АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Навшодир чист ва чи фоида дора?

Навшодир чист ва чи фоида дора?

Навшодир (ба русс. нашатырь) —  Ин моддаи сахти маълум ва монанди шӯра ва намак сафед аст.   Мизоҷаш дар охири дараҷаи севум гарм ва дар аввали дараҷаи севум хушк аст.   Хислатҳои шифобахши он: навшодирро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, захми онро ба ҳам меоварад, обравии чашмро, ки аз хунукӣ бошад, дафъ мекунад.

Навшодир

Агар инро дар оби судоб ҳал карда, бо он об ғаргара кунанд, зулуки дар ҳалқ часпидаро дафъ менамояд.   Агар навшодирро бихӯранд, чирк ва рими узвҳои даруни синаро дафъ мекунад.

  Чун инро бимоланд, дарди гулӯро шифо мебахшад. Навшодирро бо мисли он саргини инсон якҷо намуда, дар оташ гарм карда, муқаттари бухори онро ҳосил намуда, аз он моеъ 4,5 грамм бинӯшанд, тамоми заҳрҳои қотилро аз бадан дафъ мекунад, ки инро аз асрори махфӣ шуморидаанд.

  Хӯрдани навшодир сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки ҳатто ёфтани он душвор мегардад.   Хоҳ инро гузоштаа банданд ва хоҳ бипошанд, решҳоро хушк мекунад ва хунравиро аз ҷароҳатҳо манъ менамояц, инчунин онҳоро аз риму чирк пок месозад.

  Навшодирро бо равғани тухми мурғ сиришта бимоланд, песро дафъ мекунад: агар бо асал даромехта бимоланд, ба чоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи риш ва сар мӯй мерӯёнад, ширинчаро шифо мебахшад ва агар бо равғани кунҷид сиришта бимоланд, қӯтурро дафъ месозад.

  Навшодирро дар об андохта, он зарфро дар ҷойи намнок гузоранд, вай ҳал мешавад, ё бо сирко ҳал кунанд, ё батакрор онро дуд кунанд, мор ва дигар ҷонварони зарарнок аз он макон мегурезанд.

  Чун маҳлули онро ба коғазе молида, он коғазро ба атрофи худ гузоранд, ҷонварони зарарнок наздик намеоянд.

  Вале 10,5 грамм навшодирро агар бихӯранд, узвҳои дарунро чок-чок ва бурида-бурида гардонида мекушад. Давои ин зиёнаш шир нӯшида, равған, қай ла ва дигар чизҳои чарб хӯрда қай кардан аст.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …