АСОСӢ / ГУНОГУН / Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати ҳахоманишӣ

Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати ҳахоманишӣ

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, қисмати муҳими Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати ҳахоманишӣ қарор гирифта буд. Дар навиштаҷоти Тахти Ҷамшед қайд шудааст, ки давлати ҳахоманишӣ аз сарзамини «сакоиҳои паси Суғд» то Кӯш (Эфиопия) масоҳати бузургеро ишғол мекард. Бо чунин ақида мумкин аст розӣ шуд, ки «сакоиҳои паси Суғд» ҳамон сакоиҳои он сӯи дарёи Сир мебошанд, яъне, онҳое, ки дар ҷараёнгоҳи боло ва қисман миёнаи ин дарёи Осиёи Миёна зистаанд[1]. Хоразм, Суғд, Бохтар, Порт, аксари вилоятҳое, ки сакоиҳои бодиянишин сукунат доштанд,– ҳама дар овони нашъунамои давлати ҳахоманишӣ ба ҳайъати он дохил мешуданд.

Бохтар то охирин лаҳзаҳои мавҷудияти давлати ҳахоманишӣ дар таҳти тасарруфи он буда, муҳимтарин маркази шарқии ин давлат ҳисоб меёфт. Нуфуси зиёд ва имкониятҳои фаровони иқтисодию ҳарбии Бохтар ва вилоятҳои тобеи он мавқеи ин кишварро дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии тамоми қисмати шарқии давлати ҳахоманишӣ муайян мекард. Аҳамияти Бохтар дар муборизаҳои сулолавӣ барои тахти шаҳаншоҳӣ низ хеле бузург буд. Зоҳиран, аъёну ашрофи бохтарӣ сиёсати ҷудоиталабиро ҷорӣ карда, дар айни замон, гоҳо тарафи ин ва ё он даъвогари тахтро мегирифтанд ва кӯшиш мекарданд, ки дар умури давлат баробари форсҳо мавқеи роҳбарикунанда дошта бошанд[2].

500px-Persian_Empire,_490_BCТамоми давлати ҳахоманишӣ ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарбӣ, яъне сатрапиҳо тақсим гардида буд, ки онҳоро волиҳо (сатрапҳо) идора мекарданд. Чи навъе ки Геродот хабар медиҳад (III, 89-94), дар аҳди Дорои I (522-486 пеш аз милод) шумораи ин қабил вилоятҳо ба 20 мерасид. Волиҳо, ки бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд, аксаран аз байни форсҳо таъин карда мешуданд. Вазифаи волӣ асосан аз ҷамъоварии андоз ва нигаҳдории қӯшун иборат буд[3]. Вай инчунин ҳақ дошт бо ҳамсоягони итоатнакарда муносибат намояд ва бо ризоияти подшоҳ метавонист, ҳатто бар зидди онҳо лашкар кашад. Мансаби волӣ бештар меросӣ буд.

Боҷу хироҷғундорӣ аз муҳимтарин амалҳои дастгоҳи давлатӣ ҳисоб мешуд. Мувофиқи ислоҳоти дар соҳаи молиёт ҷорӣ намудаи Дорои I ҳар як вилоят мебоист андози солонаро бо пул адо кунад.

Ғайр аз ин, ба тариқи молиёти ҷинсӣ, яъне маҳсулоти зироатӣ ё ки ҳунармандӣ андоз мепардохтанд. Илова бар ҳамаи ин, боҷҳои дохилӣ ва андозҳои роҳ низ вуҷуд доштанд. Махсусан, бо сарбоз таъмин кардани қӯшуни ҳахоманишӣ барои аҳолӣ бори гароне буд.

Аҳолӣ аз ин қабил андозу хироҷҳои зиёд ба азобу кулфатҳои тоқатшикан дучор мегардид. Вай барои додани молиёт аксар вақт замини худро ба судхӯрҳо гарав мегузошт ва ё ҳатто фарзандони худро ба ғуломӣ мефурӯхт.

Осиёи Миёна ба чор сатрапӣ тақсим шуда буд. Қабилаҳои кӯчманчии сокини канораҳои баҳри Каспӣ, ба қавли Геродот, ба таркиби сатрапии ХI дохил шуда, солона ба маблағи 200 таланти[4] нуқраи бобулӣ хироҷ медоданд. Хоразм, Суғд ва Порт сатрапии ХVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии ХII ба шумор рафта, 360 талант андоз медод. Ниҳоят, сакоиҳо вилояти ХV-ро ташкил намуда, ба маблағи 250 талант хироҷ медоданд.

Яке аз воситаҳое, ки ҳахоманишиҳо аз аҳолии Осиёи Миёна андозҳои иловагӣ мегирифтанд, бастани дарғот буд. Аҳолӣ аз беобӣ ба танг омада, маҷбур мешуд, ки барои кушодани дарғот хироҷи иловагӣ бидиҳад. Геродот (III, 117) дар ин бора менависад: «…Вақте ки онҳо беоб монданд, бо аёли худ ба Форс мераванд, дар назди дари қасри подшоҳ ҷамъ шуда, доду фиғон мебардоранд; подшоҳ аҳволи ин мӯҳтоҷонро дида, амр мекунад, ки дарғотҳоро кушода, обро ба сӯи дашт сар диҳанд. ҳамин ки замин аз об сер шуд, боз дарғотҳоро мебанданд ва бо амри подшоҳ дарғотҳои дигарро барои дигар мӯҳтоҷони об боз мекунанд. Аз рӯи ривоятҳо ба ман маълум аст, ки подшоҳ ғайр аз андозҳои муқаррарӣ ба ивази кушодани дарғотҳо пули бисёр меситонад» (фосила аз ман.- Б. Ғ.).

Муайян кардани ин ҷои дарғот, ки аз рӯи суханони Геродот дар дарёи Акес воқеъ гардида будааст, кори хеле душвор аст. Бар тибқи ақидаи аксари муҳаққиқон, ин дарғот дар дарёи Теҷен – ҳарируд аст, ки аҳёнан дарёи Мурғоб меноманд. Кӯшишҳои боз ҳам аниқтар муайян кардан ҳам ба назар мерасад[5].

Зоҳиран, дар аҳди ҳукмронии ҳахоманишиҳо иншоотҳои калони обёрӣ дар дасти (ва ё таҳти назорати) маъмурони ҳахоманишӣ қарор гирифта будаанд. Вазъияти аҳолии меҳнатӣ дар давраи ҳукмронии ҳахоманишиҳо фавқулодда вазнин буд. Қабилаву халқҳои озодихоҳи Осиёи Миёна муттасил ба муқобили ҷавру зулми подшоҳони форс шӯриш мебардоштанд.

ҳанӯз аз нимаи дувуми асри IV пеш аз милод хоразмиҳо давлати мустақили худро таъсис менамоянд. Дар ин вақт сакоиҳо ҳам аз тобеияти ҳахоманишиҳо берун меоянд.

Давлати ҳахоманишӣ тазоҳури равшани давлати ҳарбии ашрофии ғуломдорӣ ба шумор мерафт, ки табақаҳои ҳукмрон ва соҳибимтиёзи он аз форсҳо ва қисман аз мидиҳо иборат буданд. Дар маҳалҳо, алалхусус дар вилоятҳои аз марказ дури давлати ҳахоманишӣ ҳокимияти маъмурони «худӣ», яъне осиёимиёнагӣ хеле қавӣ буд: инак, ҳахоманишиҳо ва ашрофи маҳаллӣ якҷоя ба аҳолии сатрапиҳои Осиёи Миёна зулму ситам мекарданд.

[1] Литвинский Б.А., 1960, б, с. 91-92.

[2] ИТН, I, с. 209-211.

[3] Чунон ки Р.Фрай менависад, сатрапҳо гӯё подшоҳчаҳое буданд, ки монанди ҳукумати марказӣ дарбор ва дастгоҳи идораи худро доштанд.

[4] Талант – rариб 30 кг нуrра.

[5] Marquart J., 1938, 9; Дьяконов И. М., 1956, с. 357; Массон В. М., 1967 а, с. 172-175.

Инчунин хонед инро

Намози иди курбон 2017

Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо …