АСОСӢ / ГУНОГУН / Очерк чист ? (Қиссаи мустанад)

Очерк чист ? (Қиссаи мустанад)

 

Дар радифи жанрҳои эпикӣ ё ҳамосй асарҳои Назарияи насрие ҳастанд, ки дар асоси ҳуҷҷат, воқеият, адабиёт рӯйдодҳои дилчасп, ҳодисаҳо ва шахсиятҳои шинохтаи воқеӣ навишта мешаванд. Бинобар ин, дар онҳо нисбат ба жанрҳои ҳикоя, қисса, роман, достон тахайюли нависанда мавқеи маҳдуд дорад. Чунин асарҳо ба хелҳои гуногун ҷудо мешаванд ва муҳимтарини онҳо сафарнома, ёддошт ва очерк мебошад. Пайдоиши сафарнома ва ёддошт ба адабиёти асримиёнагии тоҷик рост меояд, вале очерк маҳсули адабиёти давраи нав мебошад.

ocherk

Очерк (қиссаи мустанад) дар адабиёти ҷаҳон ба пайдоиши матбуот вобаста мебошад. Аввалин намунаҳои очерк дар мамлакатҳои Аврупо пайдо шудааст. Маҷаллаҳои «Болтун» (1701 — 1717) ва «Зрителъ» (1711-1714) нахустин бор маводеро чоп кардаанд, ки аз нигоҳи шеваи баён ба очерк монандӣ доштанд. Баъдҳо як гурӯҳ қаламкашони Англия, Фаронса, Олмон, Италия, Русия кӯшиш мекарданд, ки навиштаҳои онҳо аз ҳар ҷиҳат ба ҳақиқати воқеӣ наздик бошад. Аз солҳои 30-40 асри Х1Х сар карда дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон очерк як воситаи таблиғу ташвиқ ва омодасозии мардум ба дигаргуниҳои куллии сиёсӣ ва иқтисодӣ гардид.

Очерки тоҷик низ ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти он алоқаи ногусастанӣ дорад. Дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои «Бухорои шариф» (1912), «Ойина» (1913), «Рӯзномаи баҳри Хазар» (1914), «Садои Туркистон» (1914), «Иштирокиюн» (1918), «Шуълаи инқилоб» (1919) Мирзо Сироҷи Ҳаким, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Мунаввар Қорӣ, Абдуррауфи Фитрат, Садриддин Айнӣ, Абдулло Авлонӣ, Абдулҳамид Сулаймон, Саидризо Ализода маводеро ба чоп расондаанд, ки дар онҳо ҳодисаҳои муҳимми иҷтимоӣ аз нигоҳи шахсиятҳои воқеӣ таҳлил мешуд. «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» ном асари С.Айнӣ, ки дар 9 шумораи соли 1920 ва 18 шумораи соли 1921 рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» дарҷ гардидааст, аз тарафи нависанда очерк номида мешавад.

Дар солҳои баъдина шумораи маҷаллаву рӯзномаҳо меафзо- яд, ки ин ба фаъолияти боз ҳам бештари рӯзноманигорӣ ва очерк- нависии адибон мусоидат мекунад. Очеркҳои «Колхози «Комму- низм» ва «Тирози ҷаҳон»-и С.Айнӣ, «Ҳикоёти устоди мисриён»-и Ҳ. Карим, «Як қаҳрамони асри мо»-и Р. Ҷалил, «Зани ягонаи ҷумҳурият»-и Ҷ. Икромӣ, «Шарафи кор»-и Алӣ Хуш, «Вай шаҳри Ленинро мудофиа мекунад»-и С. Улуғзода, «Кабири ҳоитӣ», «Азими мерган»-и Ф. Ниёзӣ дар тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ ва мамлакатдории ҳар як фарди ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд.

Дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ очерки тоҷик ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷа ва ҳам аз лиҳози шаклу услуби баён инкишофу такмил ёфт. Ба вуҷуд омадани очеркҳои алоҳида, ба мисли «Оё чӣ бояд кард?» (Ҷ.Икромӣ), «Имтиҳони авва- лин» (П.Толис), «Муҳоҷирон» (Ф.Муҳаммадиев), «Ҷӯрасаркор» (А.Сидқӣ), «Қисмати тоҷик» (Сорбон), «Эҳёи дил» (Шодон Ҳаниф), «Ёхсу ва Ёхсучиён» (Карим Давлат), «Шинохти масъули- ят» ва «Як дидори бас деру кӯтоҳ» (Абдулқодири Раҳим) гувоҳи ташаккули навъҳои гуногуни очерк дар адабиёти тоҷик мебошад.

Ҳамин тариқ, очерк масъалаҳои муҳимми давру замон ва корномаи шахсиятҳои барҷастаро, ки дар рӯйдодҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа нақши арзанда доранд, мавриди тасвир қарор медиҳад ва дорои чунин хусусият мебошад: а) ҳамқадами замон буда, ба масъалаҳои рӯзмарраи зиндагӣ боҷуръат дахолат мекунад; б) дар бораи рӯйдодҳое баҳс мекунад, ки дар як дав- раи муайян барои ҷомеа ва давлат аҳамияти дараҷаи аввал до- ранд. Яъне, фаврият ва зарурият хоси очерк мебошад. Ин аст, ки очеркро жанри ҷанговари адабиёт ва матбуот меноманд.

Очерк, асосан, ба навъҳои иҷтимоӣ, портретӣ, таърихӣ ва сафарӣ ҷудо мешавад. Дар очерки иҷтимоӣ нависанда ба масъалаҳои доғи зиндагӣ дахл карда, дар асоси таҳлилу муҳокима хулосаҳои амиқи иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебарорад. Дар очеркҳои Ф. Муҳаммадиев «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956) ва «Фаттоҳ ва Музаффар» (1958) масъалаҳои иқтисодиёти хоҷагии деҳоти Тоҷикистон дар солҳои 50-ум ва 60-уми асри ХХ аниқу му- фассал тасвир гардидааст.

Дар очерки портретӣ зиндаги ва фаъолияти намояндаго- ни пешқадами илму фарҳанг, хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои меҳнат тасвир мешавад. Масалан, дар «Эҳёи дил» (2003) ном очерки Шодон Ҳаниф фаъолияти меҳнатӣ, ҷаҳду талошҳои касбазхудкунӣ ва маърифату масъулияти инсо- нии академики АФ Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино, профессори соҳаи тиб Неъматулло Усмонов са- мимона ба тасвир омадааст.

Дар очерки сафарй мушоҳидаҳои нависанда ҳангоми сафар мавқеи муҳим дорад. Очеркҳои сафарй хонандаро ба урфу одат, комёбиҳои илмию меъморӣ ва дастовардҳои меҳнатии сокинони кишварҳои дуру наздик шинос менамояд. Масалан, дар марка- зи тасвирҳои «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ» ном очерки С.Улуғзода устод Садриддин Айнӣ меистад. Ин пири хирад ай- ёми ҷавонӣ, донишандӯзӣ ва камолотро, ки ба солҳои 1890-1917 рост меояд, дар шаҳри бостонии Бухоро гузаронидааст. Шаҳри Бухоро, масҷиду мадрасаҳо, муҳити илмию адабӣ ва муносибати иҷтимоии зиёиён, ки боиси ба дараҷаи нависандаи ҷаҳоншумул сабзидани ин писари деҳотӣ мегардад, ба хонандаи тоҷик таассу- роти амиқи маърифатӣ мебахшад.

Намунаи беҳтарини очеркҳои таърихӣ «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик» ном асарҳои устод Айнӣ мебошанд. Агар дар «Исёни Муқаннаъ» муборизаи ниёгони мо ба муқобили арабҳои истилогар (VIII) нишон дода шавад, пас, дар «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик» муқовимати халқи тоҷик бар алайҳи чингизиёни ғосиб тасвир меёбад. Нависанда корнамоиҳои Муқаннаъ ва Темурмаликро ба муқобили аҷнабиёни истилогар ба тасвир гирифта, бо ҳамин ба ҳамватанони замони худ дарси мардонагию далерӣ ва душманбадбинӣ меомӯзад.

Хулоса, очерк чун як қисмати муҳимми насри мустанад[1] дар адабиёти садаи ХХ тоҷик мавқеи арзанда дорад. Нависан- дагон Фазлиддин Муҳаммадиев, Аъзам Сидқӣ ва Мутеулло Наҷмиддинов дар адабиёти тоҷик чун очеркнависони беҳтарин шинохта шудаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Очерк (қиссаи мустанад) ба кадом ҷинси адабӣ дохил мешавад?
  2. Очерк аз ҳикоя, қисса ва роман чӣ фарқ дорад?
  3. Очерк дар адабиёти тоҷик кай пайдо шудааст ва сабабҳои пайдои- ши он чист?
  4. Навъҳои очеркро номбар кунед.

Дар бораи давраҳои инкишофи очерк дар адабиёти тоҷик маълумот диҳед.

[1] Насри мустанад — насре, ки ба санадҳо, хуҷҷатҳо ва воқеияту тасвирҳои воқеӣ асос ёфтааст.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …