Тиру теғ аст бар дилу ҷигарам,
Ғаму тимори духтару писарам.
Ҳам бад — ин сон гудозадам шабу рўз
Ғаму тимори модару падарам.
Ҷигарам пора асту дил хаста
Аз ғаму дарди он дилу ҷигарам.
На хабар мерасад маро з-эшон,
На бад — эшон ҳамерасад хабарам.
Боз гаштам асири қалъаи Ной,
Суд кам кард бо қазо қадарам.
Камари кўҳ то нишасти ман аст,
Бар миёни ду даст шуд камарам.
Аз баландии ҳисну тундии кўҳ,
Мунқатеъ гашт аз замин назарам.
Ман чу хоҳам, ки осмон бинам,
Сар фурўд ораму замин нигарам.
Аз заъифии дасту тангии ҷой
Нест мумкин, ки пираҳан бидарам.
Аз ғаму дард чун гули наргис,
Рўзу шаб бо сиришку бо саҳарам.
Ё зи дида ситора меборам,
Ё ба дида ситора мешумарам.
В-ар дили ман шудаст баҳри ғамон,
Ман чигуна зи дида дар шумарам?
Гашт лола зи хуни дида рухам,
Шуд бунафша зи захми даст барам.
Ҳама аҳволи ман дигаргун шуд,
Рост гўӣ Сикандари дигарам,
Ки дар ин тирарўзу торӣ-ҷой,
Гавҳари дидагон ҳаме сипарам.
Бим кардаст дарди дил амнам.
Заҳр кардаст ранҷи тан шакарам.
Пеши тире, ки ин занад ҳадафам.
Зери теғе, ки он кашад сипарам.
Оби софе шудаст хуни дилам,
Хуни тира шудаст оби сарам.
Будам оҳан, кунун аз ў зангам,
Будам оташ, кунун аз ў шарарам.
На сарозодаму на уҷрохўр,
Пас на аз лашкарам, на аз ҳашарам.
Дарнаёбам хато чу бехирадам.
Раҳ набинам ҳаме чу бе басарам.
Нашнавам некуву набинам рост,
Чу сипеҳру замона кўру карам.
Меҳнатогин шудам, чунон ки кунун
Накунад ҳеҷ шодие асарам.
Ай ҷаҳон, сахтии ту чанд кашам?!
В-ай фалак, ишваи ту чанд харам?!
Кош ман ҷумла айб доштаме,
Чу балоест ҷумла аз ҳунарам.
Ба дилам оз ҳаргиз ар нагузашт,
Пас чаро ман замон-замон батарам?
Бистад аз ман замона, ҳар чӣ бидод,
Розиям бо замона сар ба сарам.
То ба гардан аз ин ҷаҳон чу равам,
Аз ҳама халқ миннате набарам…
ТэгҳоҚасида
Инчунин хонед инро
Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд
Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …