АСОСӢ / ГУНОГУН / Оиннома

Оиннома

Бо карори Директора Чамъияти дорой масъулияти махдуди «КОЛА» «10» сентябри соли 2019,Р»32/2 тасдик шудааст.

ОИННОМАИ ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ масъулияти МАХДУДИ «КОЛА»

ДУШАНБЕ — 2019

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ ДАР ОИННОМА
  2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кола» (минбаъд — Ҷамъият) дар асоси Кодекси гражданин Ҷумҳурии Точикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти махдуд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони ҳукуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва Қарори Муассиси ягонаи Ҷамъият таъсис дода шуда дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, карорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
  3. Иштирокчии ягонаи Ҷамъият — Шахрванди Ҷумҳурии Точикистон. Миракилова Саодат Шарифовна(минбаъд — Муассис ё ин ки Директор) дорандаи шиносномаи №А6333005, ки аз 10 феврали соли 2015 аз тарафи ШКД ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе дода шудааст, мебошад.
  4. Мувофиқи моддаи 96 Кодекси гражданин Ҷумҳурии Точикистон, хуччати таъсисии ягонаи Ҷамъият ин Оинномаи Ҷамъият мебошад. Дар мавриди зиёд шудани Муассисони Ҷамъият ҳуччатхои таъсисии он шартномаи таъсиси ва Оиннома мегарданд,
  5. Ҷамъият шахси ҳуқуқӣ буда, дар ихтиёри худ моликият бо ҳуқукӣ истифодабарии хочагидории молу мулкро дошта. аз руи ӯхладорихои худ бо ин молу мулк масъулият дорад. метавонад аз номп худ хукукхои молумулки ва шахсии ғайри молумулкиро ба даст оварда татбик намояд, ӯҳдадори кабул намояд. дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Ҷамъият дорои моликияти мустакил. баланси мустакил, хисобхои бонки аз чумла хисобҳои арзи, мӯхр бо тасвири нишон молй, номи худ бо забони давлатй, бланкхо ва тамгахои шакли мукарраршуда доро мебошад.
  6. Номгуи расмии Чамъият:
  • ба забонй точикй — Чамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КОЛА»;
  • ба забонй русй — Общество с ограниченной ответственностью «КОЛА».
  1. Номгуи мухтасари Чамъият:
  • ба забонй точикй — ҶДММ «КОЛА»;
  • ба забонй русй — ООО «КОЛА».
  1. Сроиаи ҳуқуқй Ҷамъият: 734000 Ҷумҳурии Тоҷикистон. шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Айнӣ 79 мебошад.
  2. МАҚСАД ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТ
  3. Ҷамъият бо мақсади ба даст овардани фонда таъсис дода шудааст.
  4. Бо мақсади мазкур Ҷамъият фаъодиятҳои зеринро ба амад мебарорад:
  • истеҳсол ва фуруши молҳои ниёзи мардум;
  • аз хориҷи кишвар харидан ва ба Тоҷикистон ворид намудани техника, қисмҳои эҳтиёти, таҷҳизот, технология ва ашёи хом, аз он ҷумла металҳои ранга барон ба роҳ мондани истеҳсол ва таъмири намудҳои гуногуни молу маҳсулоти саноатҳои хуроквори, сабук, электрони. электротехники, атторию, косметологи, қоғазбарори, масуноти сохтмони, чуб, пластмас, маҳсулоти сузишвори ва рангаҳои мблидани;
  • расонидани хизматҳои гуногун дар соҳаи телекоммуникация, техникаҳои компютери, воситаи алока;
  • истеҳсоли маҳсулоти талаботи халк ва молҳои таъиноти истеҳсолию техники дошта, ки конунҳои амалкунанда манъ накардааст (аз он ҷумла маҳсулоти ғалладона);
  • ташкили нуктаҳои савдои хуроки умуми, тарабхона, каҳвахона;
  • кушодани нуқтаи савдо, мағозаҳо;
  • ташкили истеҳсоли маҳсулоти дузандаги, либосвори ва пойафзол;
  • ҷамъовари, коркарди пуст, Кола ва пашм;
  • ба амал баровардани фаъолияти фармавцевти;
  • воридоти содироти маводҳои дорувори, растаниҳои шифобахш ва техникаҳои тибби, инчунин субстансияоҳо барои истеҳсоли дорувори;
  • воридот ва фуруши маводхои дорувори, ваксинаҳо, субстансияҳо, лавозимотҳои дезинфекциякунанда барои ниёзи ветеринари;
  • ташкили нуктахои савдо оиди фуруши маводҳои дорувори ва техникаҳои тибби:
  • таъмири таҷхпзотхо ва асбобҳои тибби;
  • дар ҳама шакл истеҳсол ва барориши маводхои дорувори;
  • бо таҷҳизотхо ва асбобхои тибби таъмин намудан;
  • ташкил, расонидани ёрии тибби хусуси аз он ҷумла стамотологи. генекологи, массаж ва дигар муоинаҳои тибби;
  • ташкили анборхонахо оид ба нигоҳ доштани маводҳои дорувори;
  • ташкил намудани назорат аз болои воридот, содирот ва нигоҳ доштани маводхои дорувори;
  • кушодани заводхо, заводи хурд ва сеххо;
  • ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолу коркарди металҳо ва маҳсулот аз онҳо;
  • ба амал баровардани фаъолияти хариду фуруши металҳо, аз он ҷумла металҳои ранга;
  • ба амал баровардани хариду фуруши алюминий;
  • ба амал баровардани фаъолияти таҷрибавию конструктори ва илмию тадқиқоти;
  • ба амал баровардани фаъолияти ахборотию машварати;
  • воридот, коркард ва фуруши маҳсулоти аз орд ва галла истеҳсолшуда;
  • ташкил намудани нуктаҳои таъмини сузишвории наклиёти ва равғанҳои молидани;
  • кушодани Интернет-кафе;- ба амал баровардани фаъолиятҳои бозиҳои компютери;
  • омузонидани кор бо компютер;
  • ба амал баровардани фаъолияти сайру сайёҳати;
  • ташкил кардани намоиш, ярмарка ва музоядаҳо;
  • кушодани студияҳои сабти овоз;
  • ташкили автозаправкаҳо;
  • ташкили хизматрасонии техники, техникаи хоҷагии кишлоқ, автомобилҳо ва дигар намуди наклиёт ба воситаи як катор стансияҳои ёрирасони техники ва автосалонҳо;
  • воридот, содирот, коркард, истеҳсоли чуб, ва маҳсулоти аз чуб тайёршаванда;
  • харид ва фуруши наклиёти автомобили ва ташкили хизмати наклиёти;
  • ба амалбарории фаъолияти молияви ва арзи;
  • ташкили нуктахои мубодилаи арз;
  • ба амалбарории фаъолияти тиҷорати, миёнарави ва маркетинга (омузиши бозор);
  • ба иҷора додан ва гирифтани манзилҳо ва биноҳо;
  • ташкили анборхонахо;
  • ташкил ва ба амалбарории корхои таъмири-сохтмони ва меъморй;
  • таъмини аҳоли, корхонахо ва ташкилотҳои бо маводхои сохтмонй ва техникаҳо;
  • захираи махсулоти кишоварзи, нигохдошт, аз нав кор кардан ва фуруши он, инчунини дар асоси муомилотҳои бартери;
  • истехсол, коркард, нигохдошт, фуруши маҳсулоти хоҷагии кишлок ва махсулоти гушти;
  • коркарди меваю сабзавот ва ташкили сеххои коркарди он;
  • ташкили осиёбхонаҳо, ҷувозхонаҳо, нонвойхона ва фуруши маҳсулоти онҳо;

боғпарвари, чорводори, замбурпарвари, паррандапарвари, заргушпарвари, моҳипарвари ва коркарди маҳсулоти онҳо дар шароитҳои ба талаботи конунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чавобдиҳанда;

  • ташкил ва гузаронидани ярмаркахо, намоишгоҳҳо, музоядаҳо, аз он чумла дар арсаи байнайхалки;
  • ҳамкори бо шахсони хориҷи ва бо сохторҳои ҳуқиқии онҳо дар соҳаи савдо ва хизматрасониҳо, ташкили корхонаҳои муштарак бо иштироки ҳамкорони хориҷи;
  • ба амал баровардани фаъолияти комиссионию тиҷорати ва дигар гуна воситаҳои хизматрасониҳо дар соҳаи савдо;
  • ташкил ва ба роҳ мондани савдои яклухт ва чакана дар мағозаҳои шахсикунонидашуда ва универсиали;
  • ташкил ва кушодани мағозаҳои комиссионии хариду фуруши автомобилҳо ва ҳамагуна намудҳои воситаҳои нақлиёт;
  • ташкил намудани як силсила магозаҳои фирмави дар Тоҷикистон ва хоричи кишвар;
  • истеҳсол ва фуруши маҳсулотҳои хурокворию сохтмони бо давлвтҳои хориҷи ва байналмилали;
  • ба нақшагири ва сохтмони бинохои маъмурию истикомати;
  • ташкил намудани курсҳои омузиши мутахасисон барои таъмин намудан бо ҷойҳои кори (бо иҷозати махсус);
  • маблағгузори намудан барои тайёр намудани мутахассисон;
  • гузаронидани курҳо барои дохил шудан ба омузишгоҳҳо, донишкадаҳои оли дар Ҷумхури ва берун аз он (бо иҷозати махсус);
  • ба амалбарории фаъодияти башардустона меҳнати;
  • расонидани хизмати маиши ба аҳоли;
  1. Ҷамъият ҷпхати амали намудани фаъолияте, ки барои машгул шудан ба он гирифтани ичозатнома (литсензия) зарур аст, агар дар конунхо тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад, танхо аз лаҳзаи гирифтани чунин иҷозатнома (дитсензия) ҳукукӣ амали намудани чунин фаъолиятро доро мегардад ва бо гузаштани муҳлати амали он, катъ мегардад.
  2. Мутобиқи модцаи 49 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чамъият дорой кобилият, амали номахдуд мебошад ва ҳамаи он намудҳои фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои Оинномавии Ҷамъият мутобиқат менамоянд, ба амал бароварда метавонад.
  1. ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИ ХОРИҶӢ
  2. Ҷамъият мувофики қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад фаъолияти хориҷии иктисодиро ба амал барорад.
  3. Ҷамъият барои иҷрои максадхои худ метавонад:
  • ба амал баровардани амалиётҳои содироту воридот;
  • таъсиси Ҷамъиятхои муштарак ва ташкилотҳои байналхалқи;
  • ҳамкории илмию техники ва истеҳсоли бо ташкилоту Ҷамъиятҳои хориҷи;
  • иштирок дар намоишу ярмаркаҳои байналхалқи.
  1. Асъори хориҷие, ки Ҷамъият дар натиҷаи фаъолияти хориҷии иқтисоди ба даст овардааст ба фонди асъории Ҷамъият равона карда мешавад ва худаш онро мустақилона истифода мебарад ва онро мусодира кардан мумкин нест.
  2. Даромади арзии Ҷамъият, баъд аз пардохт намудани андоз ба буҷаи маҳалли ва ҷумҳуриявӣ аз тарафи Ҷамъият дар мувофиқат бо Муассис мустақилона истифода бурда мешавад ва онро мусодира кардан манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст.
  3. ҲОЛАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАМЪИЯТ
  4. Ҷамъият фаъолияти худро дар асоси карорхои Муассис пешбини менамояд.
  5. Ҷамъият аз руи тартиботи конунгузори, хукук дорад дорой амволи манқул ва гайриманкул бошад.
  6. Бо карори Муассис Ҷамъият метавонад ба ҳайати иттиҳодияҳо, нттифокхо, ассосиатсияхои хоҷагидор, дохил шавад, аз онхо барояд ва худаш онҳоро бунёд намояд.
  7. Ҷамъият система, шакл ва ҳаҷми мохонаи коргарони худро дар доираи маблағҳо ва маҳсулотҳои худ, ки дар ихтиёри Ҷамъият мемонад, мустакилона муайян менамояд.
  8. Ҷамъият бо тартибе. ки бо конунгузори пешбини гардида шудааст, бо карори Муассис метавонад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он филиалхо ва намояндагиҳоро таъсис намояд.
  9. Ҷамъият дорой дигар туна хукукхо мебошад, ки бо конунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхоси ҳукукӣ муайян карда шудааст. ба ғайр аз ваколатҳои Муассис. ки дар Оинномаи мазкур, муайян карда шудааст.
  1. Ҷамъият аз руи ӯхдадориҳои худ бо моликияте, ки дар баланси мустакили худ дорад, ҷавобгар мебошад. Ҷамъият аз руи ӯхдадориҳои М> ассис чавобгар намебошад.
  2. Ҳуҷҷатҳои таъсисии Ҷамъият дар ихтиёри макоми ичроияи Чамъият нигоҳ дошта мешаванд, нусхаи аслии онҳо дар макоми бакайдгирандаи давлатй ва дар ихтиёри роҳбари мақоми иҷроияи Ҷамъият дар махалли ҷои вокеияти Ҷамъият нигох дошта мешаванд.
  3. Ҳамаи маълумотҳое, ки мувофиқи рӯйхати Директори ҶДММ «Кола» хамчун маълумотҳои махфи муайян карда мешаванд, танҳо бо тартиби махсусе, ки қонунгзори муайян менамояд, пешниҳод карда мешаванд.
  4. САРМОЯИ ОИННОМАВИИ ҶАМЪИЯТ
  5. Сармояи оинномавии Ҷамъият аз арзиши саҳмҳои Муассиси он иборат аст.
  6. Сармояи оинномавии Ҷамъият 250 000 000 (дусаду панҷоҳ миллион) сомониро ташкил медиҳад.
  7. Сармояи оинномави андозаи хадди аққали амволи Ҷамъиятро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳад.
  8. Агар баъди анҷоми соли дуюм ва хар соли минбаъдаи молияви арзиши активхои накдии Ҷамъият нисбат ба Сармояи оинномави камтар гардад, Ҷамъият вазифадор аст. ки дар хусуси кам кардани Сармояи оинномавии худ эълон дошта. камшавии онро мувофики тартиби мукарраргардида аз кайд гузаронад. Агар арзиши ин активхои Ҷамъият аз андозаи хадди акали дар конун муайяншудаи Сармояи оинномави камтар шудан тирад, Ҷамъият бояд бархам дода шавад.
  9. Кам кардани Сармояи Ҷамъият танхо пас аз огоҳ сохтани тамоми кредиторони он ичозат дода мешавад. Дар ин ҳолат кредиторон хукук доранд. ки катъ ё ичрои пеш аз муҳлати ӯхдадориҳои дахлдор ва чуброни зиёнашонро талаб намоянд.
  10. Зиёд кардани Сармояи оинномавии Ҷамъият пас аз саҳмгузории пурраи Муассиси он ичозат дода мешавад.
  11. ГУЗАРИШИ ҲИССАИ (ҚИСМИ ҲИСАИ) МУАССИСИ ЧАМЪИЯТ БА МУАССИСОНИ ДИГАР ВА ШАХСОНИ СЕЮМ
  1. Муассиси Ҷамъият ҳак дорад ҳиссаи худро ё кисми онро аз сармояи оинномавии Ҷамъият ба як Муассис ё якчанд Муассиси хамин Ҷамъият, ё ба шахсони сеюм бо тартиби мукаррар кардаи оинномаи Ҷамъият фурушад ё ба тарики дигар дихад.
  1. Ҳиссаи Муассиси Ҷамъият мумкин аст то пардо.хти пурраи он танҳо дар ҳамон кисме, ки аллакай он пардохта шудааст. бетона карда шавад.
  2. Муассисони Ҷамъият ҳуқуқӣ афзалиятноки хариди ҳиссаи (қисми хиссаи) Муассисони Ҷамъиятро бо нархи ба шахси сеюм пешниҳодшуда мутаносибан ба ҳаҷми ҳиссаҳои худ истифода мебаранд, агар дар оинномаи Ҷамъият ё созишномаи Муассисони Ҷамъият тартиби дигари амали гаштани ин ҳуқук пешбини нашуда бошад.
  3. Гузашти ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии Ҷамъият бояд дар шакли один хатти сурат тирад, агар оиди дар шакли нотариали содир намудан он дар оинномаи Ҷамъият талаботе пешбини нашуда бошад. Риоя накардани шакли аҳд оид ба гузашти ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии Ҷамъият, ки банди мазкур ё оинномаи Ҷамъият мукаррар кардааст, боиси беэътибории он мегардад.
  4. ҲУҚУҚ ВА ӮХДАДОРИҲОИ МУАССИСИ ҶАМЪИЯТ
  5. Муассиси (Директори) Ҷамъият ҳуқук дорад, ки:
  • дар идораи корҳои Ҷамъият иштирок намояд;
  • мувофиқи тартиби мукаррар намудаи ҳуҷҷатҳои таъсиси дар бораи фаъолияти Ҷамъият маълумот гирифта, бо дафтархои мухосибавию асноди дигари он шинос шавад;
  • дар тақсимоти фоида иштирок намояд;
  • тибки тартиби мукарраргардида кормандони Ҷамъиятро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд:
  • дар сурати бархам хурдани Ҷамъият кисми амволи пас аз хисоббаробаркуни бо кредиторони боқимонда ё арзиши онро тирад.
  1. Муассиси Ҷамъият инчунин метавонад, дигар хукуқхои дар Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди ҳуқуқӣ ва Оинномаи мазкур пешбинигардидаро дошта бошад.
  2. Муассиси Ҷамъият ӯхдадор аст, ки:
  • мувофики тартиб, андоза. усул ва дар мухлатҳои пешбининамудаи хучҷатҳои таъсиси сахм гузорад;
  • маълумоти махфиро дар хусуси фаъолияти Ҷамъият фош накунад.
  1. Муассиси Ҷамъият метавонад ӯхдадорихои дигари дар Кодекси гражданин Ҷумхурии Тоҷикистон, дигар асноди ҳуқуқӣ ва Оинномаи мазкур пешбинигардидаро дошта бошад.
  2. Муассиси Ҷамъият аз рун ӯхдадорихои Ҷамъият дар хачми арзиши сахми худ дар фонди Оинномави масъулият дорад.
  3. Муассиси Ҷамъият. сарфи назар аз холат ва хохиши макомоти ичроияи Ҷамъият хукукӣ бархам додани фаъолияти Ҷамъиятро дорад.
  4. Дар маврпди зиёд гаштани Муассисон, агар яке аз Муассисони Чамъият Оинномаи Ҷамъиятро дағалона вайрон карда, бо хамин ба манфиати Ҷамъият зиён оварда бошад, мумкин аст бо қарори Мачлиси умумии Муассисони Ҷамъият, ки бо аксарияти овози аз се ду ҳиссаи М> ассисонаш кабул шудааст, Муассиси вайронкор аз Ҷамъият хориҷ карда шавад.
  5. Нисбати карори Мачлиси умуми дар бораи аз Ҷамъият хорич кардани Муассис, ба суд шикоят кардан мумкин аст.
  6. Тартиби ба шахси дигар гузаронидани хиссаи Сармояи оинномавии Ҷамъият, руёнидани маблаг аз ҳисоби ҳиссаи Муассиси амволи Ҷамъият ва ҳисоббаробаркуни ҳангоми аз Ҷамъият хориҷ гардидани Муассис, бо Кодекси гражании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.
  7. АЗ ҶАМЪИЯТ БАРОМАДАНИ МУАССИСИ ҶАМЪИЯТ
  8. Муассиси Ҷамъият хак дорад хар вакт новобаста аз розогии дигар Муассисони он ё Ҷамъият аз Ҷамъият барояд. Дар сурати аз Ҷамъият баромадани Муассиси Ҷамъият ҳиссаи у аз вакти додани ариза дар бораи баромадан аз Ҷамъият ба Ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид Ҷамъият ӯхдадор аст ба Муассиси Ҷамъият, ки дар бораи баромадан аз Ҷамъият ариза додааст, арзиши хакикии хиссаи уро пардохт намояд, ки он дар асоси маълумоти хисоботи муҳосибавии Ҷамъият дар давоми як соле, ки ариза дар бораи баромадан аз Ҷамъият дода шудааст, муайян карда мешавад ё бо розигии Муассиси Ҷамъият ба ӯ амволи чунин арзишдоштаро дар шакли асл ва дар холати пурра пардохт нашудани амонати у дар сармояи оинномавии Ҷамъият арзиши хакикии як қисми хиссаи ӯро, ки ба кисми пардохташудаи амонати мутаносиб аст, дихад.
  9. Аз Ҷамъият баромадани Муассиси Ҷамъият, ӯро аз ӯхдадори дар назди Ҷамъият оид ба гузоштани амонат ба амволи Ҷамъият, ки то додани аризаи баромадан аз Ҷамъият пайдо шудааст, озод намекунад.
  10. МОЛИКИЯТ ВА ВОСИТАҲОИ АСОСӢ
  11. Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Ҷамъият:
  • пардохти пули ва моддии Муассис;
  • даромадхое, ки аз фаъолияти хочаги ба даст омадаанд;
  • кредита бонкҳо ва дигар мабдағгузори:
  • пардохтҳои баргардонида ва хайркунанда, хайрхои ташкилоту чамъиятҳо ва шахсони алохида.
  1. Ба ғайр аз воситахои асосие, ки Муассис гузаронидааст Ҷамъият хукуқ дорад, ки дар асосй конун аз дигар шахсони вокей ва хукукй воситахои асосиро аз худ намояд.
  2. Аз фоидае. ки дар ихтиёри Ҷамъият мондааст, чунин фондхо ташкил мешаванд:
  • фонди ягонаи тараққиёти истеҳсоли ва иҷтимои;
  • фонди захиравй;
  • фонди музди кор ва хавасмандкуни;
  • фонди суғуртаи иҷтимоӣ.
  1. Фарқият байни маблағҳои пулии дохилшаванда аз маҳсулот (хизматрасони) ва маблағҳои хориҷшаванда, ҳамчунин маблағҳои пулии ба он баробаркардашуда. фонди молиявии Ҷамъиятро ташкил медихад.
  2. Ҷамъият дар назди макомотхои давлати мустакилона ҳисобот медихад, аз он чумда дар супоридани андозхо, омор ва ғайра.
  3. Ҷамъият воситахои пулии худро метавонад дар ҳисобҳои муассисаҳои бонки нигоҳ дорад ва ҳама гуна фаъолиятҳои бонкиро мувофиқи қонунгузори ба амад барорад.
  4. МАҚОМОТҲОИ ИДОРАКУНИИ ҶАМЪИЯТ
  5. Макоми одни идоракунии Ҷамъият Директори он мебошад.
  6. Ба садохияти истиснои Макоми Одни Ҷамъият, ҳалли чунин масъалахо дохид мешаванд:
  • муайян намудани самтҳои асосии фаъодияти Ҷамъият ва қабули қарор дар бораи иштирок дар ассосиатсияҳо ва дигар гуна иттиҳодияҳои ташкилотҳои тичоратп:
  • таъсис додани макомоти иҷроияи Ҷамъият ва пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатхои он:
  • кабул кардани карор дар бораи азнавташкилдиҳи ё барҳамдиҳии Ҷамъият, таъин кардани комиссияи барҳамдиҳи ва тасдиқи балансҳои барҳамдиҳи;
  • тасдик намудани Оинномаи Ҷамъият, тағйиру иловахо ба он ва андозаи сармояи оинномавии Ҷамъият;
  • интихоб ва пеш аз мухлат катъ гардонидани ваколатхои комиссияи тафтишотии Ҷамъият, таъин кардани тафтиши аудитори, тасдиқи аудитор ва муайян кардани ҳаҷми пардохти хизмати аудитор;
  • муайян намудани накшахои фаъолияти хочагидори;
  • тасдиқ кардани ҳисоботи содона ва баланси муҳосибавии Ҷамъият бо тақсимоти фоидаю зарари он;
  • тасдиқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии Ҷамъият (хуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият);
  • қабули қарор оид ба вомбаргхо ва дигар коғазҳои қимматноки эмиссиониро паҳн карани Ҷамъият.
  1. Ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти истисноии Мақоми олии Ҷамъият мансубро ва ба макоми иҷроияи Ҷамъият супурда наметавонад.
  2. Идоракунии фаъолияти ҷории Ҷамъият аз тарафи Маъмурият ба амал бароварда мешавад, ки онро Директор рохбари менамояд.
  3. Директор аз руи ташкили кори Ҷамъият, бадастдарории фонда ва мувофиқи қонун будани фаъолият ҷавобгарии шахсиро ба уҳда дорад.
  4. Директори Ҷамъият масъалаҳои зеринро мустақилона ҳал менамояд:
  • аз номи Ҷамъият бидуни ваколтанома амал намояд, аз ҷумла аз манфиатҳои он намояндаги ва ахдҳоро амали намояд;
  • барои ҳукукӣ намояндаги аз номи Ҷамъият ваколатномаи дорои хукуқӣ бовари медиҳад;
  • дар бораи ба кор кабул кардан, ба кори дигар гузаронидан, аз кор хориҷ намудани коргарон фармон мебарорад, инчунин ҳавасмандгардони ва пешбини кардани ҷазо ба коргарони Ҷамъият;
  • муайян кардани шумора ва ҳайати штатии Ҷамъият;
  • аз рӯи ваколатхои худ бо воситаҳои моли ва моликияти Ҷамъият ихтиёрдори намудан;
  • имзо кардани шартномаҳо ва ахдхо.
  1. Ҷиҳати тафтиш ва тасдики дурустии ҳисоботи солонаи молияви, Ҷамъият ҳукук дорад хар сол аудитори касбии бо Ҷамъият ё Муассисони он манфиати амволи надошта (аудитори беруна)-ро ҷалб намояд. Ҳисоботи солонаи молияви инчунин метавонад бо талаботи ҳар яке аз Муассисони он тафтиши аудитори карда шавад.
  2. Комиссияи тафтишотии Ҷамъият ҳак дорад ҳар вақт фаъолияти молиявии Ҷамъиятро тафтиш намояд ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба фаъолияти Ҷамъият дастраси он бошад. Комиссияи тафтишотии Ҷамъият бо тартиби ҳатми тафтиши хисоботи солона ва балансҳои муҳосибавиро то онхоро тасдик кардани Макоми олии идоракунии Ҷамъият, мегузаронад. Макоми олии идоракунии Ҷамъият ҳак надорад хисоботи солона ва балансҳои муҳосибавии Ҷамъиятро дар сурати набудани хулосаи комиссияи тафтишотии Ҷамъият тасдик кунад.
  3. ҲУҚУҚ ВА УХДАДОРИҲОИ КОРГАРОН ВА ХИЗМАТЧИЁНИ ҶАМЪИЯТ
  1. Корманлон ва хизматчиёни Ҷамъият метавонанд дорои ҳуқуқҳое, ю! млтобики Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меьёрии хукукӣ ва ҳамин Оиннома пешбини шудаанд, дошта бошанд.
  2. Кормандон ва хизматчиёни Ҷамъият ӯхдадоранд, ки маълумотҳои махфии Ҷамъиятро фош накунанд.
  3. Кормандон ва хизматчиёни Ҷамъият метавонанд дигар ухдадорихое. ки мувофиқи Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадхои меъёрии ҳуқуқӣ ва хамин Оиннома пешбини кардааст, дошта бошанд.
  4. Кормандон ва хизматчиёни Ҷамъият аз руи уҳдадориҳои Ҷамъият чавобгар шуда наметавонанд.
  5. Кормандон ва хизматчиёни Ҷамъият ҳуқуқ доранд, ҳар вақт аз Чамъият озод шаванд.
  6. Кормандон ва хизматчиёни Ҷамъият, бо қарори Директор аз кор озод карда мешаванд, агар онхо Созишномаи ба Ҷамъият бастаро вайрон намуда. бо ин ба манфиатҳои Ҷамъият зарар овардабошанд.
  7. Оид ба карори Директор дар бораи аз кор озод намудан, ба суд пшкоят намоянд.
  8. НИГОХДОРИИ ҲУҶҶАТҲОИ ҶАМЪИЯТ
  9. Ҷамъият ӯхдадор аст ҳуччатҳои зеринро нигоҳ дорад:
  • ҳуҷҷатҳои таъсисёбии Ҷамъият. инчунин тағйироту иловаҳои ба жуччатҳои таъсисёбии Ҷамъият воридгардида. ки бо тартиби муқарари ба кайд гирифта шудаанд:
  • протоколи (протоколхои) мачлиси Муассисони Ҷамъият, ки дорои карор оид ба таъсиси Ҷамъият ва тасдиқи арзиши пулии амонатҳои гайрипули ба сармояи Ҷамъият мебошад, инчунин дигар карорҳои вобаста ба таъсиси Ҷамъият:
  • хуччате, ки кайди давлатии Ҷамъиятро тасдиқ мекунад;
  • ҳуҷҷатҳое, ки хукукӣ Ҷамъ!!ятро ба амволи дар баланси он буда гасдик менамоянд;
  • хучҷатҳои дохилии Ҷамъият;
  • низомномаи дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои Ҷамъият;
  • хуччатҳое, ки бо эмиссияи вомбаргҳо ва дигар когазҳои кимматноки эмиссионии вобастаанд;
  • руйхати шахсони бонуфузи (аффилири) Ҷамъият;
  • хулосаи комиссиям тафтишоти Ҷамъият, аудитор, макомоти давлатй ва маҳаллӣ назорати молияви;
  • дигар ҳуҷҷатхое, ки конунхо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Ҷамъият, ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият ва қарорҳои Маҷлиси умумии Муассисони Ҷамъият ва макомоти иҷроияи Ҷамъият пешбини кардаанд.
  1. Ҷамъият ҳуҷҷатхоеро, ки хамин модда пешбини кардааст, дар ҷои вокеъшавии макомоти яккасардории иҷроияи он ё ҷои дигаре, ки ба Муассисони Ҷамъият маълум ва дастрас аст. нигоҳ медорад.
  2. АЗНАВ ТАШКИЛДИҲИ ВА БАРҲАМДИҲИИ ҶАМЪИЯТ
  3. Азнавташкилдиҳии Ҷамъиятро (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) метавонад Муассиси он ё мақоме, ки мутобики ҳуҷҷатхои таъсиси дорои чунин ваколат мебошад, ба амал бароварад.
  4. Барҳамдихии Ҷамъият боиси катъ гардидани он бидуни ба ашхоси дигар ба тариқи вориси ҳукуқ гузаштани ҳуқуқу ӯхдадориҳояш мегардад.
  5. Ҷамъият фаъолияти худро дар ҳолатҳои зерин барҳам медиҳад:
  • мунтазам вайрон кардани қонунгузории амалкунанда ва ё Оинномаи мазкур;
  • зараровар шудани фаъолияти хочагидории Ҷамъият.
  1. Барҳамдихии фаъолияти Ҷамъият бо карори Муассиси он ё суд ба амал бароварда мешавад.
  2. Бархамдихии Ҷамъиятро комиссиям катъкуни ба амал мебарорад. Аз вақти таъини комиссиям катъкуни хамам хукук ва ваколатҳои Ҷамъият ба вай мегузарад.
  3. Ҳамаи воситахои пулии Ҷамъият, аз он ҷумла маблағҳое, ки аз моликияти вай баъд аз баробар кардани ҳисобҳо ба будет, кредиторҳо, коллективи мехнатй боки мемонад ба ихтиёри пурраи Муассис мегузарад.
  4. ҚАБУЛ В А ТАСДИҚИ ОИННОМАИ ҶАМЪИЯТ
  5. Оинномаи Ҷамъият ва дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома бо тартиби мукарраргардидаи конунгузори ва бо карори Муассиси Ҷамъият тасдик карда мешавад.

. 6. Моликият ва амволи Ҷамъият аз руи васияти Муассис ба мерос гузаронида мешавад.

ҚАРОРИ ДИРЕКТОРИИ ҶДММ «КОЛА»
аз «11» сентябри соли 2019 №8/0 ш. Душанбе

Ман, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдиев Кароматулло Азизуллоевич, ҳамчун муассиси ягонаи Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди «Кола» аз ваколатҳои худ истифода бурда, дар асоси Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»,

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Оинномаи Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди «Кола» тасдик карда шавад.
  2. Оинномаи Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди «Пойафзоли Колаи», ки бо карори муассис аз 18 феврали соли 2004 тасдиқ карда шудааст, аз эътибор сокид дониста шавад.

Фозилов Олим Шарифович шиносномаи №А63789773, ки аз тарафи ШКД ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе санаи 10 феврали соли 2015 до да шудааст.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …