АСОСӢ / Тандурустӣ / Бемории илтиҳоби қарнияи чашм (Керотит)

Бемории илтиҳоби қарнияи чашм (Керотит)

Қарнияи (Кератит) чашм дар биноии инсон нақши муҳим дорад. Аммо ин қисамти чашми одамӣ низ дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мебошад. Яке аз хатароти асоси барои қарния, раванди илтиҳобӣ ба шумор меравад. Раванди илтиҳобӣ (шамолхурӣ) дар қарнияро дар истилоҳи тиббӣ «каротит» меноманд.

Илтиҳоби қарния бемории хатарнок буда (бар асари шамолхурӣ), ба паст шудани биноӣ ва ҳатто нобиноӣ оварда мерасонад.

Илтиҳоби қарнияи чашм (Керотит)

Аз ҳама шакли паҳнгаштаи илтиҳоби қарния — керотити сироятӣ ба шумор меравад. Ҷараёни илтиҳобии хусусияти сироятӣ доштаро асосан вирусҳо ва бактерияҳо ба вуҷуд меоранд. Бемории каротит метавонад бо сабаби ҷароҳатдор гаштани қания низ ба вуҷуд ояд. Дар баҳору тобистон бошад, бисёр вақт каротит метавонад бо сабаби вокуниши олергикӣ ба гарди растаниҳо пайдо шавад. Инчунин истеъмоли баъзе доруҳо, халал дар мубодилаи моддаҳо (мутаболизм), бемориҳои энодкринӣ, камбуди витаминҳо ва ғ. метавонанд боиси сар задани раванди илтиҳобӣ дар қарния ё ҳамон бемории каротит гарданд.

Дар давраҳои аввалия, каротит аломатҳои хафиф дорад ва одамон бисёр вақт ин аломатҳоро ба хасташавӣ, сармохурдагӣ, вокуниши олергикӣ ва ғ. нисбат медиҳанд. Аммо баъдан каротит бо ба истилоҳ «аломати қарнияӣ» зоҳир мегардад. Ба ин аломат ашкрезӣ аз чашм, тарс аз рӯшноӣ ва блифоспозм (ғайри ихтиёр басташудани пилкҳо) шомил мегарданд. Инчунин ҳангоми раванди илтиҳобӣ, қарния метавонад эҳсосоти дард дошта бошад, оҳиста оҳиста тезбинии чашм паст мешавад,  ғӯзаи чашм сурх гардида, дар сафедии он тӯри рагӣ пайдо мешавад.

Қарния тадриҷан хира гардида, дар бофтаҳои он аносири ҳуҷайраҳо ҷамъ мегарданд ва нуфуз пайдо мекунанд. Раванди илтиҳобӣ ҳангоми каротит, метавонад ба инабияи чашм, пардаи чашм ва баданаи мижаи низ паҳн гардад.

Ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои каротит бояд ҳар чи зудтар ба чашмпизишк муроҷиат намуд. Каротити сатҳиро амбулаторӣ, зери назорати мутахассис табобат мекунанд. Табибон қатъиян аз худдармонии каротит наҳй мекунанд. Худдармонӣ метавонад ба пасомадҳои басо ногувор аз қабили, сӯрохдор гаштани қарния, глаукомаи дубора ва комилан аз даст додани биноӣ оварда расонад.

Ҳангоми каротити сатҳӣ, муроҷиати саривақтӣ ба чашмпизишк имкон медиҳад бемориро пурра табобат кунанд ва аз паст шудани биноии чашм ҷулӯгирӣ намоянд.

Барои ҷулӯгирӣ аз каротит инчунин, табобати саривақтии бемориҳои гуногуни сироятӣ ва пеш аз ҳама бемориҳои сироятии чашмҳо (аз қабили илтиҳоби мултаҳима, блофорит ва ғ) аҳамияти вежа дорад.

Сарчашма: http://www.ibnisino.tj

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …