Оқирқирҳо — Ин гиёҳест, ки дар ҳамаи кӯҳистон ва баландиҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон мерӯяд. Решааш, ки дар тиб ҳамин қисмаш истифода мешавад, ба дарозии ангуште, каме бориктар аз он, хушбӯ мебошад. Қуввати он то ҳафт сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: решаи инро кӯфта гузошта банданд ва инчунин хушкашро кӯфта бипошанд, гиреҳҳоро мекушояд, майна ва узвҳои онро аз моддаҳои бегона пок мегардонад, баданро аз балғам пок месозад.
Агар инро бихӯранд, барои бемориҳои каҷ шудани рӯй, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), ларзак, кузоз, (столбняк), сустӣ ва лукнати забон, дарди узвҳои даруни сина, дарди дандон ва буғумҳои бадан, ирқуннасо (радикулит), истисқо (водянка) даво мешавад, боҳи одамони хунукмизоҷро қувват мебахшад, балғамро бо исҳол дафъ мекунад; пешоб, ҳайз, шир ва арақро равон месозад, табҳоро шифо мебахшад ва ғайра.
Агар соидаи онро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, кузоз, карахтӣ, нотавон ва суст гаштани узвҳо ва беҳиссии аъзоро дафъ мекунад. Агар инро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада нишинанд, низ аз иллатҳои номбаршуда наҷот меёбанд.
Кӯфтаи хушки онро ба тораки сар бипошанд ё бимоланд, майнаро гарм мекунад, назларо аз пайдо шудан манъ месозад ва барои иллати саръ, ки аз ҷамъ шудани моддаи ғализ дар майна бошад, даво мешавад. Агар инро бо мустако пай дар пай бихоянд, низ ҳамин таъсирро дорад.
Хушки онро кӯфта, ба воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, бастагиҳои сари бинӣ ва сурохи биниро мекушояд. Кӯфтаи инро бо равғани гулисурх даромехта дар бинӣ бирезанд, дарди нимсар, дарди сари балғамии шадидро дафъ мекунад.
Чун решаи оқирқирҳоро як шабонарӯз дар сирко тар карда, ба зери дандони дарднок гузоранд, дарди онро таскин медиҳад. Чун онро бихоянд ё хушкашро кӯфта, ба таги забон бипошанд, рутубатҳоро аз он ҷо мекашад ва лукнати забонро дафъ мекунад.
Чун пухтаи онро дар даҳан нигоҳ доранд, дандони ҷунбонакро мустаҳкам мегардонад. Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта, дар даҳан бигардонанд ё бо он об ғарғара кунанд, дарди гулӯ, афтодани забончаи ҳалқ ва сустию нотавонии забонро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам дар ин мавзеъ бошад, шифо мебахшад.
Соидаи хушки онро бар бадан бимоланд, арақ меоварад. Решаи оқирқирҳоро ба гардан овезанд, саръи (припадкаи) тифлонро шифо мебахшад.
Решаи хушки онро маҳин ос карда, бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз олоишҳо пок мегардонад, дарди узвҳои даруни сина, сурфаи сарди кӯҳнаи балғамӣ ва сардии меъдаро ба ибро меоварад, ннчунин балғамро аз меъда хориҷ месозад; боҳи одамони сардмизоҷ ва тармизоҷро зиёда мегардонад. 17,5 грамм хушки онро биёшоманд, балғамро бо оҳистагӣ бо исҳол дафъ мекунад.
Кӯфтаи онро бо равғани зайтун сиришта, пеш аз гирифтани таб бар тамоми бадан бимоланд, табро нест менамояд. Чун пеш аз муҷомаат равғани оқирқирҳоро ба закар бимоланд, онро мустаҳкам мегардонад ва шаҳватро бармеангезад, инчунин дар ин амал лаззат мебахшад, вале маниро зуд фурӯд меоварад, агар ҳаминаш мурод бошад.
Оқирқирҳоро маҳин кӯфта, бо об ва орди боқило хамир карда, онро ба даруни халтачаи матоъӣ молида, закар ва хояҳоро дар он ҷо карда, як рӯзи комил ҳамон тавр бигузоранд ва ҳамон тавр бидоранд, дар одамони сардмизоҷ боҳро афзун мегардонад ва барои касоне, ки дар хояҳои худ мавҷуд будани сардиро ҳис мекарда бошанд, давои аҷиб мешавад.
Оқирқирҳоро бо навшодир маҳин ос карда, ба коми даҳан бимоланд, онро аз сӯхтани оташ манъ мекунад, инро ҳамин тавр бозингарон истеъмол мекунанд. Чун оқирқирҳоро дар хамир бипазанд, то он ки монанди хамир гардад, баъд онро ба дандони кирмхӯрда бигузоранд, кирмашро мерезонад.
Вале ба дарун истеъмол кардани оқирқирҳо ба шуш зарар дорад — давои ин зиёнаш катиро хӯрдан аст. Миқдори як бор хӯрдан аз окиркирҳо дар як рӯз то 3,5 грамм аст.
Аз оқирқирҳо равған ҳам тартиб медиҳанд ба ин тариқ. 25 грамм решаи хушки онро кӯфта, дар 300 грамм об то 25 грамми он об мондан биҷӯшонанд. Баъд хуб молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида соф карда, бо 50 грамм равғани зайтун бо оташи мулоим то тамом бухор шуда рафтани об биҷӯшонанд, — аз ҷӯш, ки монд — ин аломати тамом гаштани об аст. Ин равғани оқирқирҳо ҳисоб меёбад. Дар шиша нигоҳ доранд ва вақти ҳоҷат ба кор баранд.
Агар инро бимоланд ва биёшоманд, ҳамаи бемориҳои аз сардӣ содиргашта, аз ҷумла карахтӣ, каҷ шудани рӯй, фолиҷ ва ғайраро шифо мебахшад, табҳои хунукро дафъ мекунад, боҳро қавӣ мегардонад; дарди сар, дарди нимсар, инчунин саръро, ки ҳама аз сардӣ бошанд, дафъ менамояд, майнаи хунукро қувват мебахшад.
Абуабдуллои Рӯдакӣ вобаста ба чунин навиштааст
Касе хоҳад, ки он дандони хурда,
Ки дард ӯро ҳама сӯрох карда,
Зи бехаш барканад бе ранҷи бисёр,
На саъбе бошаду на ранҷу озор.
Кабечак бошаду қатрону пилпил
Ҳама яксон бибояд кард ҳосил.
Аз ин сӯрохи дандон пур биёган,
Биҷӯӣ гар яке борик сӯзан.
Вагарна оқирқирҳо биёвар,
Қушури шибраму зарнихи асфар.
Қушури нужу аз асли кабар низ
Раво дор, ар набошад ҷуз аз ин чиз.
Бибояд суд ин дар сиркаи хом,
Касе к-аз дарди дандон нест ором.
Ба рӯзе ду аз ин дору барандой,
Пас он гаҳ баркашаш бе дард аз ҷой.
Вагарна асли ҳалюн андар ӯ гир,
Бародар, ар бибандандаш ба занҷир.