АСОСӢ / ГУНОГУН / МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ

МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ

ТАРТИБОТИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА,  МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ  ДАР ҶСП «БОНК»

1.  МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ >>>>

  1. Низомномаи мазкур баҳри иҷроиши талаботи қонун, ки дар банди 2 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» оварда шудааст, таҳия гардидааст.
  2. Низомномаи мазкур бо назардошти он ки Қонуни дар боло зикршуда муносибатҳои:
  • шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд,
  • бонкҳое, ки бо воситаҳои пулӣ ё бо дигар молу мулк амалиётҳо мегузаронанд, инчунин
  • мақомоти давлатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои амалиётҳои бо воситаҳои пулӣ ё дигар молу мулк гузаронидашаванда назорат мебаранд, ба танзим медарорад, бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва решакан кардани кирдорҳое, ки бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманданд, таҳия шудааст.
  1. Ба ҶСП «Бонки Тоҷикистон» (минбаъд Бонк) муқаррароти Қонуни дар боло зикршуда ҳамчун ба ташкилоти қарзӣ, ки бо воситаҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад, дахл доранд ва ба зиммаи он уҳдадориҳои зеринро вомегузорад:
  • мушаххассозии шахсони дар хизматрасонӣ қарордошта;
  • маълумот ҳангоми барқарор намудани муносибатҳои корӣ, кушодани суратҳисоб ё бо супориши мизоҷ анҷом додани дигар амалиётҳои бонкии ҳатман назоратшаванда, ҳуҷҷатӣ сабт карда шавад;
  • мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдор нисбати амалиётҳои ҳатман назоратшаванда маълумот пешниҳод намояд. Тартиб ва муҳлати пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  1. Дар Низомномаи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
  • Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда – анҷом додани аҳдҳои молумулкӣ ё дигар амалиёт бо даромадҳое, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, махфӣ нигоҳ доштан ё пинҳон намудани хусусияти аслӣ, манбаъ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, аз ҷо ба ҷо гузаронидан, ҳуқуқ ба молу мулк ё тааллуқдорӣ, инчунин истифода бурдани ин гуна даромадҳо барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ, ё истифодаи онҳо бо роҳи дигар;
  • Маблағгузории терроризм – ин бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ намудани маблағҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо ё бо дарки он ки ин маблағҳо аз тарафи террорист, ташкилоти террористӣ, инчунин барои ташкил, тайёр ва содир намудани амалҳои террористӣ аз ҷумла ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1791, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегарданд, инчунин агар ин маблағҳо воқеан барои содир намудани ҷиноятҳои дар боло зикршуда истифода нашуда бошанд;
  • Паҳнкунии силоҳи қатли ом — Амалҳо оид ба пешниҳод, ҷамъоварӣ ё истифодаи ҳама гуна дороиҳо барои паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки барои анҷом додани онҳо таҳримҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд;
  • Аҳд ва амалиёти шубҳанок – Аҳд (амалиёт) метавонад шубҳанок ҳисобида шавад, агар аз ҷониби ташкилоти қарзӣ мушаххассозии мизоҷ ё гирифтани маълумот барои бастани ахднома ё анҷом додани амалиёти мазкур (муносибати корӣ), ки қонун пешбинӣ намудааст, имконнопазир бошад;
  • Мақоми ваколатдор – мақоми давлатӣ, ки мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мувофиқи Қонуни мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд;
  • Назорати ҳатмӣ – маҷмӯи чораҳои андешидаи мақоми ваколатдор барои назорат кардани амалиёт бо воситаҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар асоси иттилооти аз Бонк ва дигар ташкилотҳо гирифташуда, ки чунин амалиётро анҷом медиҳанд, инчунин санҷиши ин иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Назорати дохилӣ – фаъолияти ҶСП «Бонки Тоҷикистон» барои ошкорсозии амалиётҳои (кӯшиши анҷом додани аҳдҳои шубҳаноки) ҳатман назоратшаванда ва дигар амалиётҳо бо воситаҳои пулӣ ё дигар молу мулк вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом.
  1. Дар Низомномаи мазкур тартиботи корӣ оид ба ташкили назорати дохилӣ дар Бонк баён карда мешаванд, ки бояд дар давраи ва аз рӯи ҷамъбасти пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон иҷро карда шаванд.
  2. Ҳамаи тартиботи назорати дохилии дар Низомномаи мазкур тавсифшаванда қисмати таркибии бизнес-раванди умумӣ мебошанд, ки бо анҷомдиҳии амалиёти бонкии аз ҷониби мизоҷ талабшаванда алоқаманд аст.
  3. Тартиботи дар Низомномаи мазкур баёншуда, дар айни замон огоҳсозии мизоҷони Бонкро оиди мақсад ва усулҳои ташкили назорати дохилии Бонк дар доираи талаботи Қонуни дар боло зикршуда пешбинӣ наменамояд.
  4. Бонк бо соҳаҳои зерини тиҷорат сарукор дошта ва/ё маҳсулоти зерини бонкиро пешниҳод намуда, бояд ба таври ҳадди аксар таваҷҷӯҳ ва эҳтиёткорӣ намояд, то ки амалиётҳои имконпазири қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро ошкор намояд:

А. Доираҳои фаъолияти тиҷоратӣ бо хавфи баланд:

  • саноати қиморбозӣ, казино (қиморхона);
  • меҳмонхонаҳо, хусусан ҳангоми дар онҳо мавҷуд будани казино;
  • муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ (брокерҳои (даллолҳои) молиявӣ, хазинаҳои мубодила);
  • дафтари саёҳат;
  • ширкатҳо оид ба воридот/содирот;
  • ширкатҳо/дилерҳо (даллолҳо) оид ба фулузоти қиматбаҳо;
  • корпоратсияҳои оффшорӣ;
  • коғазҳои қиматнок/хизматрасониҳои брокерӣ/ширкатҳои суғуртавӣ;
  • дилерҳо оид ба пешниҳоди воситаҳои нақлиёти нав/истифодашуда;
  • дилерҳо оид ба пешниҳоди қисмҳои эҳтиётии механикии истифодашуда;
  • ҳар навъ бизнес, ки бо ҷараёни шиддатноки пули нақд алоқаманд аст;
  • бизнесе, ки муносибат дорад ба:
  • нақл/истеҳсоли маводи мухаддир;
  • маблағгузории терроризм;
  • ҷамъоварии маълумоти сирии бонкӣ;
  • соҳаҳои фаъолият, ки дар он ҷо асъори мубодилашаванда васеъ истифода бурда мешавад.

Б. Маҳсулотҳои бонкӣ бо хавфи баланд:

  • кушодани адади зиёди ҳисобҳои пасандозӣ аз ҷониби як мизоҷ, ки маблағи умумии воситаҳои пулӣ дар онҳо – зиёд ё минбаъд онҳо барои мақсадҳои барои мизоҷи мазкур хос набуда, интиқол дода мешавад;
  • зуд-зуд иваз кардани пулҳои зиёди коғазии майда бо пулҳои калон ва амалиёти баръакс;
  • амалиётҳои доимӣ, ки бо фаъолияти асосии мизоҷ алоқаманд нестанд, оиди хариду фурӯши асъори хориҷӣ барои мақсадҳои пардохт дар ҳаҷмҳои калон аз рӯи шартномаҳо ва аҳдҳо;
  • гирифтани маблағи калони нақдӣ аз суратҳисоб, ки то ин лаҳза фаъол набуд, ё ба он маблағи калон интиқол дода шуд;
  • тез-тез ворид намудани маблағ ба ҳамон як суратҳисоб аз ҷониби шахсони мухталифи сеюм бидуни асоси дахлдор;
  • интиқоли воситаҳои пулӣ ба хориҷа ба суратҳисоби соҳибаш номаълум ё воридшавии воситаҳои пулӣ аз чунин суратҳисоб;
  • пешниҳод накардан ё кашол додани пешниҳоди маълумот оиди мақсади бизнес, таърихи бонкӣ, кормандон ё роҳбарият, маҳалли ҷойгиршавии мизоҷ;
  • сарпечӣ аз пешниҳоди маълумот барои имконияти баҳодиҳии мизоҷ барои додани қарз ё пешниҳоди дигар хизматрасониҳои бонкӣ.

Ба ибораи дигар, ҳар навъ маҳсулоти хизматрасонии Бонк, ки барои табдили пули нақд ба олотҳо (инструментҳо) истифода бурда мешавад ва барои дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом додани пардохти фаврӣ имконият медиҳад, дорои дараҷаи хавфи баланд мебошад.

  1. Талаботи асосӣ барои татбиқи самараноки сиёсат оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом – дар Бонк мавҷуд будани маълумот, ки нишондиҳандаҳои барои Бонк нисбатан муҳими мизоҷони онро инъикос менамояд, аз ҷумла маълумот дар бораи ҳайати муассисон, мақоми иҷроия, намуд ва шаклҳои фаъолият, дигар мушаххасот ва тавсифоти зарурӣ. Бонк метавонад танҳо бо он мизоҷон муносибат барқарор намояд, ки нисбати сарчашмаҳои даромадҳо ва маблағгузории онҳо мумкин аст дар доираи ақл пайдоиши қонунии онҳо тасдиқ шуда бошад.
  2. Вазифаи Бонк муносибати бодиққат ба амалиётҳо бо иштироки Бонк мебошад (аз он ҷумла кушодани депозит, сармоягузорӣ барои ҳифзи воситаҳои пулӣ ва арзишҳо ё суратҳисобҳои қарзии фардӣ/корпоративӣ), ки эҳтимолан метавонанд барои расмикунонии маблағҳо, маблағгузории терроризм бадастоварда ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом истифода бурда шаванд ва пайгирии ҳаракати воситаҳои пулӣ дар суратҳисобҳои мизоҷон барои ошкор намудани аломатҳои фаъолият оид ба расмикунонии маблағ ва маблағгузории терроризм дар доираи қобили қабул.
  3. Аломатҳои дахлдор ва эҳтиёткорӣ нисбат ба амалиётҳои ғайриоддӣ ва шубҳаовар метавонанд барои ошкор кардан ва боздоштани нақшаи расмикунонии маблағ ва маблағгузории терроризм мусоидат намоянд.
  4. Бонк барои пешгирӣ кардани чӣ ҳамкории барқасдона ва чӣ беқасдона дар расмикунонии маблағ, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом як қатор чораҳо меандешад. Аз ҷумлаи онҳо муҳимтаринашон инҳо мебошанад:
  • Мавҷуд будани маълумоти зарурӣ дар бораи мизоҷи худ ва табиати тиҷорати ӯ;
  • Омӯзиши амалиётҳои (транзаксияҳои) аз ҷониби мизоҷон гузаронидашаванда, дар зумраи онҳо ошкор намудани амалиётҳои шубҳанок ва дар ин хусус хабардор кардани мақоми назорат;
  • Сабт кардан ва нигоҳ доштани маълумот оиди амалиётҳои бонкии гузаронидашуда.
  1. Чораҳои дар боло овардашуда панҷ талаботи асосиро дар бар мегирад:
  • Мушаххассозии шахсияти мизоҷ;
  • Фаҳмиши тиҷорати ӯ;
  • Гирифтан ё мавҷуд будани маълумот дар бораи манбаи воситаҳои пулии мизоҷ;
  • Мониторинги суратҳисобҳо оид ба масъалаи ба самти дигар майл кардан аз рафти фаъолияти муқаррарӣ;
  • Муайян намудан, ки чунин майлкунӣ бо амалиёти шубҳаовар алоқаманд аст.
  1. Дар шароити муосир ҳолатҳои истифодаи амалиётҳои бонкӣ барои мақсадҳои терроризми байналхалқӣ ҷой доранд. Дар Бонк тартиби ҳатмии санҷиши ҳамаи мизоҷон аз рӯи рӯихати террористон, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод мешаванд, амал мекунад. Маҳз бо ин роҳ, Бонк риояи талаботи пешниҳодшаванда оид ба ошкор кардан ва маҳкам кардани суратҳисобҳои шахсони дар анҷомдиҳии амалиётҳои террористӣ гумонбаршударо таъмин мекунад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

Табрикот

Табрикот барои зодруз ё ид (Муборак Модар — Падар)

Табрик намудан дар ҳаёти инсон як амали таъсиррасони мусбӣ мебошад ва ҳар касе ки ягон …