АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Наъноъ дар Канзи Шифо (Китоб)
Пудинаи Боги

Наъноъ дар Канзи Шифо (Китоб)

Наъноъ —  дар баъзе маҳалҳо тоҷикон пудинаи боғӣ ҳам меноманд. Баргҳояш назар ба баргҳои пудина резатар, нозуктар ва суфтаву ҳамвортар аст. Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: наъноъ дар ҳама ҷиҳатҳои тиббӣ қавитар аз пудина мебошад. Агар инро бихӯранд, гармӣ мебахшад, фараҳ меоварад, дилро қавӣ мегардонад, хуни ғафсро рақиқ (суюқ) месозад, моддаҳои хунукмизоҷро пароканда менамояд. Наъноъи тарро бо орди ҷав даромехта, ба пешонӣ бимоланд, дарди сарро, ки сабабаш хунукӣ бошад, шифо медиҳад.

Оби наъноъи тару тозаро дар офгоб ғафс гардонанд, инро усораи наъноъ мегуянд. 0,5 грамм усораи наъноъро дар равғани гулисурх ҳал карда, дар бинӣ то се дафъа бирезанд, ханозер (хукгардан)-ро шифо мебахшад. Агар ин усораро дар шаҳдоб ҳал карда, нимгарм бичаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.

Наъноъро кӯфта бар забон бимоланд, дағалии онро дафъ мекунад. Ва агар инро бихоянд, дарди дандонро сокин мекунад. Усораи инро биёшоманд, хунравӣ ва хун қай карданро қатъ мекунад; дарди узвҳои даруни сина ва паҳлӯро шифо мебахшад; рутубатҳои қасабаи шуш, худи шуш ва узвҳои даруни синаро мепазонад ва барои хориҷ гаштан муҳайё месозад, инчунин узвҳои даруни синаро аз моддаҳои зарарнок пок мекунад.

Чун наъноъро бо сунбул якҷо дар об биҷӯшонанд ва он обро бинӯшанд, дарди дил ва тапидани меъдаро шифо мебахшад; қуввати мосикаи (нигоҳдорандагии) узвҳои ҳозима (меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз) ва сари (даҳани) меъдаро қавӣ мегардонад, оруғро барҳам медиҳад, қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, дафъ мекунад, инчунин ҳамаи навъҳои кирми шикамро мекушад; агар наъноъро бо сирко бихӯранд, хунравиҳоро манъ мекунад.

Ду-се шохи наъноъро бо оби анори турш биёшоманд, ҳиккак (ҳиқичоқ)-ро таскин медиҳад; беҳузур (беҷо) шудани дил, қай ва исҳолро манъ мекунад, иштиҳо

меоварад, ташипи меъдаро барҳам медиҳад, дарди дил ва дарди меъдаро ба ибро меоварад. Чун наъноъро бо камтар мустако бихоянд, ҳиккак ва дшггапакро барҳам медиҳад, дилро қувват мебахшад, фараҳ меоварад, зардпарвинро дафъ мекунад ва боҳро (пушти камарро) қавӣ мегардонад. Наъноъро бо тухми анор бихӯранд низ исҳолро мебандад.

Чун ду-се шохи онро дар шир бимоланд, монеъи баста шудан, яъне ғафс гаштани он шир мегардад. Наъноъро бо сирко ва дигар туршиҳо бихӯранд, намегузорад, ки он туршиҳо ба асабҳо зарар расонанд, инчунин онро бо маҳсулоти ширӣ бихӯранд низ, ҳамин таъсирро дорад. Хуллас, наъноъро дар сиканҷабинҳо ва дӯғоб дохил менамоянд, инчунин инро бо панир низ мехӯранд.

Наъноъро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, меъдаро гарм ва қавӣ мегардонад ва иштиҳоро баланд мекунад. Инро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, шири дар пистон шахшударо ҳал ва равон мекунад, вале худашро батанҳоӣ кӯфта гузошта банданд, барои бавосир даво мешавад; бо мавизи ангур сиришта гузошта банданд, варами хояро таҳлил ва дарди онро таскин медиҳад.

Агар занон пеш аз муҷомаат наъноъро хуб кӯфта аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад. Вале хӯрдани наъноъ бод пайдо мекунад ва агар бисёр бихӯранд, дар гулӯ хоришро ба амал меоварад. Давои ин зарарҳояш карафс хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз наъноъ дар як рӯз то 9 грамм мебошад. Наъноъро бо намак якҷо кӯфта гузошта банданд, заҳри саги девона газидаро дафъ мекунад. Агар онро хоида гузошта банданд, шиддати заҳри каждумро мешиканад. Наъноъро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мепазонад ва ба онҳо дору мебошад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …