеъри зиндонӣ нагуфт. Умуман, девони мукаммали МасъудиСаъди Салмон 15500 байт дорад, ки бештараш дар зиндон суруда шудааст.

Султон Иброҳими Ғазнавӣ ду сол пеш аз вафоташ (соли 1096) ба хотири дўсташ — Абулқосими Хос, ки марди фозил, шоир ва дўсти Масъуди Саъд буд, Масъуди Саъди Салмонро аз ҳабс озод кард. Вақте Масъуд ибни Иброҳим (солҳои 1099-1115) ба ҷои падараш ба тахти шоҳӣ нишаст, ў писараш — Шерзодро ҳокими Ҳиндустон ва марди фозилу сиёсатмадори доно — Абўнасри Порсиро пешкору сипаҳсолори ў таъин кард. Абўнаср яке аз дўстони наздики Масъуди Саъди Салмон буд. Кори Масъуди Саъд боз омад кард. Туфайли хайрхоҳии Абўнаср Масъуди Саъд ҳокими вилояти тозафатҳшудаи Ҳиндустон — Чоландар таъин гардид. Дере нагузашта Абўнасри Порсӣ аз вазифа барканору Масъуди Саъди Салмон бори дуюм ба муддати 9 сол дар қалъаи Маранҷ зиндонӣ шуд. Масъуди Саъд дар қасидаи “Шикоят аз сиояти Абулфараҷ” мегўяд:

Мар туро ҳеҷ боке н-омад аз он-к

Нуздаҳ сол будаам бандӣ.

Бояд гуфт, ки беҳтарин солҳои умри азизи шоир, яъне солҳои аз 40 то 60 дар зиндонҳо сипарӣ гардид. Аммо ў ноумед нашуд, ҳар чи ки як инсон дар ин солҳо барои инсонҳои дигар кори хайре бояд бикунад, кард.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …