Дар ҳудуди асрҳои V–VI дар Эрони Кайқубодшоҳ (солҳои 488–531) бар зидди муносибатҳои феодалӣ, ки нав ташаккул меёфт, баромадҳои тавонои оммаи халқ ба вуқӯъ омад.[1] Ба ин неҳзат шахсе сардорӣ мекард, ки дар таърих бо номи Маздак[2] машҳур аст. Мисли тамоми дигар неҳзатҳои халқии он давра эътирози аҳли ҷамоат зидди зулму истибдод ба худ шакли диниро гирифт. Асосгузори ин неҳзати динӣ Зардушт ибни Хурроӣ ном шахсе буд. Баъзеҳо санаи ҳаёти ӯро ба охири асри III ва аввали асри IV нисбат медиҳанд, вале санаи ба ҳақиқат наздиктари санаи ҳаёти вай бояд нимаи дувуми асри V бошад. Аз номи ин одам таълимоти динӣ ҳам ба худ номи «зардуштакан»-ро гирифт. Маздак шогирд ва пайрави ин одам буд.[3]
Маздак ташвиқ мекард, ки ҳама одамон ҳуқуқи баробар доранд ва нобаробариро барҳам додан лозим, замину сарвати бойҳоро кашида гирифтан даркор. Ба қавли Табарӣ, ки ба тарҷумаи солномаҳои давраҳои забони миёнаи форсӣ такя мекунад, Маздак ва пайравони вай тарғиб мекардаанд, ки худо «неъмати оламро барои ҳамин офарид, ки мардум онро байни худ аз рӯи инсоф тақсим кунанд, вале мардум дар ин кор ноинсофӣ карданд». Пайравони Маздак мегӯянд, ки онҳо моли дороро кашида мегиранду ба нодор медиҳанд, зеро агар касеро бештар зану пулу мол бошад, ин чунин маъно надорад, ки фақат вай ба ҳамаи он чизҳо ҳақ дорад.[4] Ё худ, чи тавре муаррихи араб менависад, Маздак таълим медод, ки «Молу мулки бойҳоро кашида гирифта, ба камбағалон додан даркор, то ин ки молу мулки онҳо баробар шавад».[5]
Одамкушӣ ва ҳатто куштани чорво, ба ақидаи маздакиён, гуноҳи азим аст. Мувофиқи таълимоти Маздак, фақат дар роҳи ғалабаи некӣ ва дар муборизаи зидди бадӣ одамкушӣ ва хунрезӣ раво аст. Талаби одилона тақсим кардани неъматҳои моддӣ ва талаби барҳам додани нобаробарӣ мусоидат намуд, ки таълимоти Маздак, пеш аз ҳама, дар байни зироаткорони ҷамоат паҳн шавад.
Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» аз номи Маздак гуфтааст:
ҳамегуфт: ҳар к-ӯ тавонгар бувад,
Тиҳидаст бо ӯ баробар бувад.
Набояд, ки бошад касе барфузуд,
Тавонгар бувад тору дарвеш пуд.
Ҷаҳон рост бояд, ки бошад ба чиз,
Фузунӣ ҳаром асту нохуб низ.[6]
Тарғиби Маздак муваффақияти азим пайдо кард. Ба қавли Табарӣ, мардуми авом аз ин фурсат истифода карда, ба Маздак ва пайравонаш ҳамроҳ шуд ва бо онҳо ваҳдат намуд. Ба қавли Берунӣ, «мардуми мутааддид пайрави ӯ шуданд»[7].
Неҳзати маздакиён дар пойтахти Эрон боиси он шуд, ки издиҳоми гушнагон анборҳои ғаллаи ашрофу бойҳоро тороҷ карданд. Дар як муддати кӯтоҳ шӯриш саросари мамлакатро фаро гирифт. Маздак молу мулки бойҳоро кашида мегирифту дар байни камбағалон тақсим мекард. Бисёр заминдорони калони Эрон кушта шуданд; бисёрии онҳо ба мамлакатҳои ҳамсоя гурехтанд.
Кайқубодшоҳ аз ҷони худ тарсида ва бо роҳи суст кардани мавқеи ҳокимони маҳаллӣ ва намояндагони калонтарини аъёну ашроф ҳокимияти марказиро пурқувват карданӣ шуда, худро пайрави таълимоти Маздак эълон намуд. Сабаби ин кирдори Кайқубодшоҳро муаррихон ҳар хел шарҳ медиҳанд. А.Гутшмид ва Т.Нёлдеке дар асоси ишорати бевоситаи муаррихони асри миёна чунин ақидаро пеш ниҳоданд: Кайқубодшоҳ барои ҳамин зидди неҳзати маздакиён набаромад, ки умед дошт, онро ба роҳи барояш фоиданок равона мекунад, яъне дар муборизаи зидди аъёну ашроф ва рӯҳониён, ки бо онҳо якҷоя буданд, воситае пайдо кунанд.[8] Аксарияти олимони имрӯза чунин ақида доранд.[9] Аммо А.Кристенсен баръакс, чунин мешуморад, ки Кайқубодшоҳ аз таҳи дил ба маздакиён ҳамроҳ шуда, пайрави собитқадами онҳо гардид. Ба фикри аксари олимони советӣ гапи А. Кристенсен дуруст не. Сабаби ин кирдори Кайқубодшоҳ ғаразу тамаъи сиёсӣ буд, на ҳусни таваҷҷӯҳ нисбат ба маздакиён ва на хайрхоҳӣ нисбат ба маздакиён ва на хайрхоҳӣ нисбат ба халқ.[10]
Аъёну ашроф Кайқубодро аз тахт фуроварда, ба зиндон андохтанд (соли 496) ва ба тахт бародари ӯро шинонданд, ки мақсаду мароми аъёну ашрофро ба амал барорад. Вале ба Кайқубод муяссар шуд, ки аз зиндон гурезад ва зимнан аз зиндон гурехта, рост ба назди ҳайтолиён рафт, зеро подшоҳи ҳайтолиён почои Кайқубодшоҳ буд. Қайқубод ба назди почояш рафта, хоҳари ӯро ба занӣ гирифт. Яшу Стилат ин воқеаро чунин ба қалам додааст: «Кайқубодшоҳ домоди подшоҳ шуда, хеле қомат афрохту ҳар рӯз ба зорию тавалло даромад, ки ба вай лашкар диҳад, то ки рафта аъёну ашрофро аз дами теғ гузаронад ва боз соҳиби мамлакати худ шавад. Ва падарарӯсаш лашкари сершуморе ба вай дод ва Кайқубодшоҳ бо ин лашкар ба сарҳади Эрон расида буд, ки бародараш инро шунида гурехт ва Кайқубодшоҳ ба мурод расид ва ашрофро қир кард».[11] Хуллас, соли 499 Кайқубодшоҳи I бо ёрии лашкари ҳайтолиён боз ҷулус мекунад ва ба ҳамон қисми аъёну ашроф, ки зидди вай буданд, ҷазои сахт медиҳад.
Баъди бо ёрии ҳайтолиён боз ба тахт нишастани Кайқубодшоҳ муносибати вай ба маздакиён тадриҷан дигар шудан гирифт, вай аввал ниҳонӣ, баъд рӯйрост пайравони Маздакро чунон таъқиб кардан гирифт, ки гӯё онҳо душмани қаттоли вай бошанд. Дар солҳои 528 ва 529 Кайқубодшоҳ бо роҳи фиребу қаллобӣ аввал Маздак, баъд роҳбарони неҳзатро ба қатл расонд. Дар саросари мамлакат куштори ваҳшиёнаи маздакиён сар шуд.
Муҳимтарин сабаби шикасти маздакия ҳамин, ки он зидди муносибатҳои феодалӣ буд, ки дар ҳамон давра зинаи лозимаи тараққиёт ҳисоб мешуд, аммо шиори маздакиён, ки барқарор намудани баробарии ҷамоатиро талаб мекард, дар ҳамон шароит бозгашт ба қафо буд, бозгашт ба он шаклҳои сохти ҷамоативу авлодӣ буд, ки кайҳо аз дарун гандида, ҳаққи вуҷудро гум карда буд.
Вале шӯриши Маздак ба таври объективона хусусияти прогрессивӣ дошт, зеро халқро ба муборизаи зидди зулму истисмор бархезонд. Таълимоти Маздак ба табақаҳои нодори ҷамъият таъсири бузург расонд ва саросари Осиёи Миёна, ки дар ин ҷо ҳам ташаккули муносибатҳои феодалӣ оғоз ёфта буд, паҳн шуд.
Аз шикасти неҳзати Маздак дере нагузашта, писари Кайқубодшоҳ Хисрави Анӯшервон (солҳои 531-579), ки душмани ашаддии Маздаку маздакиён буд, дар Эрон чанд ислоҳот гузаронду бо ҳамин муносибатҳои феодалиро хеле мустаҳкам кард.
[1] Тадrиrоти муфассалтарини маъхазшиносӣ: (Christӯnsӯn А., 1925. Дар китоби олиҷаноби шарrшиноси Чехословакия О. Клима (Klima O., 1957) маъхазҳо ниҳоят даrиrона таҳлил шудаанд, баъзе дидҳо аз дигар тавзеҳу таъвил ёфтаанд ва рӯйхати муфассали адабиёти мавҷуда зикр гардидааст. Аз ҷумлаи тадrиrоти олимони советӣ муҳимтаринаш асарҳои Пигулевская Н.В. (1948, 1956). Очерки ниҳоят муфиду мухтасар: Дяконов М.М., 1961, с. 303-309, 410-412.
[2] Алтхайм ва Р. Штил исбот мекунанд, ки Маздак аз Хоразм ва ё худ аз ягон мамлакати ба он ҳамсоя аст (Althӯim U. und Stӯihl R., 1953) вале О.Клима (Klima О., 1957, с. 154–165) нишон дод, ки ин аrида rобили rабул нест. Инчунин ба он маълумоти баъзе маъхазҳо бовар кардан лозим нест, ки гӯё Маздак аз Нисо, ё худ аз дигар як шаҳри Хуросон мешудааст.Ҷои таваллуди Маздак аниr маълум нест, шояд он Байнаннаҳрайн ё соҳили чапи Даҷла бошад. Зиёда аз ин, аrидае ҳаст, ки Маздак номи одам не, балки унвони сардори фирrа ё худ унвони умуман мӯътаrид (аслаш «маздак» ё «маздик») мебошад.
[3] Klima О., 1957. Тафсири муфассали таъриху таълимоти неҳзати Маздак аз доираи мавзӯи мо берун аст, мо фаrат баъзе нуктаҳои онро хотирнишон намуда, хонандаро ба асарҳон махсуси бахшида ба таърихи Эрони сосонӣ ҳавола мекунем.
[4] Шмидт А. Э., 1958, с. 450-451.
[5] Иrтибос аз китоби: Пигулевская Н. В., 1956 а, с. 296.
[6] Фирдавсӣ, 1966, с. 60-61.
[7] Шмидт А. Э., 1958, с. 451, 490; Берунӣ, 1957, с. 213.
[8] Nöldӯkӯ Th., 1879, 142–143, 461.
[9] Масалан, ниг.: Fryӯ R. N.. 1963, р. 212.
[10] С.П.Толстов чунин аrидаро пеш ниҳод: Rайrубодшоҳро дар ҷавонӣ падараш Пирӯз чун гаравӣ ба дарбори шоҳи ҳайтолиён дода буд. Дар асоси ин воrеа, ки дар сарчашмаҳо rайд шудааст, С.П.Толстов ба хулосае меояд, ки сабаби бо маздакиён созиш кардани Кайrубодшоҳ «ошно будани вай бо тартиботи ҳайтолиён аст, яъне анъанаҳои чамоатию авлодии сохти ҷамъияти ҳайтолиён бо шиорҳои меҳнатии маздакиён мувофиrат дошт ва Кайrубодшоҳ, эҳтимол, гумон дошт, ки бо роҳи ба амал баровардани ин шиорҳо давлати ҷавони барбарии «гуннҳои сафед»-ро чун намунаи ибрат дар назар дошта, империяи Сосониёнро, ки торафт суст мешуд, боз мустаҳкам кардан мумкин аст» (Толстов С.П., 1948 б, с. 216). Вале ҳайтолиён ҳаргиз дар давраи сохти ибтидоии ҷамоатӣ набуданд, дар ҷамъияти онҳо таrсимоти равшани молумулкӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд дошт.
[11] Пигулевская Н.В., 1940, с. 136.