Нуқра — Маълум аст, ки ин аз фулуззоти асил ҳисоб меёбад. Ранги нуқраи соф ба сафедӣ моил аст, балки сафед мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусияти фараҳбахшиаш ба ёқут наздик аст, барои молихулиё, девонагӣ ва васвос дору мешавад.
Инро бо мили нуқра ба чашм кашанд, гули тунуки чашмро дафъ мекунад, чашмро қувват мебахшад.
Аз дами сӯҳон баромадаи онро бо пиёзаки сафеди саломалек бихӯранд, бӯйи бади даҳанро дафъ мекунад, рутубатҳои часпаки бадбӯй ва балғамро мекашад.
Нуқраи аз дами сӯҳон баромадаи онро бардавом бихӯранд, дамкӯтаҳӣ, сурфа, дилтапак (дилбозӣ), тарсончакӣ ва дигар бемориҳои дилро шифо мебахшад; бо ҷадвор бихӯранд, меъда ва ҷигарро қавӣ месозад, рутубатҳоро кашида берун мекунад, барои истисқо ва иллатҳои сипурз дору мешавад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвор шошиданро осон мекунад.
Аз дами сӯҳон баромадаи инро бо симоби куштагӣ ҳал карда бимоланд, бавосирро дафъ мекунад ва агар ин маҳлулро ба кӯтур ва хориш бимоланд, шифо мебахшад.
Аз дами сӯҳон баромадаи нуқраро гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
Истеъмоли нуқра ба дарун барои рӯдаҳо зарар дорад. Ин зарарашро катиро бихӯранд, ислоҳ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз нуқра дар як рӯз аз 0,5 то 1,75 грамм аст.
Яке аз хислатҳои нуқра он аст, ки аз бухор ва бӯйи гӯгирд ва инчунин бо он якҷо гузошта шавад, сиёҳ мегардад. Агар ин тавр ҳодис шавад, бо намак бишӯянд пок мегардад.
Таом ва шаробро дар зарфҳои нуқра биёшоманд, фараҳ меоварад.
Агар аз ҷоми нуқра шароб нӯшанд, зуд мастӣ меоварад.