АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Олу дар Канзи Шифо (Китоб)
Олу

Олу дар Канзи Шифо (Китоб)

Дар тиб аксар олуи сиёҳ ба кор меравад, ки пухта шодоб ва ширин шуда бошад. Мизоҷи олуи сиёҳ дар дараҷаи якум хунук ва дар дувум тар аст. Мизоҷи дигар олуҳо низ тақрибан ба он наздик мебошад. Хислатҳои шифобахши он: модоме ки олуи сиёҳ аз нуқтаи назари тиббӣ ҷолиби диққат аст, вале мо барои муқоиса хусусиятҳои олуҳои дигарро низ ба забон мегирем.

Олуи сиёҳ ҳамчун ғизо камқувват, вале мулоимкунанда ва лағжонандаи дарун аст, хусусан дар тари пухтагии он ин хислат зиёдтар мебошад, зеро рутубат ва часпандагӣ дар он афзун аст. Агар олуи сиёҳро пеш аз таом бихӯранд, сафрои рақиқро меронад, дарди сари аз гармӣ баамаломада ва табҳои сафровиро фоида дорад; ғалабаи сафро, яъне афзудани сафроро хомӯш мекунад, қайи сафровиро бозмедорад, ташнагиро таскин медиҳад, ҳарорати дил ва шиддати тафси онро хомӯш мегардонад, хориши баданро нест мекунад, сафрои рақиқ (суюқ)-ро ба воситаи исҳол дафъ месозад; беҷо (беҳузур) гаштани дилро, ки аз бисёр шудани моддаи сафро дар меъда ба амал омада бошад, дафъ менамояд; хусусан майхуш (туршу ширин)-и он дар ин бобат пуртаъсир аст. Вале олуи сиёҳи ширин дарунро суст ва мулоим мегардонад ва бо ин хислаташ бештар дарунро меронад. Басост, ки навъи турши олуи сиёҳ дарунро меронад. Зеро ки он дар шикам ба чизҳои турш бирасад, онҳоро мулоим сохта, аз ҷояшон канда ва ҷудо намуда дафъ мегардонад, вале агар ба моддаҳои ғайри турш бирасад, дарунро шах мекунад.

Агар олуи сахти майда бошад, баъд аз хӯрдан дарунро сахт мекунад. Агар инро бо шаҳдоб бихӯранд, он гоҳ дарунро меронад, инчунин барои дарун безарар мегардад. Олуи хушкро дар об бипазанд ва он обро соф карда бо асал ё бо шакар, ё бо тарангабин (шакари янтоқ) биёшоманд, дарунро мулоим месозад. Олуи сафед бадҳазм аст ва монанди олуи турш дарунро намеронад.

Гули олуро бихоянд, аз боло ба поин фуромадани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад. Агар онро кӯфта ба сар гузошта банданд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, нафъ мебахшад.

Барг ё решаашро дар об чӯшонида, бо он об ғарғара кунанд ва он обро дар даҳан гардонанд, аз майна фуромадани назларо манъ мекунад, варами забончаи ҳалқум ва омоси ғадудҳои бодомшакли гулӯро таҳлил медиҳад ва милки дандонро мустаҳкам мегардонад. Агар ин обро бинӯшанд, кирмҳои меъдаро ихроҷ мекунад.

Баргашро кӯфта, ба зери ноф гузошта банданд, кирмҳои шикамро мекушад. Вале олуро бисёр бихӯранд, ба майна зарар дорад — ин гуна офати онро бо челон хӯрдан ислоҳ метавон кард; агар ба меъда зарар расонад, гулқанд бояд истеъмол намуд. Миқдори як бор хӯрдан аз меваи олу дар як руз то 150 грамм аст. Мизоҷи шилмаш аз шилми бодомҳо гармтар аст, вале хушкиаш камтар аз он мебошад.

Ин шилмро ба захмњо гузошта банданд, дар онњо гўшти солим мерўёнад. Агар инро соида, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро тез мегардонад. Агар бо сирко хамир карда, ба шукуфањои пўст гузошта банданд, шифо мебахшад ва љўшишњои бадани кўдаконро дафъ мекунад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …