АСОСӢ / Тандурустӣ / Падари Ҳабиб Нурмагомедов мурд

Падари Ҳабиб Нурмагомедов мурд

Имрӯз санаи 3-юми июли соли 2020 –ум Падари қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов Абдулманап, ки бо коронавирус бемор буд, вафот кард. Дар ин бора дар шабакаи телеграммаи худ сарвари Чеченистон Рамзан Қодиров эълон дошт.

padari-nurmuhamedov

— Хабари ғамангезе, ки Абдулманап Нурмагомедов ин дунёро тарк кард, ба ман расид. Аз тамоми халқи чечен ба оилаи Абдулманап Магомедович тасаллияти самимӣ изҳор мекунам! Ӯ рафт, пас номи хубе боқӣ гузошт ва насли арзандае ба воя расонд! — навиштааст Қодиров.

Ёдрас мешавем, рӯзи 23 июн Ҳабиб Нурмагомедов гуфт, ки падараш ҳоло дар ҳолати вазнин аст, ҳарчанд рӯзи 19 июн хабар дода шуд, ки ӯ тавонистааст коронавирусро мағлуб кунад.

25 апрел мураббии варзиш бо пневмония дар беморхона бистарӣ шуда буд. Васоити ахбори умум дар бораи муносибати номатлуби ӯ хабар доданд, ки 3 май ӯро маҷбур карда ба Маскав интиқол дода буданд, ки он ҳангом ба кома афтода буд. Баъдтар маълум шуд, ки у бо сабаби пневмония рагҳои хунгардаш аз лахтаи хун махкам шудаанд ва бӯҳрони гипертония ба инсулт овардааст. Духтурон ба тренер ҷарроҳии дил кардаанд.Начало формы

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …