АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Қалъагӣ ва хусусияти шифоии вай

Қалъагӣ ва хусусияти шифоии вай

Қалъагӣ —  ин фулузи маълум аст, рангаш сафед, аз оҳан нармтар ва аз сурб сахттар аст.  Мизоҷаш дар дараҷаи севум сард, хушккунанда бо ҷавҳари тар аст.  Хислатҳои шифобахши он: инро ба дарун истеъмол кардан ҷоиз нест, зеро кушанда мебошад.

Қалъагӣ

Агар қалъаиро чун сурма ба чашм кашанд, сурхии чашм, обравӣ ва дағалии пилкҳои онро дафъ мекунад. Агар инро бо оби кашнизи тар, оби барги коснии тар, оби барш зуф, оби гӯраи ангур, оби сагангур ва монанди инҳо, ки сардмизоҷ бошанд, ҳар як батанҳоӣ ё бо ҳамаи онҳо соида бимоланд, ё бо равғани гулисурх соида бимоланд, барои банд кардани назла, ба саратони решгашта, варами мақъад, кӯтур, бавосир, ҷароҳатҳои пистон, бачадон, закар, сурхбод ва варамҳои гарм шифо мебахшад. Агар инро бо шароб соида бимоланд, барои дарди асаб  ва варамҳои мураккаб дору мешавад.

Агар сафҳа, яъне варақи онро ба ханозер, асабҳои шахшуда ва печидани онҳо бибанданд, шифо мебахшад ва агар бар камар бибанданд, шаҳвагӣ ҷимоъро сокин мекунад, агар ҳаминаш матлуб бошад.

Қалъаиро бо равған чарб карда бигузоранд, то ранги он ба равған гузарад ин равғани ранггирифтаро ба ҳар оҳан, ки бимоланд, ҳаргиз дигар рангро намеканад.

Агар аз ин ангуштар сохта, ба ангушт гузоранд, баданро лоғар мегардонад. Агар қалъаиро ба дарахти самарнок биёвезанд, меваашро аз рехтан нигоҳ медорад.

Аз қалъаӣ мил сохта, дар гӯши касе, ки симоб рехта бошанд, бигузоранд, симобро ба худ часпонида берун меоварад.

 

Инчунин хонед инро

rimi-ohan

Рими оҳан ва хусусияи шифоии он

Рими оҳан  — инро чирки оҳан низ меноманд, ин чизест, дар вақти гудохтани оҳан ё сахт …