Мисвок

Мисвок —  Ин буттаи даштӣ ва кӯҳии маълум мебошад. Баргаш сербари дароз, сабз, хушранг, анбӯҳ; чӯбаш мулоим. Ин растанӣ хазон намекунад, хорнок ва бехор низ мешавад. Гулаш сурхтоб, самараш ба андозаи нахӯд дар хӯша, ҳангоми хом будан каме талхтаъмӣ бо тунҷии бисёр, сабз, вале дар охир баъди расидан баъзеаш сурх, сафед ва баъзе бунафш мегардад, баъд сиёҳ мешавад, андак ширинӣ, талхӣ, тунҷӣ ва тезӣ пайдо мекунад.

мисвок

Тухми саҳроияш майда мешавад, вале хӯшаи самари кӯҳиаш назар ба саҳроӣ калонтар, самараш бетухм, бирасад таъмаш андак ширин, тунҷ ва тез мегардад, вале дар баъзе мавзеъҳо самараш тухмдор ва ширинтар, бузургтар мерӯяд, ки баъзе мардум онро мехӯранд.

  Ба қавли табиб Бағдодӣ, мизоҷи буттааш хушк, самараш дар гармӣ ва хушкӣ мӯътадил, вале табиб Антокӣ мизоҷи инро дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк, аммо муаллифи китоби «Тӯҳфат-ул- мӯъминин» қаким Муқаммад Мӯъмин дар дараҷаи аввал гарм ва дар охири дувум хушк донистааст.

  Хислатҳои шифобахши он: хусусияти поккунандагӣ дорад, таҳлилдиҳандаи варамҳо ва моддаҳои ғафси бадан, гиреҳҳоро мекушояд, барои дафъ кардани рутубатҳои часпак ва бодҳои ғафс даво мебошад, назлаҳоро мебандад, меъдаро қувват медиҳад, исқолро манъ мекунад, варами бачадонро мегардонад, бавосирро дафъ мекунад, душвор шошиданро ислоҳ месозад, хичакро аз моддаҳои нодаркор ва зарарнок пок мегардонад; обила, донаҳои ба сар бароянда ва решгарданда, инчунин саромос ва мӯрчагазакро шифо мебахшад, дардҳоро таскин медиҳад, милки дандонро мустаҳкам менамояд.

  Баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, назлаҳоро аз фуромадан манъ мекунад, саромос ва мӯрчагазакро дафъ месозад. Агар самари инро дар равғани зайтун пухта гузошта банданд, дардҳои бачадонро таскин ва варами онро таҳлил медиҳад, бавосирро нест мекунад ва барои решҳои сар фоида дорад.

  Самарашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, душвор шошиданро осон мекунад ва хичакро аз моддаҳои зарарнок пок месозад, меъдаро қувват мебахшад ва исҳолро мебандад. Инчунин тухмашро дар об ҷӯш дода он обро бинӯшанд низ, ҳамчунин меъдаро қавӣ мегардонад ва исҳолро дафъ мекунад.

  Бо чӯби он мисвок кунанд, яъне чӯби онро ба дандон бимоланд, дандонро аз чирк пок ва милкашро мустаҳкам мегардонад ва агар аз ҳад зиёд мисвок кунанд, дар забончаи ҳалқ ҷӯшишҳо пайдо мекунад ва агар онро ба дарун истеъмол намоянд, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад. Ин қабил зарари онро катиро бихӯранд, ислоқ мекунад.

  Микдори як бор ошомидан аз обе,ки дар он мисвок ҷӯшонида шуда бошад, дар як рӯз то 150 грамм ва аз тухмаш то 10,5 грамм аст.

  Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» ва дигар табибони машҳур гуфтаанд, ки баргаш барои қӯтур, махав, бавосир ва мурдор шудани хун фоида дорад.

  Самари мисвок талх аст ва агар инро бихӯранд, балғамро дафъ мекунад ва агар балғаму сафро мурдор гарданд, ба ислоҳ меоварад; барои сӯзиши узвҳо, истисқо (водянка), варамҳо, махав, табҳои гарм ва резонидани кирмҳои меъда ва рӯдаҳо (ҳатто кирми кадудона) даво мебошад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …