Неҳзати исмоилиҳо [1] тақрибан муддати чорсад сол дар таърихи Осиёи Миёна ва Эрон роли калоне бозӣ кард. Ф.Энгелс навишта буд: «Оппозитсияи револютсионӣ нисбат ба феодализм дар тамоми давраи асрҳои миёна мавҷуд буд. Ин оппозитсия мутобиқи шароити замон гоҳ дар шакли тасаввуф, гоҳ дар шакли бидъати ошкоро ва гоҳ дар шакли шӯриши мусаллаҳ зоҳир мешавад».[2] ҳамаи ин се шаклро дар марҳилаҳои гуногуни неҳзати исмоилия метавон мушоҳида намуд.
Дар асри VIII исмоилиҳо – тарафдорони имом Исмоил, ки ҳафтумин авлоди Алӣ ва Фотима буда, аз тарафи падараш Ҷаъфари Содиқ мардуд гардидааст, як фирқаи хурди сӯфияи шиаро ташкил мекарданд.
Дар охири асри IХ ҳангоми шӯриши қарматӣ[3] ба исмоилиҳо муяссар шуд, ки дар Мағриб ҳокимияти сиёсиро ба даст дароранд ва раҳбарияти фирқаи исмоилия қариб дусад сол дар сари давлати пуриқтидори феодалӣ – хилофати Фотимиён, ки пойтахти он Миср (аз соли 974) буд, қарор гирифт.
Дар асрҳои Х–ХI исмоилия, ҳамчун ҷараёни бидъатомези ба мазҳаби суннии ислом мухолиф, дар саросари Шарқи Миёна, хусусан дар Осиёи Миёна ва Эрон паҳн гардид. Исмоилиҳо аз фалсафаи Юнон истифода бурда, системаи томи таълимоти ратсионалиро инкишоф медиҳанд ва ба ин васила зиёиён, бисёр мутафаккирон ва ходимони барҷастаи давлатиро ба тарафи худ мекашанд. Дар Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки аз Миср то ба ин ҷо роҳи якмоҳаи корвонист, халифаҳои фотимиро ҳокимони «ҷорикунандаи адлу инсоф дар рӯи замин» номида, аксарияти мардум ба ин макри воизони исмоилӣ бовар мекарданд.
Дар охири асри ХI исмоилиҳои Осиёи Миёна ва Эрон аз хилофати рӯ ба таназзул ниҳодаи Фотимӣ алоқаи худро бурида, ҳасан ибни Саббоҳро сардори худ интихоб намуданд. Дар Исфаҳон, ноҳияи Қазвин ва дигар вилоятҳо шӯриши халқ ба амал омад. Исмоилиҳо дар ноҳияи Қазвин давлатчаи худро таъсис карда, қалъаи Аламутро пойтахт қарор доданд. Онҳо як қатор қалъаҳои ишғолкардаи худро ба такягоҳи мустаҳкам табдил дода, ташкилоти махфии террористии бар зидди ҳокимони салҷуқӣ нигаронидашударо барпо карданд. Фидоиёни ин ташкилот ба чусту чолокӣ ва ҷасорат ном бароварда буданд. Одамони мансуб ба аъёну ашроф аз ханҷари фидоии исмоилӣ чунон метарсиданд, ки ҳамеша аз таги ҷома зиреҳ пӯшида мегаштанд.
Моҳи октябри соли 1092 Низомулмулк ба дасти террористони исмоилӣ кушта шуд. Исмоилиҳо баъдтар султон Санҷарро ҳам ба дараҷае тарсонида монданд, ки ӯ фикри ба қалъаҳои исмоилӣ ҳуҷум карданро тамоман аз сари худ дур кард.[4]
Табиист, ки неҳзати дар асрҳои Х-ХIII, дар шароити ҷамъияти гуногунтабақа ва гуногунсинфи феодалӣ ҷараёнёфтаи исмоилия аз ҷиҳати синфу табақа якранг набуд. Қувваи асосии «ҷанги занҷиҳо» ва шӯриши қарматиҳо аввал ғуломони зангӣ, сонӣ деҳқонони безамин ва тоифаҳои кӯчманчии бадавӣ буданд. Аммо футуҳоти ин давра табақаҳои ашрофро, масалан, ашрофи ғуломдорро дар давлати қарматии Баҳрайн ва ашрофи феодалиро дар давлати фотимиҳои Миср низ истифода намуд. Дар тамоми ҳаракати исмоилияи асрҳои IХ–ХI падидаҳои эътирози аҳли меҳнат, эътирози табақаҳои поини шаҳрро аз найрангбозиҳои табақаҳои болоии ашроф, ки доимо мардумро фиреб медоданд, бояд фарқ кард.
Дар неҳзати исмоилия ҷараёнҳои гуногун вуҷуд доштанд. Дар овони шӯришҳое, ки оммаи васеи деҳқонон ва камбағалони шаҳр иштирок доштанд, шиорҳои маздакии баробарии моликият ва адлу инсоф, эътирозҳои зидди зулму истибдод пайдо мешуданд. Дар вақти ҳамчун ҷамъияти махфӣ мавҷудияти худро нигоҳ доштани ташкилоти исмоилӣ ва муқаррар гардидани якчанд дараҷаи огоҳӣ аз назарияи исмоилия фалсафаи ратсионалистӣ ба он роҳ меёбад.
Таълимоти исмоилиён умуман ба муқобили ҳанафияи ислом буд, ки дар аҳди ҳукмронии Салҷуқиён нафақат шарҳу басти озодонаи Қуръон ва масъалаҳои илоҳиётро, балки ҳама гуна таҳқиқоти илмӣ, ҳатто тадқиқи риёзиёт, ҳайъат, тиб ва амсоли онро манъ карда буд, як шакли эътироз ба шумор мерафт.
Ҷиҳатҳои пешқадам ва пешрави идеологияи исмоилии асрҳои Х-ХI-ро бояд таърихан конкрет, дар заминаи воқеияти беамони давр муайян кард. Мардонагии воизони исмоилӣ шоистаи таҳсин аст. Онҳо «дониши» худро, аз ҷумла, илмҳои ақлӣ ва дақиқро ба таъқиботи ваҳшатангез нигоҳ накарда, таблиғ ва интишор менамуданд.
Роли исмоилияи асрҳои IХ–ХI дар бобати нигоҳ доштани анъанаи афкори озод бағоят калон аст. Бесабаб нест, ки аксари муаллифони маҳкамэътиқоди асримиёнагии ислом, аз қабили ан-Надим, Абдулқоҳири Бағдодӣ, Ибни Хазм, Низомулмулк исмоилиёнро хавфноктарин душманони дини ислом ва маҳвкунандагони он номидаанд. Бо вуҷуди ин, исмоилиёни оддӣ соддадилона гумон мекарданд, ки онҳо «барои покизагии дини ислом мубориза мебаранд». Бо чунин усул, яъне «баҳри покизагии дин» ҷорӣ намудани ғояҳои таодулӣ ба бисёр бидъатҳои халқии асри миёна хос мебошад.
[1] Доир ба исмоилия ниг.: Беляев Е.А., 1957; Бертельс А.Е., 1959; Петрушевский И.П., 1966.
[2] К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асарҳо, ҷилди 7, с. 361.
[3] Доир ба исмоилиҳо ва rарматиҳо ниг.:Stern S.М., 1961–1962.
[4] Футуҳоти муuул ба давлати исмоилӣ зарбаи ҳалокатовар расонд. Соли 1256 rалъаи Аламут аз по афтод ва сардори исмоилиҳо — Хуршоҳ ба rатл расид. Пас аз ин исмоилиҳо дигар дар ягон ҷо ба сари ҳокимият омада натавонистанд. Дар Хиндустон ва кишварҳои дигар фирrаи мазҳабии аз ҷамоат дури исмоилия то рӯзҳои мо боrӣ мондаанд. (Доир ба таърихи неҳзати асримиёнагии исмоилӣ ва давлати онҳо тадrиrоти бисёре ҳаст, аз ҷумла: Hodgson М.G.S. ., 1955; Lӯwis Ӣ, 1966; Hodgson М. G. S., 1968.)