АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Гурӯҳҳои мухолиф дар хилофати Араб

Гурӯҳҳои мухолиф дар хилофати Араб

РОЛИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР МУБОРИЗАИ БАЙНИ УМАВИҲО ВА АББОСИЁН

Рӯҳияи душманона нисбат ба ҳокимияти хилофат на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар дигар кишварҳои таҳти тасарруфи арабҳо низ хеле пурқувват буд. Усули идораи халифаҳои араб на фақат норизоияти оммаи меҳнаткашро ба вуҷуд меовард, дар айни замон, ба ашрофи заминдори маҳаллӣ ҳам намефорид. Зеро ашрофи маҳаллӣ тақрибан ба куллӣ аз ҳуқуқи сиёсӣ маҳрум гардида буданд ва дар натиҷаи ба нафъи халифа ва аъёни қабилавии араб равона шудани тамоми молиёт ва андозҳои барзгарон ба оидоти онҳо хеле зарар мерасид.

Сиёсати пешгирифтаи халифаҳои Банӣ Умавия на фақат ба халқҳои мутеъ, балки инчунин ба худи оммаи арабҳо хуш намеомад. Ин ҳолат бо протсесси ба синфҳо ҷудошавии қабилаҳои араб, вайроншавии алоқаҳои авлодӣ ва афзудани нобаробарии мулкӣ, ки дар ҳамин вақт ба вуқӯъ мепайваст, вобаста буд. Дар сари ҳокимият нишастани Умавиҳоро ду гурӯҳи асосӣ ғайриқонунӣ медонистанд.

Гурӯҳи аввал хориҷиҳо буданд. Ин гурӯҳ намояндагони ҳамон табақаҳоеро дар бар мегирифт, ки аз баланд шудани мартабаи аъёну ашрофи араб норозӣ буда, бар зидди усули ба мерос бурдани тахти хилофат баромад мекарданд ва чунин қоидаро пешниҳод менамуданд: «Нест халифае, ки берун аз хости Худо ва майли халқ бошад». Онҳо чунин ҳисоб мекарданд, ки халифаи аз тарафи ҷамоат интихобшуда мумкин аст дар сурати бад идора карданаш аз тарафи ҳамон ҷамоат назл карда шавад; бояд дар дохили ҷамоати мусулмон баробарии комил ҳукмфармо бошад. Аз ҳамин сабаб ҳам баъдҳо таваҷҷӯҳи доираҳои васеи аҳолии аслан ғайриараб, хусусан барзгарон ба тарафи ин гурӯҳ кашида шуд.

Гурӯҳи дигар тарафдорони Алӣ (шиаҳо) буданд.[1] Дар аввалҳо ин гурӯҳ манфиатҳои баъзе болонишинони хонадонҳои қадимаи маккавӣ ва мадинавиро, ки усули меросӣ будани тахти хилофатро эътироф карда, дар айни замон, фақат авлоди Алиро (амакзода ва домоди Муҳаммад, шавҳари Фотима) ворисони ҳақиқӣ медонистанд, ифода менамуд. Алӣ ва писари кӯчаки ӯ ҳусайн, ки дар вақти задухӯрдҳои дохилӣ кушта шуда буданд, бо ҳолаи азиятдидагони муқаддас иҳота шуда, ливои муборизаи зидди Умавиҳо гардиданд. Дар оянда мазҳаби шиа ва парастиши Алӣ ба байрақи чандин ҷараёнҳои мухолифатварзандаи дохили ислом табдил ёфт. Мазҳаби шиа аз оғози ба вуҷуд омадани худ, хусусан, дар миёнаи болонишинони ҷамоаи халқҳои мутеи хилофат, ки онро ҳамчун василаи суст шудани фишори аҷнабиён мепиндоштанд, тарафдорони зиёде пайдо намуд[2].

arab_horseman_in_a_landscape-large

Ғайр аз ин, тақрибан аз соли 718 сар карда, авлоди Аббос (амаки Муҳаммад) бар зидди ҳукмронии Умавиҳо ба таври пинҳонӣ таблиғоти ҷиддӣ бурданд. Аббосиён даъво мекарданд, ки ҳаққи хилофат аз они Банӣ ҳошим, яъне хонадони пайғамбар аст. Аммо кӣ бояд аз ин хонавода ба тахти хилофат нишинад, дар ин бора одатан чизе ошкоро намегуфтанд. Аз ин сабаб онҳо ба шиаҳо, ки гумон доштанд Аббосиён ба нафъи онон амал мекунанд, муттаҳид шуданд.

Норизоияти умумӣ нисбат ба сиёсати Умавиҳо махсусан дар солҳои чилуми асри VIII, яъне дар овони хилофати Марвони II (744–750) ниҳоятдараҷа қувват гирифт, ки ба ин афзудани хироҷ ва дар бинокориҳои бузург беш аз пеш иҷборан истифода шудани қувваи аҳолии маҳаллӣ боис гардида буд.

Халифаи Марвон ин вазъиятро ба хубӣ ҳис карда, барои таъмини бехатарии ҳокимияти Умавиҳо як қатор тадбирот пешбинӣ намуд: аввалан, ӯ тамоми аъзои хонаводаи Умавияро аз Димишқ ба шаҳри ҳаррон (пойтахти нави хилофат) кӯчонид; сониян, вай фармон дод, ки ғайр аз шаҳри Антиохия, ки чун маркази аз румиҳо мудофиа кардани хилофат ба шумор мерафт, тамоми қалъа ва деворҳои атрофи шаҳрҳоро вайрон кунанд, то аҳолии маҳаллӣ аз ин истеҳкомот ба муқобили ҳукумати Банӣ Умавия истифода набаранд. Вале дигар ҳеҷ як тадбире пеши ҳаракати пурэътирозро гирифта наметавонист. Норизоияти умумӣ ба дараҷае вусъат ёфта буд, ки ҳатто аввалин бор дар таърихи хилофат аскарони хосаи дарбори халифа исён бардоштанд.

Яке аз шахсони соҳибнуфузи хонадони Аббосиён — Имом Иброҳим ибни Муҳаммад дар охирҳои давраи ҳукмронии Умавиён роҳбарӣ кардани корҳои таблиғотиро ба дасти худ гирифта, ба тамоми гӯшаву канори хилофат, махсусан, ба музофотҳои шарқӣ воизони махфӣ фиристод ва тарғиботи зидди Умавиҳоро хеле пурқувват намуд.

Аббосиён изҳор медоштанд, ки тамоми бадбахтиҳои аз рӯзи пайдо шудани ислом, яъне дар муддати ин сад сол ба сари мусулмонон омада аз тарафи халифаҳои Банӣ Умавия сар задааст. Онҳо ба халқ ваъда медоданд, ки дар сурати сарнагун шудани ҳукмронии Умавиҳо хироҷ ва соири молиётҳоро кам хоҳанд кард, дар бинокориҳо ба тарзи маҷбурӣ кор фармудани барзгаронро барҳам хоҳанд дод, ба аҳолии маҳаллӣ ҳуқуқи сиёсӣ бахшида, онҳоро низ ба умури давлатии хилофат ҷалб хоҳанд намуд.

Албатта, ин ҳама ваъдаҳо, ғайр аз фиреб додани халқ чизи дигаре набуд. Аббосиён ба ин восита фақат мехостанд, ки дар низоъҳои сулолавӣ бар алайҳи Умавиҳо оммаро ба тарафи худ кашида, муборизаро ба манфиати худ ташкил намоянд. Лекин он чӣ дар бораи манфиатҳои аслии оммаи васеъ бошад, Аббосиён ва воизони онҳо, ба мисли Умавиҳо, хеле кам фикр мекарданд.

Аббосиён дар муборизаи худ бар зидди Умавиҳо бештар ба ашрофи заминдори Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки умедвор буданд дар сурати муваф-фақият пайдо кардани табаддулоти Аббосиён ба идора кардани мамлакат роҳ хоҳанд ёфт, такя менамуданд. Воизони махфии Аббосиён ҳанӯз дар вақти хилофати ҳишом (724-743) дар Хуросон пайдо шуда буданд. Сарчашмаҳои таърихӣ чунин гувоҳӣ медиҳанд, ки дар вақти қоиммақоми Хуросон будани Асад ибни Абдуллоҳ (735-738) якчанд намояндагони Аббосиёнро дастгир карда, дасту пои онҳоро буридаанд. Дигар аз қоиммақомҳои Хуросон, ки ба муқобили шиаҳо ва Аббосиён бештар ва қатъитар мубориза бурдааст, ҳамон Наср ибни Сайёр (738-748) мебошад.[3]

Дар нимаи дувуми солҳои 40-уми асри VIII вазифаи сардорӣ намудани муборизаи зидди хилофати Умавиҳоро Абӯмуслим, ки мубтакири табаддулоти Аббосиён буда, баъдҳо шӯҳрати зиёде пайдо намуд, ба зиммаи худ гирифт.

[1] Пайравони мазҳаби шиа.

[2] Петрушевский И.П., 1966, с. 38-57.

[3] Бартольд В.В., 1963 б, с. 246-250.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …