АСОСӢ / Мусиқӣ / Парвиз Пӯлодӣ ва Исматулло Холов – баъди мо ҳам

Парвиз Пӯлодӣ ва Исматулло Холов – баъди мо ҳам

Сурди клипдори ҳамҷояхондаи нави сарояндаҳои маъруфи тоҷик ( Иматулло Холов ва Парвиз Пӯлодӣ ) дар охири моҳи сентябри сои 2020 омода ва дар шабакаи интернет бо номи «Баъди мо ҳам» дили мардумро тасхир намуда истодааст.

Парвиз Пӯлодӣ ва Исматулло Холов –
Дар ин шеър ҳофизон мазмуни фалсафавии ҳаёти ҳар як шахси маъруфу оддиро баён мекунанд. В тавре зикр мешавад баъди мурдани ҳар яки м обоз одамони нав ба дунё меоянду ва боз ҳаму камбудиҳои зиндагӣ такрор меёбанд.
Марҳамат клипро гуш намоед ва тамошо кунед. Аз афташ клип дар осорхонаи шаҳри Ҳисор ба навор гирифта шудааст.

Матни суруд

Баъди мо ҳам ин ҷаҳон поянда аст

Дар лаби марумонаш ханда поянда аст

Баъди мо ҳам одамон ғам мехуранд,

Баъди мо ҳам одамӣ миранда аст

Баъди мо ҳам ошиқони бевафо

Дар миёни ошиқон шарманда аст

Баъди мо ҳам душмани ру мезанад

Ҳар қадам одам ба одам банда аст

Баъди мо ҳам , баъди мо ҳам, баъди мо ҳам

 

Баъди мо ҳам дар тани пирони деҳ

Аз матои зиндагӣ ағжанда аст

Баъди мо ҳам, одамиро ҷовидон

Як умеди тоза бар оянда аст.

 

Баъди мо ҳам , баъди мо ҳам, баъди мо ҳам

Баъди мо ҳам ин ҷаҳон поянда аст,

Дар лабони мардумонаш ханда аст

Инчунин хонед инро

nigina-amonqulova

Рафтам ба ҷустуҷуят – Нигина Амонқулова – клипи нав 2020

Рафтам ба ҷустуҷуят, Дар кучаҳо дамида Рафтам ба ҷустуҷуят, Дар кучаҳо дамида Ҳам ҷома чок …