Фаъолияти драматургии М. Турсунзода низ аз ибтидои солҳои 30-юми асри ХХ оғоз меёбад ва аввалин асари саҳнавии адиб — «Ҳукм» (1933) дар озмуни асарҳои драмавӣ сазовори ҷойи дувум мегардад. Намоишномаи «Роҳатхон» (1935) ба мавқеи зан дар ҷомеа бахшида шудааст.
М. Турсунзода баъдтар ба жанрҳои нисбатан нави дра- матургия — драмаи мусиқӣ, либретто[1] ва киносенария таваҷҷуҳ менамояд ва соли 1936 бо ҳамкории Деҳотӣ ва Ғанӣ Абдулло драмаи мусиқии «Хусрав ва Ширин»-ро менависад. Муаллифо- ни драмаи мусиқӣ тавассути образҳои Хусрав, Ширин, Фарҳод, Шируя, Марям, Баҳроми Чӯбина адлро ба зулм, вафоро ба хиё- нат, инсондӯстиро ба ҷиноят муқобил гузоштаанд. Сужети асар завқовар ва зиддияти он тезутунд аст.
Муаллифон на танҳо аз достони ҳамноми Низомӣ, инчунин аз ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Фурӯғӣ, Котибӣ ба сифати ария[2] ва хор[3] истифода карда- анд. Порчаҳои шеърӣ дар такмили сужети асар ва ҳолату вазъи- яти образҳо саҳми муносиб гузоштанд. Масалан, ғазали зерини Ҳофиз, ки Ширин месарояд, ҳиссиёти ботинӣ, самимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи ӯро ба Хусрав басо муассир ифода менамояд:
Эй роҳати ҷони беқарорам, Уммеди[4] дили умедворам.
То марг нагирадам гиребон, Ман даст зи доманат надорам.
Ҳамчунин, солҳои 1938-1939 Турсунзода бо ҳамкории Деҳотӣ якумин либреттои операи миллии тоҷик «Шӯриши Восеъ»-ро эҷод намуд. Ин асар дар Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав (1941) бомуваффақият намоиш дода шуд.
Либреттои «Шӯриши Восеъ» аз чор пардаю панҷ намоиш иборат аст. Муаллифон аз эҷодиёти даҳанакии халқ, махсусан достони «Шӯриши Восеъ» хеле хуб истифода кардаанд. Аксари иштирокчиёни опера, чун Восеъ, Назир, Нозим, Гулъизор, Кабир, шахсони воқей мебошанд. Восеъ нотарс, далер ва ҳақиқатталабу адолатхоҳ ба назар мерасад. Ӯ ҷанговаронашро ба Рустам ва душманони халқро ба аждаҳо монанд мекунад. Дар навбати худ халқ Восеъро сидқан чунин васф мекунад:
Ҳар касе шавад, Қаҳрамони халқ, Нест ғайри вай, Меҳрубони халқ, Гум намешавад, Аз миёни халқ.
Либреттои «Шӯриши Восеъ» фоҷиаест, ки рӯҳи некбинона дорад. Дар охири асар Восеъ ба қатл мерасад, вале хонанда ё та- мошобин эҳсос мекунад, ки кори Восеъ дар шахси Назиру Гулъи- зор барин ҳамсафону бозмондагонаш идома меёбад.
Асари дигари саҳнавии М. Турсунзода либреттои опе- раи «Арӯс» (1945) мебошад. Шоир дар ин либретто як силсила ҳодисаву воқеаҳоро, ки мундариҷаи асарро ташкил медиҳанд, ба ҳам пайвастааст. Як хатти сужет ҷараёни муносибати самимонаи Собир ва Елена мебошад, ки дар муддати чор соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба дараҷаи муҳаббат расидааст. Хатти дигари сужет аҳду паймони Саида (модари Собир) ва Оиша (модари Сарвиноз) оид ба хонадор кардани фарзандони худ мебошад. Муаллиф миёни волидону фарзандон зиддияти тезутунд ба вуҷуд наовардааст. Ҷавонон дили модаронро намеранҷонанд, дар айни ҳол дар роҳи расидан ба мақсад суботкорӣ ва устуворӣ нишон медиҳанд. Со- бир сабаби ба духтари хушкардаи модараш майли хонадоршавӣ надоштанашро чунин асоснок мекунад:
Чунки ман ёри меҳрубон дорам, Ёр не, ҷон ба ҷойи ҷон дорам. Хуни ҳар дуи мо, ки яксон рехт, Ватан онро ба ҳамдигар омехт. Хуни худ бӯ кунам гар акнунам, Бӯйи хуни ӯ ояд аз хунам.
Такрори калимаҳои ҷон ва хун ифоданокии тасвирро таъмин намуда, боиси муассирии баён гардидааст.
М. Турсунзода дар кинодраматургияи тоҷик низ саҳми муно- сиб гузоштааст. Матни филмҳои «Қувваи бузург» (1949) ва «Ман ба духтаре вохӯрдам» (1956) ба қалами Турсунзода тааллуқ до- рад. Соли 1965 аз рӯйи достони «Ҳасани аробакаш» адиб ҳамроҳи И. Филимонова киноповест таълиф мекунад. Ҳамчунин, М. Тур- сунзода бо ҳамкории Д. Булгаков ва Л. Файзиев киноповести «Аз Ганг то Кремл»-ро навиштааст, ки аз рӯйи он филмномаи «Субҳи Ганг» офарида шуд.
М. Турсунзода соли 1943 либреттои операи «Тоҳир ва Зуҳро»- ро навишт. Либреттои «Тоҳир ва Зуҳро» аз се парда ва панҷ намо- иш иборат аст ва дар давоми хатти сужет образҳои асосй, махсу- сан Тоҳир, Зуҳро, Маҳин фаъол ва собитқадам мебошанд. Тоҳир ҷавони далер, сарбаланд ва дар роҳи муҳаббат содиқу фидокор аст. Ӯ худ писари вазир аст ва ба духтари шоҳ ошиқ шудааст. Тоҳирро аз дарбор меронанд ва баъдтар ӯро ба сандуқ андохта ба дарё мепартоянд. Духтарони шоҳи Хоразм Тоҳирро аз дарё мегиранд ва ҳар се ба ӯ дил мебанданд. Шоҳи Хоразм розй ме- шавад, ки Тоҳир ба духтари хурдиаш — Маҳин хонадор шавад. Аммо Тоҳир боз ба назди Зуҳро омада, ба Қаработур ва падари дилдодааш набард мекунад.
Зуҳро низ дар вафодорӣ, садоқат ва шуҷоат аз Тоҳир монданӣ надорад, бо тамоми ҳастӣ ишқи худро муҳофизат мекунад ва Қаработурро, ки ба ӯ ҳаваси хонадоршавӣ дошт, бо ханҷар зада мекушад. Ҳар ду дилдода чун мебинанд, ки ба дасти ҷаллодони шоҳ афтода кушта мешаванд:
Не марг тарсонад маро,
Не зулми шоҳи пурҷафо. Ман домани ишқи туро Ҳаргиз намесозам раҳо,-
гӯён худашонро аз баландӣ ба ҷарӣ ҳаво медиҳанд. Бо фоҷиа ба итмом расидани либреттои «Тоҳир ва Зуҳро» эътирози сахти дил- додагон ба муҳити носолими иҷтимоӣ мебошад.
Дар асар бисёр лаҳзаҳои ҷолиби диққат ва хотирмон ба на- зар мерасад. Аз ҷумла, духтарони шоҳи Хоразм аз дарё сандуқи Тоҳирро ба мӯйҳои дарози худ печонда берун меоваранд.
Забони асар равон ва гуворо буда, содагӣ ва самимияти эҷодиёти шифоҳии халқро ба хотир меорад. Арияҳои Тоҳир (Ҷонона, маро ту ёр ҳастӣ ё не?), Зуҳро (Дарё равон аст секин- секин) сӯзи фироқ ва ҳолати рӯҳии образҳои асарро хеле ҷолиб ифода намудаанд.
Либреттоҳои «Шӯриши Восеъ», «Тоҳир ва Зуҳро» ва «Арӯс» дар пешрафти санъати операвии Тоҷикистон нақши судманд бо- зидаанд. Ин аст, ки тавлиди нахустин операҳои таърихӣ ва мил- лии тоҷикӣ ба номи М. Турсунзода вобаста аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Кадом намоишномаҳои М. Турсунзодаро медонед ?
- Жанри намоишномаи «Хусрав ва Ширин»-ро муайян кунед.
- Дар бораи якумин либреттои операи миллии тоҷикӣ маълумот диҳед.
- Чаро Собир ба духтари хушкардаи модараш не, ба русдухтар Елена хонадор мешавад ?
- Саҳми М. Турсунзодаро дар кинодраматургияи тоҷик шарҳ диҳед.
- Дар бораи образҳои Тоҳир ва Зуҳро маълумот диҳед.
САВОЛИ ТЕСТӢ
- Ин байт ба кадом достони Мирзо Турсунзода мансуб аст?
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
- «Хазон ва баҳор»;
Б) «Ҳасани аробакаш»;
- «Садои Осиё»;
Г) «Ҷони ширин»;
Ғ) «Чароғи абадӣ».
- Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» бо кадом шеър оғоз гардидааст?
- «Меҳмони мағрибӣ»;
Б) «Боғи муаллақ»;
- «Қиссаи Ҳиндустон»;
Г) «Тара Чандрӣ»;
Ғ) «Бозгашт».
- Аввалин асари саҳнавии М. Турсунзода чи ном дорад?
- «Ҳукм»;
Б) «Хусрав ва Ширин»;
- «Шӯриши Восеъ»;
Г) «Роҳатхон»;
Ғ) «Арӯс».
[1] Либретто — матни адабии асарҳои саҳнавӣ.
[2] Ария — порчае, ки як кас бо ҳамоҳангии оркестр иҷро мекунад.
[3] Хор — матне, ки дастаи сарояндагон иҷро мекунанд.
[4] Уммед — мувофиқи талаби вазн ҳарфи “м” ташдид гирифтааст.