Низомии Арўзии Самарқандӣ ё худ «Аҳмад» ном дошта, падару бобояш Умар ва Алӣ будаанд. Тахалусаш — Низомӣ. Лақабаш Арўзӣ будааст. Самарқанд зодгоҳи ўст. Аз рўи анъанаи роиҷи замон, нисбаи ў Самарқандӣ шудааст. Тахмин меравад, ки шояд солҳои 475-80 ҳиҷрӣ (1086-91 мелодӣ) ба дунё омада бошад.
Ҷавони бисёр хушсалиқа, донишомўз, теззеҳне буд Аҳмад. Аз ин хотир, ба бисёре аз илмҳои фарогири ҳамон замон чун ҳисоб, ҳандаса, риёзӣ, нуҷум, кимиё, адаб ворид шуда буд. Ҳамон соле, ки ҳазрати Умари Хайём ба маркази илмию адабии Хуросон, яъне ба Балх ташриф овард (соли 506 ҳиҷрӣ — 1113 мелодӣ). Низомӣ худро ба дидори Хайём расонид. Он вақтҳо Хайём на чун шоир, балки чун ситорашинос, риёзидон, ҳаким маъруфият дошт. Ва азбаски Низомии Арўзӣ ҳам ҳавасманди илмҳои табиӣ буд, Хайёмро чун устоди худ шинохт ва ба соли 530 ҳиҷрӣ (1135 милодӣ) вақте гузораш ба Нишопур афтод, оромгоҳи Ҳаким Хайёмро зи ёрат кард, дуои хайр дод ва қарзи шогирдиро ба ҷо овард.
Дар банди ту, ай шоҳ, Маликшоҳ бояд,
То банди ту пои тоҷдоре сояд.
Он кас, ки зи пушти Саъди Салмон ояд,
Гаҳ заҳр шавад, мулки туро нагзояд.
Рўзгори айёми ҷавонии Низомии Арўзии Самарқандӣ ба як давраи пурфоҷиаи таърихии ҳаёти сиёсии Мовароуннаҳру Хуросон рост омад. Давлати абарқудрати Ғазнавиён туфайли истиқлолхоҳии шоҳону амиронаш ба парокандагӣ рў ниҳода буд. Туркҳои салчуқӣ бо сарварии Султон Санҷар аз ҳокимияти Ғазнавиён саркашӣ карда, дар Марв маркази маъмурии худро бунёд сохтанд ва барои ба сари хоҷаҳои собиқашон — Ғазнавиён теғ кашидан омода шудан гириф танд.
Сарварони қабилаҳои парокандаи тоҷикони воҳаи Ғур (сарзамини кўҳистони Бомиён ва водии Ҳарируд) дар Шимол то Каписою сарҳади Бадахшон ба зери ливои Қутбуддини Маҳмуди Ғурӣ иттифоқ оростанд ва талабу фармонҳои
султон Масъуди Ғазнавиро писанд намекардагӣ шуданд.
Дар Самарқанду Бухоро қарлуқҳои биёбонгарди кўчии Қарохонӣ сар дароварданду даъвои ҳокимият карданд. Ана, дар ҳамин вазъияти парешонии мулку диёр Низомии Арўзии Самарқандӣ сар ба ҳар дар мезад, то харидоре ёбад, ки туфайли илму донишаш ва ё ашъори шогирдонааш мояи зиндагӣ пайдо кунад. Наёфт. Ҳатто соли 510 ҳиҷрӣ (1117 мелодӣ) қасидаи мадҳияе навишта, худро ба дарбори Салчуқиён, ба амирушшуарои ин дарбор — Амир Муиззӣ муаррифӣ кард. Амир Муиззӣ ҳам ба гўши ў насиҳати бисёре хонду аз дар ронд.
Дар тақдири баъдии Низомии Арўзӣ пошхурии давлати Ғазнавиён ва дар охирҳои асри XI ба сари қудрат омадани ҳокимияти тоҷикони Ғур роли муассире бозид. Низомии Арўзӣ худро ба дабирии дарбори Ғўриён зад ва “Бандаи мухлис…чиҳилу панҷ сол то ба хидмати ин хонадон мавсум шуд”.
Ва дар ҳамин ҷо тўли 10 соли охири зиндагонӣ китобчаи ёддоштмонанде бо унвони “Чаҳор мақола” аз нўги қалами ў рўи қоғаз рехт. Дар мақолаи якуми китоб сухан аз бобби ҳунару истеъдоди дабирӣ (котибӣ) меравад, мақолаи дуюм ба масъалаи шеъру шоирӣ бахшида шудааст, илми нуҷум ва дониши омўхтаи мунаҷҷим дар он илм мақолаи сеюми китобча аст. Мақолаи чаҳорум “Дар илми тибб ва ҳидояти табиб” ном дорад.
Ҳамаи ҳикоёт ва ривоёт аз рўзгори онҳое ҳаст, ки дар унвони мақола ишора шудааст. Инак, яке аз он ҳикояҳо аз рўзгори шоири шинохтаи маддоҳи дарбори Ғазнавиён Масъуди Саъди Салмон:
ҲИКОЯИ РЎЗГОРИ МАСЪУДИ САЪДИ САЛМОН АЗ КИТОБИ “ЧАҲОР МАҚОЛА”- И НИЗОМИИ АРЎЗИИ САМАРҚАНДӢ.
“Дар шуҳури санаи аснатину сабъин ва хамсамоия (572 ҳиҷрӣ, 1178 милодӣ) соҳибғаразе қисса ба султон Иброҳим бардошт, ки писари ў — Сайфуддавла амир Маҳмуд нияти он дорад, ки ба ҷониби Ироқ биравад ба хизмати Маликшоҳ. Султонро ғайрат кард ва чунон сохт, ки ўро ногоҳ бигирифту бибаст ва ба ҳисор фиристод. Ва надимони ўро банд карданду ба ҳисорҳо фиристод. Аз ҷумла, яке Масъуди Саъди Салмон буд ва ўро ба Ваҷиристон, ба қалъаи Ной фиристоданд.
Аз қалъаи Ной ду байте ба султон фиристод (Масъуди Саъди Салмон фармояд):
Дар банди ту, ай шоҳ, Маликшоҳ бояд, То банди ту пои тоҷдоре сояд. Он кас, ки зи пушти Саъди Салмон ояд, Гаҳ заҳр шавад, мулки туро нагзояд.
Ин дубайтӣ (рубоӣ — У.Т.) Алии Хос бари султон бурд, бад ў ҳеҷ асаре накард. Ва арбоби хираду асҳоби инсоф донанд, ки ҳабсиёти Масъуд дар улув ба чӣ дараҷа расидаасту дар фасоҳат ба чи поя бувад. Вақт бошад, ки ман ашъори ў ҳаме-
хонам, мўй бар андоми ман бар пой хезад ва ҷои он бувад, ки об аз чашми ман биравад. Ҷумлаи ин ашъор бар он подшоҳ хонданд ва ў бишнид, ки бар ҳеҷ мавзеъ ў гарм нашуд ва аз дунё бирафту он озодмардро дар зиндон бигзошт.
Муддати ҳабси ў, ба сабаби қурбати Сайфуддавла, дувоздаҳ сол буд. Ва дар рўзгори султон Масъуди Иброҳим, ба сабаби қурбати ў Абўнасри Порсиро ҳашт сол буд. Ва чандон қасоиди ғуррару (баргузидаю) нафоиси дуррар (дурҳо), ки аз табъи наққоди (расои ) ў зода, албатта, ҳеҷ масмўъ наяфтод (мақбул нашуд).
Баъд аз ҳашт сол сиққатулмулк Тоҳир Алии Мушкон ўро берун овард. Ва ҷумла он озодмард дар давлати эшон ҳама умр дар ҳабс ба сар бурд ва ин бадномӣ дар он хонадони бузург бимонд. Ва мани банда ин ҷо мутавваққифам (исто даам), ки ин ҳолро бар чӣ ҳамл кунам: бар саботи (устуворрии) раъй, ё бар баддилӣ. Дар ҷумла сутуда нест ва надидам ҳеҷ хирадманд, ки он давлатро бар ин ҳазму эҳтиёт маҳмадат (ситоиш) кард.
Ва аз султони олам Ғиёсуддунё ваддин Муҳаммад ибни Маликшоҳ ба дари Ҳамадон дар воқеъаи амир Шиҳобуддин Кутулмуш Алп- ғозӣ, ки домоди ў буд,
ба хоҳарӣ, тайяба Аллаҳу турбатаҳумо ва рафаа фил-ҷино-ни рутбатаҳумо (Худо хоки он дуро покиза гардонад ва дар биҳишт дараҷаи ононро баланд кунад) шунидам, ки хасми дар ҳабс доштан нишони баддилист, зеро ки аз ду ҳол берун
нест: ё муслеҳ (хайрхоҳ) аст, ё муфсид (бадкор). Агар муслеҳ аст, дар ҳабс доштан зулм аст ва агар муфсид аст, муфсидро зинда нигоҳ доштан ҳам зулм аст. Дар ҷумла бар Масъуд ба сар омад ва он бадномӣ то домани қиёмат бимонад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Низомии Арўзии Самарқандӣ кист: шоир, нависанда, олим?
2. Сабаби оворагардиҳои Низомӣ дар овони ҷавонӣ чӣ буд?
3. Низомии Арўзӣ аз хизматаш дар дарбори Ғуриҳо қаноатманд буд? Чаро?
4. Мундариҷаи «Чаҳор мақола»-ро номбар кунед.
5. Сабаби зиндонӣ шудани Масъуди Саъди Салмонро Низомии Арўзӣ дар чӣ мебинед?
6. Хулосаи Низомии Арўзиро аз рўи фармудаи худи ў: «Хасми дар ҳабс доштан нишони баддилист, зеро ки аз ду ҳол берун нест: ё муслеҳ (хайрхоҳ), ё муфсид (бадкор). Агар муслеҳ аст, дар ҳабс доштан зулм аст, агар муфсид аст, муфсидро зинда нигоҳ доштан ҳам зулм аст» (аз рўи ин хулоса баҳси синфӣ созмон диҳед).