Наск — Ин растанӣ ду навъ аст: саҳроӣ ва бӯстонӣ, ки зироат мекунандаш. Тухми саҳроии он назар ба бӯстониаш майдатар ва гирдак мешавад, вале тухми бӯстонӣ — зироатии он кулӯла не, балки паҳнтари гирдак ва калонтар аз саҳроӣ мебошад, саҳроияш талх аст. Мизоҷаш дар гармиву сардӣ моил ба эътидол ва дар дараҷаи дувум хушк аст. Ба қавли баъзеҳо, дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусияти поккунандагӣ дорад, боднок, дерҳазм, хуни савдовӣ ва худи савдоро дар бадан пайдо мекунад; фишори баланди хунро паст мегардонад ва хунро ғафс менамояд, инчунин ҳаракати хунро дар рагҳои бориктарин манъ мекунад, боиси дидани хобҳои бад ва мушавваш, инчунин сабаби торикии чашм мегардад.
Наскро бо юнучқаи зардак якҷо кӯфта гузошта банданд ва бо оби биҳӣ ё бо равғани гулисурх сиришта гузошта банданд, назла ва варамҳои гарми чашмро дафъ мекунад. Инро бо сирко пухта гузошта банданд, барои варамҳои гарм, шаро (аллергия), сурхбод ва ханозер (хукгардан) даво мешавад; ва агар танҳо бо об пухта гузошта банданд, назлаҳоро манъ мекунад. Агар сӯхтаи онро бимоланд, сустӣ ва гаронии пилкҳои чашмро шифо мебахшад, дандонҳоро сафед мегардонад.
Наскро дар об ҷӯшонида, бо он об ғарғара кунанд ё он обро дар даҳан гардонанд, пухтани даҳан ва дарди гулӯро шифо мебахшад ва агар ба ин об оби шоҳтут илова намоянд, зудтар асар мекунад. Хӯрдани наск барои бемориҳои узвҳои даруни сина, шуш, сурфа ва дарди узвҳои даруни сина даво мегардад.
Сӣ адад наски муқашшарро фурӯ баранд, вайрон шудани феъли меъдаро ислоҳ мекунад. Наскро бо сирко муҳарро пухта биҳӯранд, меъдаро кувват мебахшад. боднок намекунад, вале бе сирко пухта бихӯранд, бодангез аст. Наскро кӯфта, бо оби карами тоҷикӣ хамир сохта гузошта банданд, варами пистонро мегардонад ва шири дар он шахшударо таҳлил медиҳад; агар онро бо асал хамир карда гузошта банданд, захмҳои чуқур ва фурӯрафтаро шифо мебахшад.
Хоми наскро ҳангоми дар пӯсташ будан бо чанд дона мурч кӯфта, гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва дарди онҳоро низ сокин мекунад. Агар онро бо пӯсташ пухта бихӯранд, ҳамаи навъҳои нағзакро (гулакро) шифо мебахшад, хусусан бо сирко ё бо оби ғӯраи ангур пухта бошанд, дар ин бобат қавитар мегардад. Аз он оши суюқ пухта, турш карда, бо равғани бодоми ширин ба одамони аз беморӣ нав хеста ҳамчун ғизои сабук медиҳанд ва инчунии пеш таб мегирифта бошад, дигар намегирад.
Наскро кӯфта, бо сафедаи тухми мурғ хамир сохта гузошта банданд, доначаҳои мӯрчагазак, сурхбод ва кафидагии пойро шифо мебахшад; чун бо сирко пухта гузошта банданд, аз таъсири сармо кафидани пӯст, ханозер ва варамҳои сахтро сиҳат мебахшад; инро бо равғани гулисурх сиришта бибанцанд. варамҳов меъдаро таҳлил медиҳад; бо орди тафсонида даромехта гузошта банданд, ниқрис (подагра)-ро шифо мебахшад. Наскро бо тухми харбуза якҷо кӯфта гузошта банданд, башараро аз ҳар гуна доғҳо пок месозад ва зардии рухсораро дафъ мекунад.
Хӯрдани наск ба одамони савдовимизоҷ, меъда ва чашми заиф, гирифтори иллатҳои қулинҷ, бавосир ва душвор пешобкунанда зарар дорад. Агар наскро бисёр ва бардавом бихӯранд, дар бадан хуни савдовӣ пайдо мекунад, хунро месӯзонад, чашмро хира мегардонад, ба иллати молихулиё гирифтор мекунад, мумкин аст иллатҳои саратон ва махавро ба амал оварад ва инчунин варамҳои сахтро ба ҳам мерасонад; агар хӯроки наскиро бо шириниҳо бихӯранд, ба иллатҳои истисқо, кулинҷ, бавосир ва душвор шошилан гирифтор мекунад, ҳатто пешобро мебандад, ҳайзро қатъ менамояд, баданро қоқ месозад, боҳро ҳам сокин мекунад, инчунин боиси дидани хобҳои мушавваш мегардад, чашмро торик мегардонад. Давои ҳамаи ин зиёнҳояш наскро муҳарро пухта, бо равғани кунҷиди тоза ё бо равғани бодоми ширин ва ё бо сирко ва гӯшти фарбеҳ пухта хӯрдан аст. Бадтарини ҳамаи он бо моҳии намакин хӯрдан мебошад.
Ба ҷойи наск мошро истеъмол фармоянд, раво мебошад. Оберо, ки дар он наски бӯстониро бо пӯсташ пухта бошанд, биёшоманд, дарунро мебандад ва ҳайзу пешобро кам мекунад, вале оби пухтаи саҳроияш баръакси он: ҳайз ва пешобро равон месозад, исҳол меоварад.