АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ПАНИРМОЯ дар Канзи Шифо (Китоб)
Панирмоя

ПАНИРМОЯ дар Канзи Шифо (Китоб)

Панирмоя ин меъда, яъне ширдони ҳайвоноти ширхора аст, ки наздик ба зоида шудан очаашро кушта ё баъди зоида шудан, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бошад, аз шиками бачааш дарҳол ҷудо карда мегиранд хоҳ дар он моеъ бошад бо он, хоҳ набошад. Баъди зоида шудан низ то коҳ хӯрдани он ин узви онро панирмоя меноманд ва аз он, ки коҳ ё алаф бихӯранд, онро панирмоя наменоманд. Панирмояи ҳар як ҳайвон хислати ба худ хосеро дорад. Инро ҳам дар тариаш ва ҳам хушк намуда истеъмол мекунанд.

Мизоҷи ҳамаи навъҳои панирмоя дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале мувофиқи як қатор қавлҳо гарм дар аввали дараҷаи севум аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, барои саръ (припадка) дору мебошад; агар бо сирко ё бо маска, ё бо асал бихӯранд, саръро, ки аз ҷамъ шудани балғам дар майна бошад, шифо мебахшад, хусусан панирмояи заргӯш дар ин бобат қавитар аст, ки 1,75 грамми онро дар сиркои ангурӣ ҳал намуда бинӯшанд.

Чун кӯдаконро камтар аз он бихӯронанд, аз иллати саръ эмин мегарданд. Ошомидани ҳамаи навъҳои панирмоя барои тамаддуд (беҳаракат мондани узв), кузоз (столбняк)-и балғамӣ ва хафа (бӯғма) шудани бачадон шифо мебахшад, зеро ки ин гудозандаи ҳамаи ахлоти шахшуда аст ва баръакс шах ва ғафскунандаи ахлоти гудохта мебошад. Хуллас, онро дар сирко ҳал карда бихӯранд, хуни дар меъда шахшударо таҳлил медиҳад. Хоҳ ба танҳоӣ бихӯранд ва ё бо давоҳои муносиб панирмояро биёшоманд, хун ва ширро, ки дар меъда, хичак (пешобдон) ва дигар узвҳо шах шуда бошад, таҳлил менамояд, хуни биниро мебандад, ҳомила шуданро манъ мекунад, исҳолро мебандад; умуман агар инро бихӯранд, дилро қавӣ мегардонад, фараҳ мебахшад. Аммо бинобар он, ки бисёр гарммизоҷ аст, асабро аз фараҳ ҳам зиёда бармеангезад ва инчунин ғазабро ба ҳаяҷон меоварад.

Агар занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз панирмояро аз таг бардоранд, ба ҳомила шудан кӯмак мерасонад. 7,75 грамми онро бо шароб биёшоманд, бинобар қуввати тарёқӣ доштанаш газидани ҷонварони заҳрноки монанди морро шифо мебахшад ва заҳрҳои каттолро аз бадан дафъ меқунад; исҳоли кӯҳнаро банд месозад, дарди шикам ва захми рӯдаҳоро шифо мебахшад ва равон шудани рутубати бемавриди бачадонро, ки кӯҳна шуда бошад, ислоҳ мекунад.

Чун занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз се рӯз пай дар ҳам панирмояро биёшоманд, саръро дафъ месозад. Мегӯянд, ки чун зан панирмояи заргӯши нар ё хояи онро бо шароб даромехта бихӯрад, ҳомила мегардад — писар мезояд ва аз модаи он биёшомад, духтар меоварад. Чун миқдори якуним нахӯд аз панирмояи заргӯш биёшоманд; таби дурӯздармиёнро дафъ мекунад.

Чун панирмояро бо гули хайрӣ ва равғани зайтун сиришта, бар бадан бигузоранд, тир ва хори даромадаро берун меоварад. Панирмояро ба сӯрохиҳои бинӣ бимоланд, хуни биниро манъ мекунад. Агар бемори табгирифта инро ба нарангӯшташ биёвезад, таби онро дафъ месозад. Панирмояи гӯрхар, бузи кӯҳӣ, оҳу, хачир, гӯсфанд ва филро ба қадри як нахӯд бихӯранд, боҳро бағоят қавӣ мегардонад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …