АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Намак — фоида ва зарари у

Намак — фоида ва зарари у

Намак — ин чизест, ки барои лазиз гардонидан ба ғайр аз шириниҳо ба таомҳо меандозанд ё мепошанд, дар об гудохта мегардад. Намак ба шакли санг низ ҳаст, ки онро намаксанг меноманд ва инчунин ғайр аз сангин ҳам вуҷуд дорад.

  Мизоҷи намаки талх дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк аст.

  Мегӯянд, ки ин намак барои одамони сардмизоҷ ва ҳазми таом, барои дафъ кардани гаронии меъда фоида дорад, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро мекушад, оруғ меоварад, бодҳоро дафъ мекунад. Ба одамони гарммизоҷ барои гурда ва хичак зарарнок аст, исҳол меоварад, маниро рақиқ мегардонад. Давои ин зарарҳояш бо равғани тозаи гов ва бо равғани буз истеъмол кардан аст.

  Мизоҷи намаки таом дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Ахар намак чӣ қадар талхтар бошад, мизоҷаш ҳамон қадар гармтар мегардад.

намак

  Хислатҳои шифобахши он:  Хусусиятҳои умумии ҳамаи намакҳо: балғам, савдо ва сафроро бо исҳол дафъ мекунад, рутубатҳои часпакро нест менамояд, гиреҳҳои баданро мекушояд, дар меъда ҳазм ёфтани таомро таъмин мекунад, вайрон шудани таомро манъ месозад, иштиҳо меоварад, ранги рухсорро некӯ мегардонад, хислати бади ғизоҳои сардмизоҷро ислоҳ мекунад, мазаи таомҳоро некӯ ва форам мегардонад.

  Намаки сафеди софи шаффофро бо сирко сиришта бимоланд, ширинча ва шукуфаи пӯст ва бо сабир (алоэ) сиришта бимоланд, назлаҳоро дафъ мекунад.

  Ин гуна намакро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, шилпуқӣ, гули чашм ва пардаи дудмонанди ба чашм афтодаро дафъ мекунад, чашмро равшан мегардонад.

  Ин намакро бо марворид даромехта бимоланд, чирки дандонро нест мекунад.

  Намакобро дар даҳан гардонанд, милки дандонро мустаҳкам мекунад ва баъд аз кандани дандон рафтани хуни онро манъ менамояд. Хусусан намаки сӯхта дар ин бобат беҳтар аст. Агар инро дар сирко ҳал карда, он сиркоро дар даҳан гардонанд, ҳамин гуна таъсирро дорад.

  Намаки софи барроқ ва намаки нефтиро, ки сиёҳранг аст ва навъҳои дигари инро бихӯранд, балғами часпакро аз узвҳои даруни сина меканад. Намаки нефтиро бо асал ва сирко даромехта бихӯранд, дарди гулӯ ва варами забончаи ҳалқро шифо мебахшад.

  Намаки нефтиро хӯрда қай кунанд, барои исҳоли хунин бағоят фоида мебахшад. Инро бо сиканҷабин (сиркоасал) даромехта бихӯранд, меъдаро аз чизҳои зарарнок ва зиёдатӣ пок мегардонад.

  Ҳар як навъи намакро бихӯранд, балғам, савдо ва зардобро бо исҳол дафъ мекӯнад, рутубатҳои часпакро хориҷ менамояд, гиреҳҳои ӯзвҳои баданро мекушояд, иллати дар меъда ҳазм наёфта хориҷ шудани таомро ба ислоҳ меоварад,вайрон шудани таомро дар меъда манъ мекунад, иштиҳоро бармеангезад, рӯдаҳоро шустушӯ медиҳад, ва барои аз ҷоҳои дур ва чуқури бадан дафъ кардани моддаи савдо мадад мерасонад, бадҳазмии таомро нест ва пайдошудани иллати махавро манъ мекунад, хусусан намаки нефтӣ дар манъ кардани иллати махав беҳтар аст. Намаки сафеди соф ва барроқ барои дардҳои меъдаи сардмизоҷ давои хубест. Агар инро бо сиканҷабин бихӯранд, истисқо (водянка) ва бемориҳои савдовӣ, инчунин балғамиро шифо мебахшад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд. Агар инро бо давоҳои исҳоловар бихӯранд, ахлоти балғамӣ ва савдовиро канда, аз бадан хориҷ мегардонад, гиреҳҳоро мекушояд.

  Намаки сафедро бо пудинаи кӯҳӣ (кийикӯтӣ), равған ва хамири нон даромехта гузошта банданд, варамҳои балғамии хояҳоро таҳлил медиҳад. Агар намаки сафедро бо пудинаи кӯфтагӣ, банги девона ва асал сиришта гузошта банданд, захм ва решҳои закарро шифо мебахшад.

  Намаки сӯхтагиро бо тухми зағир якҷо кӯфта гузошта банданд, заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад. Агар инро бо пудинаи кӯҳӣ гузошта банданд, заҳри афъиро дур месозад, бо равғани зайтун кӯфта гузошта банданд, чунин таъсирро дорад; бо пудинаи кӯҳӣ ва равғани гов даромехта гузошта банданд ҳам, таъсири заҳри афъиро мешиканад. Ин намакро бо кафки собун сиришта гузошта банданд, варами бодӣ ва балғамиро тахдил медиҳад; бо пудинаи кӯҳӣ ва асал барои варамҳои балғамӣ дору мебошад; бо хоки оташдон ва асал даромехта гузошта банданд, хуни дар таги пӯст шахшударо таҳлил медиҳад, яъне мегудозад, инчунин варамҳои балғамӣ ва оби ба ягон узв фуромадаро пароканда мегардонад; бо хамиртуруш даромехта гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мепазонад; бо асал ва равғани зайтун даромехта бибанданд, низ пучак ва чиртакҳоро мекафонад.

  Намакро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, барои хориш, кӯтур, захми обила ва махав; бо ҳино кӯфта бимоланд, барои милкаки нохун дору мешавад; бо асал ва пудина сиришта бимоланд, мӯрчагазакро аз паҳн гаштан манъ мекунад; бо равғани зайтун ва сирко даромехта бимоланд, хориши балғамиро дафъ мекунад, ба шарте ки он узвро ба оташ наздик доранд, то арақ кунад.

  Бо намакоб мӯрчагазак, реши хӯранда ва дигар ҷӯшишҳои баданро бишӯянд, ҳамаи онҳоро дафъ мекунад. Ва бо он шустушӯ кунанд, ранги рухсорро некӯ мегардонад, ирқуннасо (радикулит)-ро даво мебошад.

  Намакро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад ва намегузорад, ки обила кунад.

  Чун намакро маҳин ос карда, бо равғани зайтун сиришта, латтаро ба он олонда, ба ҷойи хунгирифта ё хатна кардашуда ва ғайри он гузоранд, рафтани хунро ба зудӣ мебандад.

  Намакро бо равғани зайтун ва ғайри он, зифт ва асал сиришта гузоҳта банданд, нотавон гаштани мушакҳо, кӯфтагии аъзо, беҷо шудан ва аз ҷойи худ бадар рафтани устухон — ҳамаашро шифо мебахшад. Агар инро бо орди гандум даромехта бибанданд, печиши асабро ислоҳ мекунад; бо равғани зайтун сиришта гузошта банданд, мондагиро дафъ мекунад. Намакро тафсонида гузошта банданд, дардҳоеро, ки аз сардӣ, аз балғам ва аз бод бошанд, таскин медиҳад; инчунин бо ҳазориспанд, бо сабӯси гандум ва бо биринҷи кӯфтагӣ даромехта, гармбандӣ кунанд, низ ҳамин фоидаро дорад.

  Вале хӯрдани намак ба майнаи гарммизоч зиён мекунад, чашмро торик мегардонад, хориши баданро ба амал меоварад, инчунин ба одамони нимҷон зарар дорад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш кокутӣ, чарбиҳо ва чизҳои сардмизоҷи тар хӯрдан аст.

  Яке аз хислатҳои озмудашудаи намак он аст, ки чун 10,5 грамм намакро дар вақти бурҷҳои фалакии Ақраб ва Саратон аз уфук баромадан дар хонаи бемор ба оташ гузоранд, агар намаки тафсида баъд аз ҷастан майл ба даруни хона кунад, яъне ба тарафи даруни хона биҷаҳад, он бемор шифо меёбад ва агар ба сӯйи берун майл кунад, шифо намеёбад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …