АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Оҳан — метли шифобахш

Оҳан — метли шифобахш

metalloprokatОҳан — ин фулуззи машҳур аст.  Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк аст.  Хислатҳои шифобахши он: оби оҳантофта, яъне оберо, ки оҳангарон оҳан ё фӯлоди тафсонро дар он сард мекунанд, биёшоманд, боҳро бағоят қувват мебахшад, дарунро мебандад, ҷароҳати рӯдаҳоро ба ибро меоварад, бавосирро дафъ мекунад, варами сипурзро таҳлил медиҳад, меъдаро қавӣ мегардонад, беихтиёр равон гаштани пешобро ислоҳ мекунад, дарди мақъадро таскин медиҳад, зарари саги девона газидаро дафъ менамоад; зардии ранги рухсораро мебарад, исҳолро манъ месозад; ба дилтапак (дилбозӣ), истисқо (водянка), сустии ҷигар, заифии меъда ва исҳоли хунин дору мешавад, ки хубтарин аст.

Агар оҳани тафсонро дар дӯғ сард карда, он дӯғро бинӯшанд, барои бемориҳои исҳоли хунин, беҷо равон шудани ҳайз, хунравиҳо аз поёни бадан ва иллатҳои мақъад қавитар аз оби оҳангарон аст.

Оҳансоваро дар шаробе, ки заҳролуд бошад, биандозанд, заҳрро аз он шароб ба худ ҷазб мекунад ва дигар асари заҳр дар он намемонад; Соваҳои оҳанро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро нимгарм дар гӯш чаконанд, омадани римро аз он қатъ мекунад ва иллати гӯшро сиҳат мебахшад, агарчи кӯҳна ҳам шуда бошад.

Хӯрдани оҳан шикамро ба дард меоварад, даҳанро хушк мекунад, дарди сар медиҳад. Дар ин ҳолатҳои рӯйдода  шири тоза дӯшида бинӯшанд, ислоҳи зарар менамоад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …