Нишоиста

Нишоиста  —   Тайёр намудани ин чунин аст. Гандумро дар об то бӯйи бад пайдо кардан тар мекунанд. Ин вақт пӯсти он аз мағзаш ҷудо мегардад. Баъд ҳамаи онро бо чангол мемоланд, мағзаш аз пӯст ҷудо мегардад, яъне мағзи он аз даруни пӯсташ берун меояд. Баъд онро аз ширахалта мегузаронанд, суфлашро мепартоянд ва аз ширахалта гузаштаашро то муддате таҳшин гаштан мегузоранд,вақте ки тамоман таҳшин шуд, оби болояшро рехта мепартоянд ва таҳшинашро курсҳо сохта, дар офтоб хушк мекунанд. Баъд ба истеъмол медиҳанд. Беҳтарини нишоистаҳо сафеди нав ва софи сиёҳ нагаштаи он аст.

ношоиста шоиста

  Мизоҷи ин дар охири дараҷаи аввал сард ва хушк аст, вале баъзеҳо сард ва тар донистаанд.

  Хислатҳои шифобахши он: агар инро бо давоҳои чашм ҳамроҳ намоянд, хислатҳои номанзури онҳоро ислоҳ менамояд ва он доруро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад, захмҳои чашмро хушк мекунад, қӯтури ин узвро шифо мебахшад ва моддаҳои ғайрии ба чашм рехташавандаро манъ месозад.

  Нишоистаро дар шири занон ё дар сафедаи тухми мурғ ҳал карда, ба чашм кашанд, сӯзиши ин узвро таскин медиҳад, дарди чашмро сиҳат мекунад ва шахшӯлии пилкҳои чашмро мулоим мегардонад.

  Нишоистаро бо набот ё бо равғани бодоми ширин пухта, нимгарм бихӯранд, хун қай карданро манъ мекунад; дағалии ҳалқ, сурфаи гарм, дарди узвҳои даруни сина ва силро шифо мебахшад, хуни бавосир ва ҳайзро катъ мекунад. Агар инро бо наски бирёнкарда пухта бихӯранд, исҳолро мебандад.

  Аз нишоиста ҳарира (кисель) тайёр карда бихӯранд, моддаҳои ғайриро, ки ба узвҳои даруни сина фуруд меоянд, аз фуромадан манъ мекунад. Нишоистаро бо чарбии буз ба ин тариқ, ки бояд як вазн нишоистаро бо чор баробар вазни он об ва чарбии буз хуб бипазанду бихӯранд, аз ҳад зиёдати амали давои исҳоловарро дафъ мекунад, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад.

  Нишоистаро дар оби гарм ҳал карда, бо он ҳуқна кунанд, захмҳои сатҳи даруни рӯдаҳоро ба ибро меоварад.

  Нишоистаро бо сирко хамир сохта гузошта банданд, дарди гулӯро шифо мебахшад ва варамҳои гармро таҳлил медиҳад.

  Нишоистаро бо шароб даромехта бимоланд, барои газидани мори афъӣ даво мешавад.

  Нишоиста ҳамчун ғизо камқувват аст.

  Вале бисёр хӯрдани нишоиста маниро кам мекунад, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад, дер ҳазм мешавад ва мегӯянд, ки моддаи савдоро ба амал меоварад. Давои ин зарарҳояш шириниҳо ва қаранфули гардан хӯрдан асг. Ба ҷойи ин биринҷи шустагӣ ва гарди осиёро истеъмол кунанд, раво мебошад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз нишоиста дар як рӯз аз

4,5 то 70 грамм аст.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …