Амонат якчанд сабаби пайдоиш дорад:
- Муваққатан нолозим будани маблағҳои пулӣ ба соҳибонӣ он;
- Пинҳон кардани маблағҳо дар бонк аз ҳаргуна дуздон;
- Гирифтани фоидаи иловагӣ аз ҳисоби фоизи амонат;
- Нигоҳ доштани маблағ барои хариди молу мулк дар оянда ва ё дар истифодаи корҳои рӯзғор, ки оянда пешбинӣ мешаванд;
Чи хеле, ки маълум аст маблағҳои пулӣ на ҳама вақт ба пуррагӣ дар гардишанд ва одамон баъзан вақт пули бисёр ё пули зиёдатӣ доранд. Барои ҳамин ҳам онҳо пулҳояшонро бо хоҳиши худ метавонанд дар бонк ё дигар ташкилоти молиявӣ гузоранд, ки ин ба онҳо имконият медиҳад, ки хавфи гум шудан ва кам шудани арзиши пулҳояшонро аз байн баранд.