АСОСӢ / ГУНОГУН / Мирзо Турсунзода — Шоир ва Қаҳрамони ҳалқи тоҷик

Мирзо Турсунзода — Шоир ва Қаҳрамони ҳалқи тоҷик

Мирзо Турсунзода дар гузари Чармгарони деҳаи Қаратоғ[1] ба дунё омадааст. Моҳи майи соли 1911 дар хонадони Турсунмуроди ҳунарманду фарҳангдӯст писар ба дунё омад. Падар тифли навзодро Мирзо[2] ном ниҳод ва ба тарбияи фарзанд ҷиддан машғул шуд.

Соли 1920 минтақаи Ҳисорро бемории вабо фаро гирифт. Ин офат модари Мирзо — Холбибиро низ ба коми марг кашид. Мирзо ҳамагӣ нуҳ сол дошт, ки аз меҳрубониву навозиши модар маҳрум монд:

mirzo_tursunzoda

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,

Қомати ту, чашми ту, абрӯйи ту дар ёд нест.

Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,

Чунки то имрӯз, модар, кӯйи ту дар ёд нест…

Тарбияи баъдии Мирзо пурра ба зиммаи падар вогузор мешавад. Шоири оянда чанд муддат дар мадрасаи назди деҳи худ ба таҳсили ибтидоӣ мепардозад.

Баъди таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон (1924) дар мам- лакат мактабҳои усули нав мавқеъ пайдо мекунанд. Чунин мактаб дар Қаратоғ соли 1925 ба фаъолият пардохт ва Мирзо яке аз аввалин толибилмони ин мактаб буд. Мирзо соли 1926 ба Душанбе омада, дар сафи толибилмони интернат қарор мегирад. Маъмурияти интернат Мирзоро соли 1927 ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонони лаёқатманд ба Дорулмуаллимини Тошканд мефиристад.

Чор соли таҳсил дар Дорулмуаллимини Тошканд ва вохӯрӣ бо устод Айнӣ барин шахсиятҳои фарҳангӣ ба инкишофи ҷаҳонбинии Мирзо таъсир гузошт. Соли 1931 Мирзо Турсунзода дар асоси роҳхати Кумитаи марказии комсомол ба Душанбе бармегардад ва дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» аввал ба сифати ходими адабӣ ва баъдан чун котиби масъул фаъолият мекунад.

Соли 1933 Мирзо Турсунзода аз падар маҳрум гардид. Соли 1934 ба муносибати Анҷумани аввали нависандагони СССР як гурӯҳ адибони тоҷик, аз ҷумла М. Турсунзодаро ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфтанд. Солҳои пурдаҳшати сиюм адиб аз рӯйи зарурат як муддат Душанберо тарк карда, дар Хуҷанд истиқомат мекунад. М. Турсунзода солҳои 1934-35 дар Театри мусиқию мазҳакаи шаҳри Хуҷанд вазифаи мудири қисми адабиро ба уҳда доштааст. Соли 1934 ҳангоми ба саҳна гузоштани пиесаи «Ҳукм» ба ҳунарпешаи театри мазкур Сабоҳат Низомиддинова, ки нақши Зеварро иҷро мекард, муносибати дӯстӣ пайдо карда, бо ӯ издивоҷ мекунад.

М. Турсунзода соли 1936 ба Душанбе омад ва то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни адабиву рӯзноманигорӣ фаъолият кардааст. Масалан, шоир дар ҷараёни сохтмони Роҳи калони Помир (1940) беш аз 500 километрро пиёда тай намуда, чизе, ки медид, кӯшиш мекард, ки дар шеърҳояш инъикос намояд. Соли 1946 раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда гирифт ва то охири умр ин вазифаро пеш бурд. Аз соли 1946 сар карда М. Турсунзода ҳамеша намояндаи халқ дар парлумони шӯравӣ буд ва шоир дар баробари корҳои эҷодӣ бо тамоми ҳастӣ фаъолияти ҷамъиятии хешро ҳам идома медод.

Баъди хатми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1945) мавзӯи ҷанг ва сулҳ ҷомеаи ҷаҳониро батамом фаро гирифт ва М. Турсунзода чун мунодии сулҳ дар тамоми ҷаҳон Иттифоқи Шӯравиро намояндагӣ мекард. Аз соли 1947 ба ин тараф чун тарғибгари сулҳ ба кишварҳои зиёд сафар кард.

Дар натиҷаи сафарҳояш ба шаҳрҳои Теҳрон, Деҳлй, Исломобод, Париж, Варшава, Вена, Қоҳира, Стокголм, Хелсинки, Доруссалом, Ҷакарта, Конакрй, М. Турсунзода чун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ ба камол расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистону халқи тоҷикро чун кишвару мардуми сулҳдӯст ба оламиён муаррифӣ кард. Шоир дар «Ватан» ном шеъраш муддати ҷаҳонгардии хешро чунин ёдовар шудааст:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Аввалҳои тирамоҳи соли 1977 устод Турсунзода бистарӣ шуда, 24 сентябри соли 1977 шоири шаҳир[3] аз дунё гузашт.

Ҷасади шоирро дар яке аз баландиҳои шаҳри Душанбе — теппаи Лучоб ба хок супориданд ва минбаъд ин теппа бо номи «Марқади Турсунзода» маъруф гардид.

Мирзо Турсунзода ба чандин ордену медалҳои ҳукуматӣ қадр шудааст. У академики АИ Тоҷикистон (1951), Шоири халқии Тоҷикистон (1961), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967) ва барандаи ҷоизаҳои бисёри давлатию байналмилалӣ гардид. Ҳукумати давр баъди марг як ноҳияву як донишкада ва хиёбонеро ба номаш гузошт, ҳайкалҳо сохт, ҷоизаҳо ва идрорпулӣ таъсис дод. Моҳи майи соли 2001 ба муносибати 90-солагии зодрӯз ба шоир унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Осор ва
марҳалаҳои
эҷод

Мирзо Турсунзода ҳанӯз солҳои 1927- 28 ба эҷоди асарҳои бадеӣ мепардозад. Маҷмӯаи нахустини М. Турсунзода «Байроқи зафар» (1932) ном дошта ду шеър ва даҳ ҳикояву

очеркро дар бар гирифтааст.

Фаъолияти эҷодии М. Турсунзода дар солҳои 30-юм ҳам аз нигоҳи шакл ва ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷа васеъ ва пурғунҷоиш мегардад. Шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам» (1934), «Манзараҳои Хуҷанд» (1935), «Офтоби Мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), «Суруди ҷавонӣ» (1937), «Мамлакати тиллоӣ» (1938), «Оҳанрабо» (1939), «Халқи далер» (1939), «Чаманистон»
(1940), «Водии Ҳисор» (1940), «Мо аз Хоруғ омадем» (1940) гувоҳи садоқати шоир ба сарзамини аҷдодӣ ва ҷомеаи сотсиалистӣ мебо- шанд. Маҷмӯаи дуюми шоир — «Шеърҳо» (1939) мухаммас, мусад- дас, ғазал, маснавӣ, тарҷеъбанд ва марсияҳои ӯро дар бар гириф- та, фаъолияти адабиашро дар солҳои 30-юм ҷамъбаст мекунад.

Дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Турсун- зода дар қатори дигар адибону фарҳангиён эҷодиёти худро пурра ба муқобили душмани ғаддор ва ҳимояи Ватани азиз равона на- муд. Аввалин шеъри давраиҷангии шоир — «Хайр, модари азиз» 24 июни соли 1941 навишта шудааст, ки он аз муколамаи писару модар иборат аст:

«Модарам, меравам аз пеши ту ман, Ба дифои шарафу шаъни Ватан…» Гуфт: «Рав, ҷанги далерона бикун, Ҷанг бо лашкари бегона бикун. Бош фарзанди сазовори падар, Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар».

Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1941), «Хо- тираи капитан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Паҳлавони интиқомгир» (1944), «Рафиқи азиз» (1944) корномаҳои давраиҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва ҳамроҳи Абдуса- лом Деҳотӣ «Барои Ватан» (1942)-ро эҷод мекунад. Бояд гуфт, ки асарҳои солҳои 30-юм ва нимаи аввали солҳои 40-ум эҷодшуда ба марҳалаи аввали эҷодиёти шоир тааллуқ доранд.

Марҳалаи
(увуми эҷодиё

Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои баъдиҷангӣ ба марҳалаи нави инкишоф ра- сид. Дар давраи дувум қалами шоир тезтар ва ҷанбаи ҳунарии ашъори ӯ пурқувваттар гар- дид. Сафарҳои пайдарпай ба кишварҳои хориҷӣ (дар харитаи сафарҳои Турсунзода 25 мамлакати хориҷӣ қайд шудааст) ва вохӯриву суҳбатҳо бо адибони маъруфи ҷаҳонӣ ба он сабаб шуд, ки паҳлуҳои гуногуни услуби эҷодии шоир такмил ёфта, шеъри ӯ рӯҳияи умумибашарӣ пайдо намояд. М. Турсунзода баъди силси- лаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947- 1949) чунин асарҳои калонҳаҷмро офарид: силсилаи шеърҳои «Ман аз Шарқи озод» (1950), достонҳои «Ҳасани аробакаш» (1952-1954), «Садои Осиё» (1956), «Чароғи абадй » (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964), «Аз Ганг то Кремл» (1970), сисилаи ашъори «Даст- овез» (1975).

Адиб зиёда аз 200 мақола, эссе, очерк ва ёддоштҳои сафарй таълиф намудааст, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимми адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давр мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Фаъолияти тарҷумонии М. Турсунзода низ зиёда самаранок мебошад. Адиб як қатор асарҳои А. С. Пушкин, Т. Г. Шевченко, Н. А. Некрасов, Самад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов ба- рин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногунро бо маҳорати ба- ланд тарҷума намудааст. Мероси адабии М. Турсунзода дар чор ҷилди Куллиёти адиб (1971 — 1985) ба табъ расидааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи зодгоҳ ва волидайни М. Турсунзода маълумот диҳед.
  2. Мирзо Турсунзода дар кадом мактабҳо таҳсили илм кардааст?
  3. Чаро шоир ибтидои солҳои сиюм Душанберо тарк намуд ?
  4. Адиб кай раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид ?
  5. Оид ба сафарҳои Турсунзода маълумот диҳед.
  6. Турсунзода кадом сол вафот кард ва марқадаш дар куҷост?
  7. Фаъолияти эҷодии М. Турсунзода кай оғоз ёфтааст ?
  8. Маҷмӯаҳои «Байроқи зафар», «Шеърҳо» ва достони «Писари Ва- тан» ба кадом марҳалаи эҷодиёти шоир тааллуқ доранд?
  9. Марҳалаи дуюми эҷодиёти Турсунзода кай оғоз меёбад?
  10. Боз кадом соҳаҳои фаъолияти М. Турсунзодаро медонед?

[1]   Маънои луғавии Қаратоғро “Қарияи тоғ” гуфтаанд.

[2]   Мирзо — котиб, муншӣ. Шахси бо хатнависӣ сарукордошта.

[3] Шаҳир — маъруф, машҳур, шуҳратёр.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …