Дар эҷодиёти С. Улуғзода насри бадеӣ, асосан, баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеъ пайдо мекунад. Дар очерку ҳикояҳои «Атака» (1944), «Бибӣ» (1946), «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ» (1950), «Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер» (1967) воқеаҳои даврони шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор гириф- таанд. Воқеаи ҳикояи «Марги ҳофиз» (1972) бошад, дар Ҳиндустон рӯй медиҳад. Падар — ҳофизи бузург фарзанди хоинашро меку- шад ва баъдтар худро низ ҳалок месозад. Моҷарои падару писар ва ҳифзи Ватан аз мавзӯъҳои қадимии адабиёти ҷаҳон мебошад, ки дар ҳикояи «Марги ҳофиз» тамоман ба таври нав тасвир ёфта- аст.
Нахустин асари калонҳаҷми С. Улуғзода дар соҳаи насри бадей қиссаи «Ёрони боҳиммат» (1947) мебошад, ки ба воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанй иртибот дорад. Дар асар образҳои Зайнаб, Ҷӯрабек ва Ориф мавқеъ доранд. Зайнаб аз майдони ҷанг «хатти сиёҳ» мегирад, ки шавҳараш Ҷӯрабек дар муҳориба қаҳрамонона ҳалок гардидааст. Ӯ баъди як соли мотам ба хотири аз гапу калочаҳои мардум раҳоӣ ёфтан ба Ориф Каримов ном муҳандис издивоҷ мекунад. Вале дере нагузашта аз шифохонаи низомиёни шаҳри Тошканд мактуби Ҷӯрабек ба дасти вай мерасад. Лаҳзаи ҳассоси асар он аст, ки Зайнаб ду шавҳари қонунӣ дорад ва инти- хоб дар ихтиёри ин зани дар ҳолати парешонӣ қарордошта мебо- шад.
Зайнаб баъди андеша ва муҳокимаҳои зиёди мантиқиву ахлоқӣ шавҳари аввалаашро интихоб карда, дар беморхона мегӯяд: «Ман Ҷӯрабекро гирифта мебарам». Зайнаб бо ин сухан масъулияти азимеро дар зиндагӣ ба уҳда гирифт, то ки Ҷӯрабеки аз пову даст маҳрумгаштаро наҷот бидиҳад ва ӯро дубора ба ҷодаи зиндагӣ раҳсипор созад.
Аввалин романи С. Улуғзода «Навобод» (1953) мебошад, ки он ба масъалаҳои муттаҳидкунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ободонии деҳоти тоҷик дар даврони шӯравӣ бахшида шудааст. Ин асар дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик мавқеи муайян дорад.
Асарҳои насрии «Восеъ» (1967), «Ривояти суғдӣ» (1975), «Достонҳои «Шоҳнома» (1976; 1977), «Фирдавсӣ» (1985) ба мавзӯъҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Дар эҷодиёти С. Улуғзода охирин асари калонҳаҷми ӯ — «Фирдавсӣ» мавқеи босазо дорад. «Фирдавсӣ» романи муҳташам буда, мавзӯъ ва масъалаҳои зиёди ватанпарастиву хештаншиносиро дар бар мегирад. Нависанда дар маркази сужети роман нақши Ҳаким Фирдавсиро гузошта, ӯро ба сифати шоири ҳақҷӯ, ростгӯ, ватанпараст, додхоҳ ва олиҳиммат тасвир менамояд. Дигар образҳои асар, аз ҷумла Фотимабону (ҳамсари Фирдавсӣ), Манижа ва Ҳушанг (фарзандони Фирдавсӣ), Абӯ Дулаф, Муҳаммад Лашкарӣ, Ҳусайн Қутайб, Салоҳиддини дуредгар, Унсурии шоир дар такмили образи асосӣ саҳм гирифта- анд. Адиб бо эҷоди «Фирдавсӣ» дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик як навъи тозаи романнависиро кашф намуд.
«Субҳи цавонии мо» қиссаи тарҷумаиҳолӣ буда, соли 1954 ба табъ расидааст. Сотим Улуғзода анъанаи ёддоштнависии ада- биёти тоҷик, аз ҷумла «Ёддоштҳо»-и С. Айниро идома додааст. Қисса аз 57 боб иборат аст ва дар он воқеаҳое тасвир гардидаанд, ки солҳои 1916-1926 дар деҳоти атрофи шаҳри Тӯси вилояти На- мангон ва шаҳри Тошканд ба вуқӯъ омадаанд. Мундариҷаи асар дар атрофи як оилаи деҳқони тоҷик (Умархон бо ҳамсараш ва писарҳояшон — Азиз, Собир ва Мухтор) баҳс мекунад.
Ҷараёни воқеа аз номи Собири хурдсол, ки таҷассуми даврони кӯдакии нависанда мебошад, баён мегардад. Панҷ боби авва- ли қисса зиндагии оилаи Умархонро дар деҳа дар бар мегирад. Собир дар аввал дар хусуси деҳа, падар ва модари худ ва лаҳзаҳои беғамиҳои кӯдакӣ ҳикоя мекунад. Шароити танги зиндагӣ ва мах- сусан, хушксолию гуруснагии соли 1918 Умархонро маҷбур месо- зад, ки ба Тошканд кӯч бандад ва ба заводи пахта ба кор дарояд.
Собир дар бобҳои «Ба завод», «Дӯстони нав», «Лаклак», «Насиҳати падар», «Фаранҷӣ», «Рӯшноии ҳаёти нав» дар бораи шароити мусоиди зиндагӣ ва дӯстиву рафоқаташон ба ҳамсояҳои русзабони худ бо муҳаббату самимияти хос сухан меронад. Вале ин зиндагии осудаҳолонаи онҳо ҳамагӣ дуюним сол давом меку- наду халос. Модари Собир ногоҳ бемор шуда, вафот мекунад. Падар ҳамроҳи Собиру Мухтор ба деҳа мекӯчад. Баъди чанде ба дидорбинии Азиз ба Тошканд рафта барнамегардад. Собир ҳолати худро аз шунидани хабари вафоти падару бародараш дар боби «Ятимӣ» чунин баён кардааст: «Шабро зор-зор гирис- та саҳар кардам. Барои он ки Мухтор аз хоб бедор нашавад, са- рамро ба кӯрпа печонда бесадо мегиристам. Саргузаштҳои умри ёздаҳсолаам ба ёдам меомаданд… »
Дар бобҳои минбаъдаи асар Собир чанд муддат дар макта- би Муллозайниддин, чанд муддат дар мактаби нави деҳа ва баъд дар интернати шаҳри Тӯс таҳсили илм мекунад. Соли 1925 Собир чун талабаи пешқадам ба Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд роҳхат мегирад.
Дар чанд боби минбаъдаи «Субҳи ҷавонии мо» таҳсили Со- бир дар Дорулмуаллимин тасвир ёфтааст. Аз ҷумла, дар боби «Халқи худро шинос» Собир таассуроти худро аз суҳбати профес- сори рус Михаил Степанович Андреев, ки бо лаҳҷаи софи тоҷикӣ «ассалому алайкум, бачаҳо!» гӯён ба синф даромада буд, баён ме- созад: «Олими рус, ки нахустин бор ба ман «халқи худро шинос» гуфта буд, як умр дар хотири ман монд».
Собир айёми таътил ба деҳа меравад ва чанд муддат ба Мухтор ҳамроҳй карда, боз аз пайи таҳсил дар Дорулмуаллимин мешавад.
Дар қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» зиёда аз сй персонаж амал мекунад. Собир чун
қаҳрамони асоси дар тамоми воқеаҳои қисса фаъолона ширкат дорад. Махсусан, дӯстИ ва рафоқат ба Лёня, Паша, Серёжа барин кӯдакони рус боиси забондонИ ва инкишофи ҷаҳонбинии Собир гардид. Ҳангоми аз Тошканд ба деҳа кӯч бастан Серёжа ба Собир китоб медиҳад:
— Ма, Собир, ин ба ту ёдгорИ, — гуфт вай китобро ба ман да- роз карда.
Ин ҳамон китоб буд, — китоби мусаввар бо суратҳои ҳайвонот ва мурғони ёбоИ, ки ман онро ҳар дафъа бо шавқу ҳавас варақ мезадам ва аз тамошояш сер намешудам. Серёжа медонист, ки ман ин китоби ӯро аз ҳамаи китобҳои дигараш дӯсттар медорам, бинобар ин, хостааст дар дами ҷудоИ онро ба ман бахшад. Ман аз шодИ саросема шуда гумон кардам, ки Серёжа ҳазл мекунад. Аммо вай ҳазл намекард ва бо табассуми гарми дӯстона мегуфт:
— Ҳар вақте ки варақ задИ, маро ба ёдат меорИ.
— Хуб, — розИ шудам ман. — Раҳмат.
Дар қисса симои падари Собир — Умархон низ барҷаста тас- вир гардидааст. Дар тамоми асар зӯри бозу ва қуввату ғайрати Умархон равшан эҳсос мешавад. Ӯ корро манбаи ризқу рӯзии ин- сон медонад. «Дастони пурзӯри кормуштоқашро ба ҳар коре, ки рост ояд, мезанад». Таркиби Дастони пурзӯри кормушток, майлу рағбати Умархонро ба меҳнати ҳалол басо дилчасп ифода наму- дааст. Умархон ба ҳар коре, ки даст мезад, онро бо тамоми ҳастИ ба ҷо меовард. Бинобар ин, фаъолияти кории ӯ чун гӯштингириаш ба мушоҳидачиён ҳаловат мебахшид. Боре бародари Умархон аз каландзании додараш ба шавқ омада мегӯяд:
— Худо ба ту аҷаб зӯру қувват дода будааст, Умархон!
— Ҳо, лекин мулк надод, обу замин надод, ки ман ин зӯру қувватро дар онҳо кор фармоям.
Улуғзода дар чанд ҷойи асар ба панду насиҳат майл дошта- ни Умархонро ишора намудааст. Умархон мехоҳад, ки панду ҳикматҳои ӯро ҳама аҳли оила шунаванд. Дар ин ҳолат дар каломи ӯ баёни мантиқИ, таркибҳои ҳикматомез ва мақолу зарбулмасалҳо мавқеъ пайдо мекунанд: «Падарам суханашро давом дода гуфт:
— Аз ҳама гандатар се чиз аст: якум дуздИ, дуюм ятимонро озор додан, сеюм бахилИ… Худо дуздро аз ҳама гандатар мебинад — аз барои чӣ? Худо ба одам зӯру қувват медиҳад ва мефармояд, ки ин зӯру қувватро кор фармуда ризқи худатро пайдо кунӣ, дузд бошад, ин чизи табаррукро[1] (яъне, зӯру қувватро) ба гандагӣ сарф мекунад. Дузд бекор аст, аз бекор — Худо ҳам безор… »
Дар «Субҳи ҷавонии мо» образи занон, аз ҷумла модари Со- бир, Зебӣ, Нисохон бо муҳаббату самимият ва воқеӣ ба тасвир омадааст. Модари Собир зани порсо, босавод ва оқила мебошад. Ӯ Зебӣ ном духтари хоҳаршӯяшро баробари фарзандонаш тарбия мекунад ва ба ин духтари ятим хондан ва навиштанро ёд медиҳад.
Дар маҳаллаи Шиблии Тошканд то ба кори завод даромада- ни Умархон оилаи онҳо рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронад. Дар ин айём модари Собир бори зиндагиро баробари шавҳар, ҳатто аз ӯ зиёдтар ба дӯш мегирад: «Модарам доим чеҳрааш хира буд, кам гап мезад. Саҳар аз ҳама барвақт мехест ва шаб аз ҳама дер мехобид. Кӯдакашро парасторӣ мекард, хӯрок мепухт, либос ме- шуст, аз субҳ то шом кор мекард ва шаб боз бача мемаконд ва гаҳвора меҷунбонд. Гули рӯяш хазон шуда буд».
Дар мисоли боло нависанда ба воситаи ҷумлаҳои содаи хул- лас ва тафсилӣ вазъияти тоқатфарсои модари Собирро бомаҳорат тасвир кардааст. Махсусан, ҷумлаи «гули рӯяш хазон шуда буд» бо маънии рамзии худ ба ҷисму ҷони модар таъсири корӣ расо- нидани шароити ноҳинҷорро басо муассир ҷамъбаст намудааст.
Қиссаи тарҷумаиҳолии «Субҳи ҷавонии мо» бо забони фасеҳу дилкаш, услуби рехтаи баён, фарогирии ҳодисаву воқеаҳои давр ва ҷамъбастҳои бадеии онҳо дар адабиёти давраи нави тоҷик мавқеи сазовор дорад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- С. Улуғзода кай ба насри бадеӣ ҷиддан рӯ меорад?
- Асарҳои калонҳаҷми насрии нависандаро ном баред.
- Сабаби ба мавзӯъҳои таърихӣ рӯ овардани нависанда дар чист?
- Чаро «Субҳи ҷавонии мо»-ро қиссаи таърихӣ номидем ?
- Образҳои қиссаро ном баред.
- Чаро Собир рафиқони давраи бачагиаш — Лёня, Паша ва Серёжаро ба некӣ ёд мекунад ?
- Дар бораи образи Умархон чӣ медонед ?
- Образи занон дар ин асар чӣ гуна тасвир гардидааст?
Оид ба забони асар маълумот диҳед.
[1] Табаррук — баракатдошта, муборак.