АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ОСИЁИ МИЁНА ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ ХIV

ОСИЁИ МИЁНА ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ ХIV

Кабакхон аввалин ҳукмрони муғул аст, ки умеди худро тамоман ба Мовароуннаҳр алоқаманд намуд. Худи ӯ аслан бутпараст буда, дини исломро қабул накарда буд, вале бо уламои ислом доир ба мавзӯъҳои динӣ бо майли тамом сӯҳбат меорост. Баъзе далелҳое ҳастанд, ки кӯшишҳои гоҳо бобарори ӯро дар роҳи пешгирӣ кардани таъқиботи сахти феодалони бодиянишин нисбат ба аҳолии муқимӣ нишон медиҳанд. Кабакхон дар наздикии Насаф барои худ кӯшк (қаршӣ) бино намуд, ки баъдҳо дар атрофи шаҳре ба вуҷуд омад ва бо номи Қаршӣ машҳур гардид.

Ба Кабакхон ислоҳоти пулӣ ва идориро нисбат медиҳанд. Ислоҳоти пулии ӯ аз тарафи М.Е. Массон муфассалан таҳқиқ шудааст.[1] Ин ислоҳот дар соли 1321 бо назардошти системаи пулии давлатии ҳулокуӣ ва Олтинӯрда гузаронида шуда буд. Тангаи калони нуқраи 8 грамм вазндошта динор номида шуда, бо шаш тангаи хурд, ки дирам меномиданд, баробар буд. Солҳои аввалин сиккаҳои нав (хусусан дирам) бо номи Кабакхон аксаран дар зарробхонаҳои Бухоро ва Самарқанд ба таври хеле фаровон бароварда шуданд. Зарби ин ду навъ пули нуқраро дигар ҳокимон низ давом доданд. Масалан, Тармаширин аз ин пулҳо бисёр баровард ва дар замони ӯ кори зарробхонаи Утрор ҳам хеле авҷ гирифт. Баъдтар зарби ин сиккаҳо миқдоран кам мешавад.

Аксари муаррихон кушоду равшан ба аҳамияти ислоҳоти Кабакхон муболиға кардаанд. Аслан ин ислоҳот дар хоҷагии пулии мамлакат тағйироти куллие, чунон ки ислоҳоти Масъуд оварда буд, дохил карда натавонист. Лекин вай барои пешрафти тиҷорати ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ шароити мусоид муҳайё намуд. Худи амри воқеии ҷорӣ гардидани ислоҳот ва тамоми пулбарориҳои давраи он, ҳарчанд ки аз ҷиҳати вусъати худ дар ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна яксон набуд, умуман ба равнақи шаҳрҳо ва тиҷорати пулӣ шаҳодат медиҳад.

Дар асри ХIV муборизаи ду тамоюли дар боло зикршуда нисбат ба аҳолии муқимӣ хеле шиддат ёфт. Масалан, ба Кабакхон лозим омад, ки бо шаҳзодаи исёнкори чағатоӣ Ясовур ҷангу пархоши сахт кунад. Ин шаҳзода бо кӯмаки қувваҳои ҳарбии амирони хуросонӣ Кабакхонро мағлуб намуд ва сипас, чунон ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, «аз Тирмиз то ҳудуди Самарқанд тамоми аҳолии вилоёт ва деҳотро аз каронаҳои Омул (Амударё) кӯчонид, шаҳрҳо ва маҳалҳои тобеи Кабакхонро ба харобазор табдил дод ва сокинонашонро ба асорат гирифт». Як худи амирони хуросонӣ зиёда аз 50 ҳазор асир ва ғаниматҳои зиёде бурданд. Вақте ки Кабакхон бо нияти зарбаи ҷавобӣ ба мулкҳои хуросонии Ясовур ҳуҷум карданӣ шуд, шаҳзодаи чағатоӣ ба сокинони Фороб ва Мурғоб амр кард, ки ба вилояти ҳирот кӯчанд. ҳангоми ин муҳоҷират чандин даҳҳо ҳазор одамон аз хунукӣ ва гуруснагӣ ҳалок шуданд. Ҷангу ҷидолҳои феодалии солҳои 1316-1319, ки дар натиҷаи исёни Ясовур сар зада буд, ба мардуми Осиёи Миёна зарарҳои ниҳоят калоне расонид.

Вориси Кабакхон – Тармаширин (1326-1334) асосан сиёсати бародари худро давом дод. Ӯ ба анъана ва урфу одатҳои зиндагонии муқимӣ боз ҳам бештар майл намуда, мусулмони боғайрат гардид ва дини исломро мазҳаби расмии давлати Чағатоиён эълон кард. Эътироз ва норизогии феодалони саҳронишин ба ошӯбу исён табдил ёфта, ниҳоят бо қатли Тармаширин анҷом ёфт.[2]

Низоъҳои байнихудӣ ба ҳаёти шаҳр ва зироати ҳафтруд чунон зарбаи сахт расонид, ки ислоҳи он дигар аз имкон берун буд.

Ин вазъият дар яке аз сарчашмаҳо аз рӯи нақли як марди сайёҳ бо чунин суханони образнок баён ёфтааст: «Аз дур як деҳаи хушиморати гирду атрофаш сабзу хуррам ба назар менамояд. Нияти вохӯрдан бо сокинонаш туро ба он ҷо мебарад, вале чун менигарӣ, ҳавлиҳои он холист. Тамоми аҳолии мамлакат бодиянишин буда, ба корҳои зироат ҳеҷ машғул намешаванд».[3]

Кабакхон
Кабакхон

Ислоҳоти идорие, ки Осиёи Миёнаро ба воҳидҳои хурди маъмурӣ – туманҳо тақсим мекард, ба ҳаёти мамлакат мебоист таъсири муайяне мегузошт. Доир ба замони ҷорӣ гардидани ин ислоҳот нуқтаи назари ягона мавҷуд нест ва, инчунин Кабакхон будани «ҷорикунандаи» он низ ҳанӯз аниқ маълум нагардидааст. В.В.Бартолд тахмин дошт, ки ислоҳот дар байни солҳои 1318-1334 (яъне дар замони Кабакхон ё худ Тармаширин) гузаронида шудааст.[4] А.Ю.Якубовский чунин изҳори ақида карда буд, ки ҷорикунандаи он Кабакхон аст, зеро дар вақти ба сари ҳокимият омадани Темур туманҳо вуҷуд доштанд, аммо пеш аз Кабакхон аз онҳо ному нишоне ҳам набуд, пас аз Кабакхон касе наметавонист ин ислоҳотро гузаронад.[5] О.Д.Чехович, ки истилоҳи «туман»-ро дар вақфномаи соли 1299 дучор оварда буд (дуруст аст, ки ин калима на дар манбаи аслии арабӣ, балки дар тарҷумаи форсии ин ҳуҷҷат мавҷуд аст), эҳтимоли хеле вақт пеш аз Кабакхон вуҷуд доштани туманро ҳамчун воҳиди маъмурӣ фаразан изҳор намудааст.[6]

Муҳаққиқон ин ислоҳотро тазоҳури майлҳои ба як марказ муттаҳид кардани мамлакат донистаанд. А.Ю.Якубовский хотирнишон карда буд, ки «…онро бояд ҳамчун як иқдоми прогрессивие, ки дар тараққиёти давлати феодалии Мовароуннаҳр роли мусбат бозидааст, эътироф намуд». Дар айни замон, ӯ чунин ҳисоб мекард, ки «ислоҳоти идории Кабакхон мулкҳои феодалиро бо моликонаш аз байн набурда, балки ба он мувофиқ гардид; мулк ба воҳиди маъмурии туман ва соҳиби пештараи он ба қоиммақоми туман табдил ёфтанд». Бо вуҷуди ин, вақфномаи соли 1326 барои дурусттар дарк намудани аҳамияти ии ислоҳот ва донистани тағйироти амиқтари дар идораи маъмурию сиёсӣ баамаловардаи он имкон медиҳад. Дар байни шартҳои пешгузоштаи бахшандагони вақф чунин зарурате ҳам таъкид шуда буд, ки маҳалҳои вақфро «ба ҳокимони шаҳри Бухоро ва дигар вилоятҳо аз ҷумлаи амирони туманҳо, маликҳо, босқоқҳо ва вазирони девон»[7] иҷора додан мумкин нест. Дар ин ҷо зикри мулкдорони ирсӣ ва ҳокимони аслии пеш аз муғул бо туман алоқаманд карда нашудааст. Туманҳоро амирон, яъне саркардагон ва аъёну ашрофи тоифаҳои турку муғул идора мекарданд.

Дар чунин маврид, худ аз худ маълум аст, ки мулки малик ва туман як мафҳумро ифода намекунад. Мумкин аст, ин ислоҳоти идорӣ, назар ба он чи ки пештар ангошта мешуд, дар тарзи идораи кӯҳна тағйироти ҷиддитаре ба амал оварда бошад. Аз эҳтимол дур нест, ки яке аз вазифаҳои ин ислоҳот барҳам додани мухторияти мулкдорон – ҳокимони маҳаллӣ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, чунин тахмини В.В.Бартолд ба ҳақиқат нисбатан наздиктар аст, ки ба туманҳо тақсим кардани мамлакат, «монанди Эрон, бо ҷудо карда додани амлоки хоса ба намояндагони хонадонҳое марбут мебошанд, ки ба Мовароуннаҳр ҳамроҳи хон омадаанд»;[8] арлатҳо дар қисмати шимолии Афғонистон, қавгинҳо дар ҷануби Тоҷикистон, ҷалоириҳо дар Хуҷанд, барлосҳо дар водии Қашқадарё ва ғайра ҷойгир шудаанд. Он чи ки ашрофи турку муғул на фақат дар ҳудуди амлоки худ, балки берун аз он ҳам мавқеъҳои асосиро дар идораи маъмурии мамлакат ишғол намуданд, муҳимтарин ҷиҳат дар тавсифи, ҳам худи ислоҳоти идорӣ ва ҳам протсесси ба тамоми соҳаҳои ҳаёти муқимӣ ворид шудани ашрофи бодиянишин мебошад. Бо ин ҳама, умуман масъалаи аҳамият ва мақсади ин ислоҳот ба таҳқиқи ҳамаҷониба эҳтиёҷ дорад, аз ҷумла, ҳоло равшан нест, ки худи туман чи воҳиди маъмурӣ буд ва дар вақти муқаррар кардани ҳудуди он чи меъёреро ба асос мегирифтанд.

Низоъҳои феодалӣ ба гузаронидани тадбироти прогрессивӣ мамониат мекарданд ва натиҷаҳои онро ба ҳеҷ мубаддал месохтанд. Дар солҳои 40-уми асри ХIV Қазонхон равияи сиёсии Кабакхону Тармаширинро пеш гирифта, барои аз нав барқарор намудани ҳокимияти хонӣ кӯшишҳои зиёде намуд. Ӯ бо нияти ба вуҷуд овардани такягоҳи мустаҳкаме дар мубориза бар зидди феодалони бодиянишин дар масофаи ду манзил дуртари тарафи ғарбии Қаршӣ кӯшкқалъаи Занҷирсаройро бино кард. Соли 1346 ӯ дар ҷанг ҳалок гардид. Ба ҷои вай амир Қазаған, ки дӯстдори урфу одатҳои зиндагии бодиявӣ буд, ба сари ҳокимият омад. Ӯ зимистон вақти худро дар водии Сарой (райони ҳозираи Панҷи РСС Тоҷикистон) ва тобистон дар шаҳри Мунк гузаронида, бештар ба шикор ва ҳуҷумҳои ғоратгарона машғул мешуд ва ин барои ашрофи бодиянишин, ки аз чунин тохтутозҳо ғанимати бисёре ба даст меоварданд, айни муддао буд. Писари ӯ Абдуллоҳ аз соли 1358 саъю кӯшиш намуд, ки дигар сиёсати ифодакунандаи табақаи болои аҳолии муқимиро ҷорӣ намояд, вале аз мамлакат ронда шуд.

Дар охири солҳои 50-уми асри ХIV давлати чағатоӣ тақрибан ба сӣ мулки ҷудогона тақсим гардид. Баъзе аз ин мулкҳо ба феодалони бодиянишин тааллуқот пайдо намуд. Масалан, Хуҷанд ба таҳти ҳокимияти Боязиди Ҷалоир даромад. Дар сари мулкҳои дигар феодалони маҳаллии ашрофӣ ва динӣ қарор гирифтанд. Чунончи, дар Бухоро садрҳо, дар Хатлон авлоди хонадони қадимаи Кайхусрав, дар Бадахшон ду шоҳи бародар аз сулолаи маҳаллӣ, дар Тирмиз саидҳо ҳукмронӣ мекарданд. Илова бар ин, давлати чағатоӣ боз ба ду қисмат ҷудо шуда, вилоятҳои шимолу шарқии он ба худ номи Муғулистонро гирифтанд.[9]

[1]Массон М. Е.. 1957.

[2]Бартольд В. В., 1963 а, с. 74–76; Строева Л. В.. 1958., с. 210-216.

[3]Бартольд В. В., 1963 е, с. 264.

[4]Бартольд В. В., 1963 ж, с. 153; 1964, с. 33.

[5]«Таърихи халrҳои Ӯзбекистон», I, с. 338–340.

[6]Чехович О. Д., 1967, с. 67.

[7]Чехович О. Д., 1965, с. 107-108 (матн), 183 (тарҷума).

[8]Бартольд В. В., 1964, с. 34.

[9]Бартольд В.В., 1963 а, с. 76-78; Строева Л.В., 1958, с. 216-219.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …