Recent Posts

ЛАКЛАК дар Канзи Шифо (Китоб)

lak-lak-aist

Лаклак - парандаи калонҷусса буда, гардану по ва нӯли дароз дорад, ки ба мардум маълум мебошад. Аз чӯбмайда ва хорҳои шахшӯл барои муҳофизати бачаҳои худ ошён месозад. Азбаски душмани бачаҳои он мор аст, худаш морро мехӯрад. Бинобар он, ки хӯрокаш аз ҷонварони номарғуб аст, гӯшташ бадбӯй мебошад. Мизоҷи лаклак дар охири …

Прочитайте больше»

Ҳардал дар Канзи Шифо (Китоб)

Ҳардал

Ҳардал — инро ба русӣ горчица меноманд, ки ҳар як шахсе, ки замин дошта бошад, метавонад парвариш намояд. Барги ин гиёҳ монанди баргҳои турб, вале аз он майдатар, шахшӯл ва андак тундбӯй аст. Пояаш чорқирра, гулаш зард, тухмаш кулӯлаи сурхи тундтаъм аст. Ин растанӣ навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Дар …

Прочитайте больше»

Тугмачагул дар Канзи Шифо (Китоб)

Тугмачагул

Ин гиёҳест, ки тоҷикон қалағочкулча ва мӯбофак низ меноманд. Баргаш гирдак, гулаш сурхи моил ба бунафшӣ, тухмаш монанди тугмача гирдаки паҳн аст. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва тар аст, вале ба қавли баъзеҳо, дар дараҷаи дувум мебошад. Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро пазонида барои …

Прочитайте больше»