Recent Posts

Ташаккули қадимтарин давлатҳо

drevni_panjakent-0

Таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки мамлакат дар марҳилаи гузариш ба ҷамъияти синфӣ буд. Комилан табиист, ки дар баъзе аз ноҳияҳои мутараққии Осиёи Миёна аввалин давлатҳо ташкил меёфтанд ва, эҳтимол, инҳо ҳамон давлатҳое буданд, ки дар «Авесто» «даҳйусасти» номида шудаанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ин давлатҳои …

Прочитайте больше»

Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти «Авесто»

avesta-0021

Маҷмӯи нисбатан комилтари маълумоти «Авесто» дар масъалаи тавсифи ҷамъият асари В.Гейгер «Маданияти Эрони шарқӣ дар аҳди бостон» мебошад[1]. Дар муддати пас аз соли 1882 ин асар аз бисёр ҷиҳат кӯҳна шудааст, вале, мутаассифона, асаре ҳаммонанди он аз ҷиҳати дарбаргирии материал ҳоло ба миён наомадааст. Ба ғайр аз диди нави филологӣ-лингвистӣ …

Прочитайте больше»

Авесто — ҳамчун сарчашмаи таърихӣ

avesta

«Авесто», ки аз маҷмӯи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат аст, муҳимтарин маъхази оид ба таърихи қадимтарини Осиёи Миёна мебошад. ҳоло ғайр аз теъдоди андаке дар Эрон, зиёда аз 100 ҳазор зардуштиён дар ҳиндустон зиндагӣ менамоянд, ки ононро одатан «порсиён» меноманд. Порсиён натанҳо дини қадима, балки матнҳои қадимии диниро маҳфуз медоранд. …

Прочитайте больше»