Тибқи назари Бонки милии Тоҷикистон «Амонатро»-ро ба 3-шакл тақсим карда шудааст, аз ҷумла:
- Амонатҳои муҳлатнок;
- Амонатҳои пасандозӣ;
- Амонатҳои дархостӣ;
Амонати мӯхлатнок чист? — Амонати муҳлатнок ин маблағи пулие, ки аз ҷониби одамон ё корхонаҳо дар бонк ва ё ташкилотӣ молиявӣ бо шарти гузоштани пули онҳо дар муҳлати муайян мебошад. Яъне масалан шумо маблағи 1000 доллари ИМА-ро дар бонк ба муҳлати 2 сол гузоштаниед. Аз рӯи амонатҳои муҳлатнок ба мизоҷон бонкҳо фоизи истифодабариро медиҳанд, ки ин нисбати дигар намуди амонатҳо ниҳоят баланд аст.
Амонати пасандозӣ чист? — Амонати пасандозӣ ин як намуди амонатест, ки барои шахсони воқеъӣ таалуқ дошта муҳлати муайян барои нигаҳдорӣ дар бонк надорад ва дилхоҳ вақт ба он маблағи иловагиро зам карда мешавад ва ё қисме аз онро баргардонида гирифта мешавад;
Амонати дархостӣ чист? – Амонати дархостӣ ин намуди амонатест, ки соҳибони он дилхоҳ вақт метавонанд аз бонк онро талаб карда гиранд ва ё ба болои он маблағи иловагиро зам намоянд. Амонатҳои дархостӣ барои шахсони ҳуқуқӣ таъиноти истифодаи ҳуқуқӣ доранд. Яъне шахсони воқеъӣ (одамон) ҳақ надоранд, ки амонатҳои дархостиро истифода баранд.
Бояд гуфт, ки нозукиҳои намуди амонатҳо вобаст аст аз қонунгузории ҳар як кишвар. Масалан намудҳои амонат дар давлатҳои исломӣ аз ҷумла Эрон, Арабистони Саудӣ ва ғайраҳо мутобиқи қонунҳои шариат ба танзим дароварда мешванд ва аз шаклҳову шартҳои амонатҳои Тоҷикистон ва дигар давлатҳои демократӣ фарқияти куллӣ доранд.
Қайд намуд, ки масалаҳои марбут ба амонатро дар кишвари мо, тавассути Дастурамали №171 «Дар бораи кушодан, аз нав ба расмият даровардан ва бастани суратҳисобҳои бонкӣ аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.