Қаҳва — Ин ба ҳама маълум аст, ки самари бепӯсти онро аз мамлакатҳои гарм ба диёри мо меоваранд. Инро ҳам соида ва ҳам донаашро истифода мекунанд.
Мизоҷи мағзи тухмаш дар гармӣ ва сардӣ мӯьтадил, вале хушкиаш зиёдтар асг. Мизоҷи пӯсти самараш андак гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: самари бепӯсти онро дар об ҷӯшонида, он обро ё соидаи онро дар оби ҷӯш ҳал карда бинӯшанд, гиреҳҳои баданро мекушояд, дардҳои гуногунро таскин медиҳад, ҷӯшиш ва фишори баланди хунро паст мекунад, тезӣ ва сӯзиши сафровӣ, инчунин савдоро сокин мегардонад, ахлоти ғафсро рақиқ месозад, бинобар ин табҳоеро, ки аз зиёд гаштани хун, савдо ва сафро ҳодис шуда бошанд, дафъ менамояд; хусусан дар аввалҳо ва баъд аз ба рӯйи пӯст зада барамадани донаҳои сурхича ва нағзак, инчунин ҳангоми гирифтани таби дурӯздармиён бисёр фоида дорад; шарои (аллергияи) сафровӣ ва дилтапак (дилбозӣ)-ро судманд аст; дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, рутубатҳои зарарнокро хушк мегардонад, барои дафъ кардани сурфаи балғамӣ, назлаҳо ва мондагӣ даво мешавад, меъдаро қувват мебахшад; аксари навъҳои дарди сар, молихулиё ва дарди чашмро шифо мебахшад.
Соидаи қаҳваро бо асал хамир карда ба узве, ки аз ҷояш берун рафта бошад, гузошта бандавд, онро ба ҷояш меоварад. Агар ин хамираро лесида бихӯранд, сурфаи гарм ва тарро басанда менамояд, инчунин сустӣ ва пажмурдагии меъдаро ба воситаи хушк гардонидани рутубатҳои зарарноки он ба ҳоли сиҳат меоварад ва намегузорад, ки бухорҳои бегонаи меъда ба мағзи сар бароянд. Хусусан нимбирёни ин исҳолро мебандад ва дар натиҷаи бисёр хоб кардан, инчунин ба ташнагӣ ва хӯроки кам қаноат намудан мизоҷ ба сустӣ табдил ёбад ва вайрон шавад, фоида дорад, мондагӣ ва лоҳасии баданро дафъ мекунад.
Аммо истеъмоли қаҳва ба дарун барои баъзеҳо дарди сар меоварад, боиси бедорӣ ва логарии бадан мегардад, ранги рӯйро зард мекунад, орзуи боҳро қатъ менамояд, маниро кам месозад, бод пайдо мекунад; ба иллатҳои дилтапак ва қулинҷ гирифтор менамояд, дар ҳангоми хоб сиёҳӣ пахш мекунонад, узвҳои нафасро хушк ва дағал мегардонад ва бавосирро ба амал меоварад. Хуллас, одамони сардмизоҷ ва тармизоҷро дар баданашон ахлоти мурдор ҷой гирифта бошанд, қаҳваи бирёнкарда зарар дорад. Дар обе, ки дар он қахва ҷӯшонида шуда бошад, чанд тор аз заъфарон андозанду баъд онро бинӯшанд, дилро қавӣмегардонад.
Агар қаҳва зарар кунад, чизҳои ширин ва равғандорро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.