АСОСӢ / Фарҳанг / Мусиқӣ / Сурудҳои Муродбек Насриддинов

Сурудҳои Муродбек Насриддинов

Муродбек Насриддинов – сарояндаи машҳури халқи тоҷик, ки расман унвони «Сарояндаи шоистаи халқи Тоҷик»-ро соҳиб шудааст. Санаи 6-уми октябри соли 1951 дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваллуд шудааст. Шуҳрати басо намоёнро солҳои 1985-1990 дар байни аҳолии ватани худ ва кишварҳои ҳамсоя соҳиб гашта дар руихатти ҳофизони тоҷик ҷойи аввалинро солҳои охири шӯъравӣ соҳиб буд.

Муродбек Насриддинов

Сурудҳои аз ҳама беҳтарини Муродбек Насриддинов «Мезанад Борон ба шиша» ва «Дунё ғанимат аст» мебошанд. Муродбек то ба ҳол гарчанде сину солаш зиёда аз 65 сол бошад ҳам вале дар чорабиниҳои маҳфили давлативу ҷамъиятӣ баромади расмӣ дорад, ки маҳбуби кул аст. Ин сароянаро ки ба қавли суханони ғайри расмӣ «Артисти СССР» меноманд ва дилписанди мардуми пиру ҷавон мебошад.

Барои шумо хонандагони гиромӣ, сурудҳои (мусиқӣ — MP3) ва видео-клипи Муродбекро дар ин саҳифа гузоштем ва дастрас намудани онҳо бепул аст.

СУРУДИ ДУНЁ ҒАНИМАТ АСТ

Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир.
Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир.
Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир.
Дунё ғанимат аст.

Ин ҷомаи хазон, ин ранги зарфарон,
Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир.
Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир.
Дунё ғанимат аст.

Ру-руи қулла рав, аз хок дил накан,
Ру-руи қулла рав, аз хок дил накан,
Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман.
Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман.
Дунё ғанимат аст.

Аз ман назар нагир, ёри дигар магир,
Аз ман назар нагир, ёри дигар магир,
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир.
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир.
Аз ман хабар бигир.
Дунё ғанимат аст.

Мезанад борон ба шиша

Мезанад борон ба шиша,
Мезанад борон ба шиша,
Тора тора ришта-ришта,
Мезанад борон ба шиша,
Тора тора ришта-ришта,
Шеърҳоям нимкора,
Саргузаштам нонавишта,
Шеърҳоям нимкора,
Саргузаштам нонавишта,
Мезанад борон ба шиша.

Мезанад борон ба шиша,
Ҳамчун ангушти фаришта,
Мезанад борон ба шиша,
Ҳамчун ангушти фаришта,
Хотирота мисли борон,

Бигузарат аз куҳу пушта,
Мезанад борон ба шиша.
Ёбадам аз рузи борон,
Аз сари олам гузашта,
Ёбадам аз рузи борон,
Аз сари олам гузашта,
Ё наканда қарзи дилро,
Ё васият нонавишта.
Ё наканда қарзи дилро,
Ё васият нонавишта.
Ё васият нонавишта.
Ё васият нонавишта.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Қимор чист? – шакл ва оқибату иҷозати он!

Қимор ин амале мебошад ки дар он одамон маблағ ва ё кӯшишҳои худро баҳри муфт …