АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Мавиз ва фоидаи у!

Мавиз ва фоидаи у!

Мавиз —  ин ангури хушконида мебошад, ки мавизи ангур гуфтан ҳам равост. Бехтарини мавизҳо пургӯшти камдона ва ширини онҳост. Бадтаринаш хушки камшираи пуртухми он мебошад.

  Мизоҷаш вобаста ба навъи ангураш гуногун мебошад, масалан, агар аз ангури сафед тайёр карда бошанд, гармии мизоҷаш камтар назар ба сиёҳи он ва дар ширинаш гармӣ зиёдтар аст. Мӯътадилтарини ҳамаи онҳо сафед ва баъд аз он сурх ва баъди он сиёҳи он аст. Мизоҷи хушки камгӯшти пуртухми он моил ба хушкӣ мебошад. Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст.

Мавиз

  Хислатҳои шифобахши он: мавизро бихӯранд, хилти тафсро пазонида, барои дафъ шудан тайёр мекунад, дарунро мулоим месозад, чизҳои сахти дохили баданро дар ҳадди эътидол таҳлил медиҳад, меъда ва рӯдаҳоро аз чизҳои бегона пок мегардонад, ба давоҳои исҳоловар кӯмак мерасонад, барои қасабаи шуш, яъне ба роҳи нафас форам ва мувофиқ аст; ҷигарро қувват медиҳад, дар одамони сардмизоҷ боҳро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ мекунад; барои сурфаи балғамӣ, бемориҳои гурда ва хичак даво мешавад, инчунин захми рӯдаҳоро шифо мебахшад.

  Агар мавизро бо гули говзабон ва хурмои сабз бихӯранд, дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад; инро бо сирко бардавом бихӯранд, зардпарвинро дафъ мекунад. Агар ба ҷойи тухмаш дар ҳар мавиз як дона мурч ҷо карда, ба хӯрдани он мудовамат намоянд, барои сардии гурда ва чакмезак дармон мешавад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

  Чун мавизро бо арпабодиён бипазанд, то он ки муҳарро гардад, баъд соф карда, бо равгани бодоми ширин бихӯранд, сурфаи тари аз хунукӣ баамаломадаро шифо мебахшад. Мавизро як шабонарӯз дар об тар карда ё онро дар об ҷӯшонида, он обро бо барги пухтаи шилха (қав) бихӯранд, дарунро мулоим мекунад.

  Агар мавизро як шабонарӯз дар сиркои ангурӣ тар карда, баъд ба дили наҳор бихӯранд, варами сипурзро тахдшл медиҳад ва ҳар рӯз чанд дона аз он мавиз хӯрда, аз болояш аз он сирко ҳам камтар бинӯшанд, давои аҷибест.

  Чун мавизро бо мурч ва орди арзан бирён карда, бо асал бихӯранд, балғамро ба воситаи даҳан берун мекунад.

  Мавизро бо равғани ҳайвонот кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мекафонад; нохуни беҷо баромадаро меафтонад. Кӯфтаи мавизро бо шароб хамир сохта, ба ғонағароё (гангрена), реши шахдия (реши рутубаташ асалмонанд), нағзак (гулак), бадбӯйии буғумҳо, ҷӯшишҳои бадан ва саратонҳо гузошта банданд, шифо мебахшад. Мавизро бо орди боқило ва зира кӯфта гузошта банданд, варами хояҳоро тахдил медиҳад.

  Хӯрдани мавиз ба одамони гарммизоҷ зарар дорад — дар ин ҳолат сиканҷабин бихӯранд ё оби меваҳои турш бимаканд, ислоҳи зиён менамояд. Ба гурда ҳам зиён мерасонад — дар ин маврид челон бояд бихӯранд.

  Миқдори як бор хӯрдан аз мавиз дар як рӯз то 100 грамм аст. Ба ҷойи мавиз кишишро истеъмол намоянд, комилан раво мебошад.

  Мизоҷи тухми ангур дар дараҷаи якум хунук ва дар дувум хушк аст. Агар инро бихӯранд, дарунро мебандад, меъдаи тармизоҷ ва рӯдаҳоро қувват мебахшад.

  Мавизи камшираю камгӯшт дарунро мебандад ва шикамро қувват мебахшад, вале хунро месӯзонад. Дар ин гуна зарарҳояш тухми чилмангӯштак (семизут) бояд бихӯранд, то ки зиёнашро ба ислоҳ оварад. Ба гурда агар зарар кунад, челон бояд хӯрд.

  Мавизи бетухмро, ки кишмиш меноманд, беҳтаринаш сабзранги он аст ва носаран он сиёҳаш мебошад. Кишмиш нозуктар аз мавиз аст, ғизо дар он бисёр мебошад. Агар инро бихӯранд, куввати боҳ мебахшад.

  Оберо, ки дар он кишмиш як шабонарӯз тар карда ё кишмиш дар он ҷӯшонида шуда бошад, бо қанди сафед қивом карда бихӯранд, сурфаро шифо мебахшад, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок мекунад, овозро соф мегардонад.

  Агар инро бо заъфарон ва зардии тухми мурғ кӯфта гузошта банданд, пучакро мекафонад ва сахтиҳоро таҳлил медиҳад — дар ин бобат давои беҳамто мебошад.

  Агар кишмишро бо сабир кӯфта, ба сар бимоланд, качалиро (каляраро) шифо мебахшад. Дар дигар бобат хислати мавизи аз тухм чудо кардашударо дорад.

   Инро ҳам бисёр бихӯранд, хунро месӯзонад. Дар ҳолати зиён карданаш сиканҷабин бихӯранд ва ё оби меваҳои турш бимаканд, ислоҳи зарар менамояд.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …