АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Ғалабаи Порт бар Рим

Ғалабаи Порт бар Рим

Иқтидори Порт дар аҳди Меҳрдоди II ниҳоят афзуд. Баъд аз сари вай (соли 88/7 пеш аз милод) кори Порт аввал омад накард. Дар ҳамин вақт Рим дар шарқ сиёсати ниҳоят таҷовузкорона мебурд. Ҳар ду тараф дарёи Фуротро хатти сарҳадди ду мамлакат муқаррар карданд. Вале амалиёти таҷовузкоронаи римиҳо ногузир портҳоро низ ба ҷангу ҷидол мекашид, алалхусус, ки портҳо ҳам феълу хӯи тез доштанд. Аввалин задухӯрдҳо соли 65 пеш аз милод шуд ва римиҳо ғалабаи комил ба даст оварданд.

Соли 54 пеш аз милод Рим ба юриши калони зидди Порт тайёрӣ дидан гирифт. Ба лашкари римиҳо Красс ном лашкаркаши машҳур сарварӣ мекард, вале Красс ҷои муҳорибаҳоро мутлақо намедонист ва бо тактикаи портҳо шинос набуд. Қисми асосии лашкари портҳо бо сардории шоҳ Ороди II ба Арманистон дохил шуданд ва умед доштанд, ки лашкари Красс ба ин ҷо меояд. Вале Красс ба водӣ баромада, ба тарафи Байнаннаҳрайн раҳсипор шуд ва зимнан ба ҳисоб нагирифт, ки лашкари савораи портҳо маҳз дар водӣ хавфи зиёд дорад. Лашкари римиҳо аз Фурот гузашт ва лашкари портҳо қасдан ақибнишиниро вонамуд карда, бо фиреб душманро аз паси худ ба масофаи роҳи се-чоррӯза ба як маҳалли дурдасти хилват овард. Сарлашкари портҳо Сурона ба муҳориба нағз тайёрӣ дид. Ғайр аз дастаҳои муқаррарии аскарони савора вай ҳазор катафрактарий, яъне саворагони зиреҳпӯш дошт. Вай пешакӣ тири бешумореро захира кард.

9 майи соли 53 пеш аз милод дар қарибии шаҳри Карра портҳо ба лашкари римиҳо дарафтоданд. Пеш аз муҳориба садои мудҳиши нақораҳои ҷангии портҳо ба осмон печид. «Бо ин наъра ба дили римиҳо воҳима андохта,– менависад Плутарх (Марк Красс, 24),– портҳо ба якборагӣ чодар аз китф партофтанд ва дар пеши назари римиҳо чун алангаи оташ ҷилвагар шуданд – хӯду зиреҳи онҳо аз фӯлоди Мароға буду дар офтоб рахшида, чашмҳоро мебурд, аспони онҳо ҳам зиреҳи мисӣ ва оҳанӣ доштанд. Худи Сурона пеш баромад, ки марде буд қавиҳайкал ва хушсурат. Портҳо тез сафи сирак кашида, аз дур қариб нишон нагирифта (римиҳо чунон зич меистоданд, ки кас хоҳад ҳам тираш хато намерафт), римиҳоро тирборон карданд ва камонҳои калони зеҳсахти худро бо тамоми қувват қат карда, тирҳои ҷоншикор раҳо менамуданду зарбаҳои сахти кироӣ мезаданд. Дар чунин шароит ҳоли римиҳо табоҳ шуд…»

rum

Красс инро дида беҳтарин қисмҳои лашкари худро бо сардории писараш ба ҷанг даровард. Портҳо нохост қафо гурехтанд. Вақте ки дастаи римиҳо портҳоро таъқибкунон хеле дур рафтанд, портҳо якбора, худи римиҳоро иҳота карданду ҳамаро аз дами теғ гузаронданд.

Лашкари римиён дар торикии шаб роҳи гурезро пеш гирифт, вале халос шуда натавонист. Дар ниҳояти кор аксари сарбозони римӣ кушта шуда, боқимондаашон асир афтиданд. Красс низ ҳалок шуд. Сари ӯро аз тан ҷудо карда, чун ғанимати ҷангӣ ба Ороди II оварда доданд[1].

Мувофиқи хабари баъзе маъхазҳо, римиёни асирро дар ноҳияи Марв маскун карданд. Дар ин ҷо легионерҳои Рим хонаву бачадор шуданд ва дар лашкари портҳо хизмат мекарданд (Горатсий, «Одаҳо», III, 5, 5). Як қисми онҳо, аз афти кор, ба тарафи шимолу шарқ рафта, дар ҳафтруд сокин шуданд[2]. Дар яке аз ҳуҷҷатҳои Нисо гуфта мешавад, ки аз сардорони тагма шароб қабул карда шуд ва зимнан номи он сардорон портӣ аст. «Тагма» бошад, калимаи юнонист, ки дар аҳди Рим маънои «легион»-ро дошт.

krass_parfiyaИ.М.Дяконов ва В.А.Лившитс тахмин мекунанд, ки дар ҳуҷҷати Нисо шаробе қайд шудааст, ки аз легионерҳои сокини Порти шарқӣ омадааст[3]. Ин тахмин ҷолиби диққат аст, вале онро баҳснопазир гуфтан мумкин не, зеро, эҳтимол, ин истилоҳот дар рафти робитаи порту римиҳо ба забони портӣ дохил шуда бошад (шояд ин калима бевосита аз забони юнонӣ гирифта шуда бошад, ки он маънои «саф», «дастаи лашкар»-ро дошт).

Дар аҳди подшоҳ Покор соли 40 пеш аз милод портҳо, ҳатто Сурия ва Фаластинро тасхир намуданд. Осиёи Сағир ба онҳо мутеъ шуд. Рости гап, Рим дере нагузашта ин ҷойҳоро боз кашида гирифт. Вале муҳимаш ин не – муҳимаш ҳамин, ки дар асри I пеш аз милод Порт душмани тавонои Рим буд ва лашкари портҳо борҳо лашкари римиёнро торумор кард.

[1] Тафсилоти инро ниг.: Бокщанин А. Г., 1949.

[2] Duӣs H.H., 1957.

[3] Дьяконов И. М., Лившиц В. А., 1966, с. 150-151.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …