АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Мош дар Канзи Шифо (Китоб)
Мош

Мош дар Канзи Шифо (Китоб)

Мош — ин растанӣ ва дони машҳури зироатӣ аст, ки тухмашро пухта мехӯранд. Рангаш ба сабзи зардтоб моил аст. Мизоҷи мош дар дараҷаи якум сард ва моил ба хушкист. Агар муқашшар карда, яъне аз пӯсташ чудо карда бошанд, баъд мизоҷаш мӯътадил дар тарӣ ва хушкӣ мегардад. Мизоҷи пӯсташ мураккаб-ул-қувват моил ба хушкист.

Хислатҳои шифобахши он: ин ҳамчун ғизо сабуктар аз наск мебошад, бодаш камтар назар ба боқило ва беҳтарин аз донҳои хурокӣ мебошад. Агар бихӯранд, ғизои хуб, аз он моддаи солим дар ҷигар пайдо мешавад, вале аз меъда суст мегузарад, хусусан, ки муқашшари онро пухта бихӯранд. Зеро ки хушкӣ, қуввати таҳлилдиҳандагӣ дар худи пӯсташ мавҷуд мебошад.

Мош аз хӯрданиҳои фаслҳои баҳор, тобистон, мавзеъҳои гармодор, одамони гарммизоҷ, инчунин беморони иллатҳои гарм ва тездошта аст. Зеро ки мош таскиндиҳандаи ҳарорат, тезӣ ва тафсонидани сафро ва хун аст.

Агар инро пухта бихӯранд, асаб ва узвҳои асабониро қувват мебахшад, тавоногии чашмро меафзояд; барои дарди сари аз гармӣ, назлаҳо, варами забончаи ҳалқ, сурфа, табҳои гарму тез ва бемориҳои гурда даво мебошад, зеро ки табиатан худаш мувофиқи гурда аст.

Мошро муқашшар карда, бо равғани бодоми ширин кичирӣ пухта бихӯранд, моддаҳои солим дар бадан пайдо мекунад. Аммо барои табҳои сафровӣ бо барги чилмангӯштак (семизут), коҳу, ҷави кӯфта бояд, ки бипазанд. Мошро муқашшар нокарда бо туршак (щавель) пухта бихӯранд, дарунро мебандад.

Яке аз хусусиятҳои мош он аст, ки бо вуҷуди сардии мизоҷаш моддаи савдоро ҳаракат намедиҳад, ҳам барои мулоим кардани дарун ва ҳам барои банд кардани дарун фоида дорад. Аммо ҳар гоҳ дарунро мулоим кардан мурод бошад, бояд ки муқашшар карда, бо оби тухми маҳсар ва равғани бодоми ширин бипазанд, вале агар мақсад бастани дарун бошад, бо пӯсташ бирён намуда, баъд бипазанд ё ин ки дар об ҷӯшонида, он обро рехта дур намоянд, то ки қуввати гарммизоҷӣ ва поккунандагии он дур шавад, сонӣ оби холиси дигар андохта, пухта бихӯранд.

Агар дарунро банд намудан бо паст гардонидани ҳарорат, ҷӯшиш ва фишори баланди хун мурод бошад, бо оби туршак ё бо оби анори турш, ки ҳангоми бо пардаҳои дарунаш будан кӯфта фишурда гирифта бошанд, ё бо татум ва равғани бодоми ширин бипазанд. Мошхӯрдаи он аз моши муқашшар пухташуда барои сурфа ва назлаҳои гарм даво мебошад.

Вале хӯрдани мош барои одамони хунукмизоҷ пирон, инчунин ба касоне, ки дар меъдаашон рутубат, моддаҳои мурдор ва бод бисёр бошанд, зарар мекунад, хусусан, муқашшари он; ба дандон ва боҳ ҳам зиён дорад. Давои ин барои одамони сардмизоҷ хӯришҳои хушбӯйи гарммизоҷ, монанди: занҷабил, дорчинӣ, зира, мурч, қаранфули гардан, ҳардал (горчица) ва ғайра хушбӯйиҳои гарммизоҷ хӯрдан аст; вале барои гарммизоҷон онро бо оби тухми маҳсар, туршиҳои номбурда ва равғани бодоми ширин пухта хӯрдан аст.

Моши пухтагиро бо сирко хамир сохта, дар вақти ҳаммом кардан гузошта банданд, қӯтури решгаштаро шифо мебахшад; агар онро бо оби холис хамир сохта бибанданд, узвҳои сустгаштаро қувват мебахшад ва дарди онҳоро таскин медиҳад. Пухтаи онро бо шароб ё бо заъфарон пухта гузошта банданд, дарди узвҳои латхӯрда ва қатъшударо таскин медиҳад.

Мошро хоида гузошта банданд, узв ва ҷоҳои сармозадаи баданро, агарчи кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …