Қаранфули гардан ( ба лотинӣ Syrygium aromaticum) ё худ мехча — Инро дар як қатор мавзеъҳо тоҷикон қалампурмӯлчоқ ҳам меноманд бо як андоза таҳриф. Дарахташ дар ҳаҷми бутта, дар як қатор кӯҳистонҳои Осиён Марказӣ низ мерӯяд ва ҳосил медиҳад. Вале муаллифони китобҳои «Махзан-ул-адвия» ва «Муҳити аъзам» дар он ақида мебошанд, ки гӯё ин дарахт дар яке аз ҷазираҳои Зербод мерӯяд ва дар ҷойи дигар намебошад. Ин албатта фикри маҳдуд аст. Шохҳояш хамида, баргҳояш монанди баргҳои анор, вале аз он мулоим ва калонтар. Самараш бандноки дарозак ва сараш қубба дорад. Самараш ду навъ: нар ва мода. Нари он нисбатан калонтар, ғуборолуд, камрангубӯй ва камтаъм аст. Модаи он резатар ва хушбӯй, рангин ва барои даво қавӣ, ки мо алҳол онро мебинем.
Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ин аз ҳама пеш хусусияти тарёқӣ дорад, ҳангоми хӯрдан фараҳ меоварад. Агар инро бихӯранд, рӯҳҳои нафсонӣ, ҳайвонӣ ва табииро қувват мебахшад: узвҳои раисаро, ки иборат аз дил, майна, ҷигар, меъда, гурда ва хояҳо мебошанд, мустаҳкам мекунад ва онҳоро дар ҳолати сарагӣ нигоҳ медорад; барои қувват бахшидани мағзи сар, тез кардани зеҳн, равшан ва қавӣ гардонидани фикр дармон ва воситаи хубест: дарди сари аз сардӣ ва тарӣ, фолиҷ, каҷ шудани рӯй (барои ин агар дар бинӣ бирезанд), назлаҳои пай дар пай (агар дар бинӣ кашанд) ва сакта (мурда барин беҳаракат мондан)-ро дафъ мекунад; гиреҳҳои мағзи сарро мекушояд (агар дар бинӣ кашанд) ва дигар бемориҳои сардмизоҷ ва тари савдовии вобаста ба майна ва асабҳо бошанд, шифо мебахшад. Барои касони савдовимзоҷ ва одамоне, ки дар мизоҷи онҳо савдо бисёр гашта бошад, хеле давои хуб ва бебадалест.
Қаранфули гарданро бихоянд, милки дандонро мустаҳкам мекунад; дарди дандонро, ки аз хунукӣ бошад, таскин медиҳад; бадбӯйии даҳанро дафъ мекунад ва боиси хушбӯйии ин узв мегардад. Онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қувват мебахшад ва биноии онро зиёда мегардонад; сурхӣ ва пардаи афтодаеро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад. Инчунин хӯрдани он ҳам барои ин бемориҳо чунин хосиятро дорад.
Инро кӯфта бихӯранд, сурфаи тари аз хунукӣ, зиқ-ун- нафас (астма)-и кӯҳнаи тар, дилтапак (дилбозӣ)-и аз сардӣ, тарс, хавф, васвос, девонагӣ ва ғайраро шифо мебахшад, ҳар хӯрандааш шуҷоат пайдо мекунад. Низ агар инро бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад; узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз мебошанд, гурдаи сард, бачадон ва боҳро қавӣ мегардонад, барои бадан гармӣ медиҳад ва бемориҳои аз сардӣ ҳодисшудаи узвҳои номбурдаро дафъ мекунад; орӯғ ва ҳиккакро таскин мебахшад, бодҳои ғализи аз ғизоҳои бадҳазми часпак пайдошударо таҳлил медиҳад, истисқои (водянкаи) гӯштиро шифо мебахшад; чакмезак ва беихтиёр равон шудани пешоб, иллатҳои балғамӣ, савдовӣ ва исҳоли рутубиро ба ибро меоварад. Агар инро занҳо аз таг бардоранд ҳамаи бемориҳои ҳодис аз сардии бачадонро шифо мебахшад.
1,75 грамми онро кӯфта, бо шири навдӯшида бо мудовамат, яъне ҳар рӯз ҳамин миқдор бихӯранд, боҳро бағоят ба ҳаракат меоварад; агар 3,5 грамми онро кӯфта, занҳо дар рӯзҳои покӣ аз ҳайз бихӯранду мубошарат кунанд, боиси ҳомила шудани онҳо мегардад, бачадонро гарм мекунад.
Қаранфули гарданро кӯфта, бар пеши сар гузошта банданд, бемориҳои вобаста ба майнаро ҳар навъ, ки бошанд, яъне хавф, тарсончакӣ, васвос ва девонагиҳои гуногунро шифо мебахшад; ва агар ба узвҳое, ки аз сардӣ дард мекарда бошанд, гузошта банданд, дарди онҳоро таскин медиҳад; ба варамҳои хунук бибанданд, онҳоро мегардонад. Қаранфули гарданро хоида, бо оби даҳан якҷо пеш аз муҷомаат бар закар гузошта банданду баъд аз муддате кушода, онро дур карда, бо зан муҷомаат кунанд, лаззати ҳар ду ҷонибро меафзояд.
Хӯрдани қаранфули гардан ба гурда ва рӯдаҳо зарар дорад. Дар ин маврид шилми бодомҳоро бихӯранд, ислоҳи зарари он менамояд. Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз то 4,5 грамм аст. Ба ҷойи қаранфули гардан ба ҳамин вазн дорчиниро истеъмол фармоянд, равост. Агар қаранфули гарданро бо шакар қивом карда шарбат тартиб диҳанд, ошомидани ин ҳамаи бемориҳои шадид ва душворилоҷро шифо мебахшад, дар табобат ба худ назир надорад.
Аз қаранфули гардан равған ҳам тартиб медиҳанд ба ин усул. Микдореро аз қаранфули гардан, яъне мувофиқи хоҳиш бигиранд, ба 300 грамми он 25 грамм намак дохил намоянд, дар шаш баробари вазни қаранфул оби гарм тар карда, муддате дар ҷойи гарм гузоранд, то ки ба ҷӯш ояд ё дар саргини асп гӯр кунанд, то биҷӯшад. Баъди он, ки ба ҷӯш омад, дар анбиқ муқаттар намоянд. Дар вақти тақтир кардан оби муқаттар (дистилляция шудан) равған ҳам аз анбиқ фурӯд меояд. Ин равғанро аз рӯйи об бардошта, дар шиша нигоҳ доранду вақти ҳоҷат истеъмол намоянд.
Мизоҷи равғани қаранфули гардан дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Агар аз ин миқдор камакак биёшоманд, ҳамаи бемориҳои аз сардӣ баамаломада, иллатҳои ҷигар, меъда, дил ва рӯдаҳоро , ки аз сардӣ бошанд, шифо мебахшад; рӯҳӣ нафсониро, ки манбааш майна аст, рӯҳи ҳайвониро, ки марказаш дил мебошад, рӯҳи табиӣ, ки мақомаш ҷигар аст — ҳамаашро қавӣ мегардонад ва барои тамоми иллатҳои савдовӣ, ки иборат аз тарс, хавф, васвос, тарсончакӣ, серфикрӣ, девонагӣ ва ғайраанд, шифо мебахшад. Қуввати ин равған аз равғани баласон камӣ надорад. Нӯшидани ин барои ҳамаи бемориҳои майна ва камқувватии чашм дору мебошад. Инро ба чашм бимоланд, зардоби дар гавҳараки чашм фуромадаро, ки кӯҳна шуда, ҳатто чашмро нобино гардонида бошад, низ шифо мебахшад ва инчунин ба ҳамаи дард ва иллатҳое, ки қаранфули гардан дору мешавад, равғанаш боз ҳам аз ин афзалтар шифо мебахшад.