АСОСӢ / ГУНОГУН / Матинҷ дар Канзи Шифо

Матинҷ дар Канзи Шифо

Матинҷ (ба русс. щирица) —  Ин гиёҳ дар ҷоҳои шудгорнокарда мерӯяд. Поя ва пушти барги як қисми ин сурх ва поя за барги баъзеаш сабзи кабудтоб аст. Баргаш ба барги зардолу мемонад, вале каме майдатар аз он аст. Тухмаш монанди тухми бӯстонафрӯз (тоҷи хурӯс) мебошад. Ин гиёҳ хеле сертухм аст, бӯй ва таъмаш кам шамида мешавад.

 МатринчМизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, ба бадан об медавонад, ҳамчун ғизо камқувват; ҳарорати бегонаро хомӯш мекунад, моддаҳои солим дар бадан ҳосил менамояд.

 Агар инро бо оби анор ва равғани бодоми талх бипазанду бихӯранд, ташнагиро мешиканад ва сурфаи гармро дафъ мекунад.

  Усораи он, яъне оби гиёҳи тарашро дар офтоб ғафс гардонида, бо равғани гули сурх сиришта, ба сар бимоланд, дарди сареро, ки аз таъсири офтоб ҳодис гашта бошад, сиҳат мебахшад.

  Гиёҳи инро батанҳоӣ кӯфта гузошта банданд, барои иллати кӯтур, хориши бадан, варамҳои гарм ва озахҳо даво мешавад; инчунин захмҳои ботинӣ ва решҳоеро, ки рутубаташон ба асал мемонад, шифо мебахшад.

  Агар инро бихӯранд, фишори баланд ва ҷӯшиши хунро таскин медиҳад ва паст мекунад,

  Вале хӯрдани ин дерҳазм ва барои одамони хунукмизоҷ зарарнок аст, боҳро қатъ мекунад. Дар ҳолати зиён карданаш чизҳои ҳазмоварро, ки мизоҷи гарм дошта бошанд, бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Аммо барои одамони гарммизоҷ фоидабахш аст, сурфа ва ташнагиро, ки аз гармй бошанд, таскин медиҳад, хусусан ҷӯшонида, пухтаи онро бо равғани бодоми ширин, оби анори ширин ва кашнизи тар ё хушк бихӯранд, фоидааш зудтар ва афзунтар зоҳир мегардад.

  Агар обашро ба сар бимоланд, дарди сареро, ки аз таъсири офтоб ба ҳам расида бошад, сиҳат мекунад.

  Мизоҷи тухмаш низ сард ва хушк аст.

  Агар инро бихӯранд, барои бемориҳои аз гармӣ ва гарммизоҷ даво мебошад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад.

  Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» навиштааст, ки агар решаи инро бо об соида, ба иллати ришта бимоланд, нафъ мебахшад.

  Хӯрдани ин гиёҳ ба гурда зарар дорад, дар ин ҳолат шакар бихӯранд, кифоя аст, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки ин то 15 грамм аст.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …