АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Қатод — фоидаи табобатии вай

Қатод — фоидаи табобатии вай

Қатод — ин буттаи даштии пурхор аст ва хорҳояш нӯгтез, вале пояаш бехор мебошад. Шутур онро намехӯрад, аммо маҳз дар соли беборон, ки гиёҳҳои дигар нарӯянд, шутур маҷбур аст, ки бихӯрад ва тӯъмаи худ намояд. Ва агар чорпоён чаро карда онро бихӯранд, фарбеҳ мегарданд. Гулаш зардтоб ва дар он порчаҳои сурхранг ҳасг, меваи он аз гулаш берун меояд ва рангаш монанди донаки хурмо мебошад. Катиро шилми ҳамин бутта, ки аз самараш мегиранд ва ё танаи пояашро бо теғ тарошида ё чок намуда, монанди афюн шилмашро берун медамонанд.

Қатод

Дурусттараш баъди тарошидан шилмаш аз он ҷоҳои захминаш берун медамад. Ин растаниро болишти ошиқон ҳам меноманд, ба забони русӣ астрагал мегӯяндаш, дар сарзаминҳои мамлакати мо бисёр аст.

  Мизоҷи гиёҳаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст ва ба қавли муаллифи «Ихтиёроти бадеӣ», гарм ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: оби инро бинӯшанд, барои сурфа, зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма) ва захми шуш (сил) дармон мешавад.

  Оби инро бо сирко ва асал даромехта бимоланд,  доғи сафеди пӯст ва дигар доғҳои пӯстро дафъ мекунад.

  Решаи ин растанӣ равғандор аст, ки худи тарашро бидуни равған оташ диҳанд, монанди машъал месӯзад.

  Шилми ин буттаро, ки катиро меноманд, рангаш сафед ва сиёҳ мешавад. Беҳтарини он сафеди соф, ҳамвор ва таъмаш моил ба ширини он аст, навъи сиёҳаш бекора мебошад.

  Мизоҷи шилмаш, яъне катиро дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил мебошад ва дар дараҷаи якум тар ва инчунин серрутубат аст. Вале ба қавли баъзеҳо, мизоҷаш дар дараҷаи якум хунук ва хушк мебошад, ки хушкиаш камтар аз сардии он аст. Вале баъзеҳо гарм ва тар гуфтаанд, инчунин баъзеҳо мураккаб-ул-кувват донисгаанд.

  Хислатхои шифобахши он: Хусусиятҳои тиббии он: часпонанда, камтар хушк ҳам мекунад, тезии давоҳоро мешиканад, хунро ҳам ғафс мегардонад, сахтиҳои узвҳои баданро мулоим менамояд, шасти ахлот ва сӯзиши онҳо пас мешинонад, инчунин тезии давоҳои ошомиданиро дар рӯдаҳо кам мекунад ва таъсири шифобахшии он давоҳоро зиёда мегардонад бинобар хосияти часпандагӣ доштанаш.

  Агар инро бо луоб ва давоҳои дигари муносиб даромехта ба чашм кашанд, дард, захм ва обилаҳои чашмро шифо мебахшад.

  Катироро бо шири хар ва ё бо шири навдӯшида бихӯранд, хун қай карданро хоҳ аз меъда бошад, хоҳ аз узвҳои даруни сина ва дигар ҷоҳои дарун, қатъ мекунад; барои сурфа, дағалии узвҳои даруни сина ва ҳалқ, захми шуш ва гирифтагии овоз дармон мешавад. Агар катироро бо асал сирипгга, ҳаб ё қурс сохта, дар даҳан нигоҳ доранду обашро фурӯ баранд, барои ҳамаи иллатҳои узвҳои даруни сина дармон мешавад.

  Агар инро бо давоҳои муносиб биёшоманд, рӯдаҳоро қувват мебахшад ва инчунин захм ва сӯзиши онҳоро дафъ мекунад, дарди гурда ва хичакро таскин медиқад, захми хичак ва роҳҳои пешобро сиҳат мекунад, инчунин сӯзиши пешобро, ки сӯзок низ меноманд, дафъ месозад, ҳоли давоҳои заҳрнокро ислоҳ медиҳад ва мегӯянд, ки моддаи сафро ва балгамро, ки часпак бошад, бо исҳол дафъ мекунад.

  Агар инро бо мағзи ҳар гуна бодоми бепӯст бо мудовамат бихӯранд ва ё баробари вазни он шакар ва хоҳ аз ин таркиб нишоиста тайёр карда биёшоманд, баданро бағоят фарбеҳ мекунад, хусусан баъд аз он ширеро, ки дар он норгил (ҷавзи ҳиндӣ) ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, зуд ва зиёда таъсир дорад.

  Ин шилмро бимоланд, барои дафъ кардани доги кунҷидак, нарм гардонидани пӯст, дафъи шахшӯлии он ва кафидани лаб дармон мешавад. Агар инро бо сирко сиришта бимоланд, барои дафъ кардани доги сафеди пӯст ва пес дору мешавад; бо луобҳо даромехта бимоланд таркидани мӯйҳоро ислоҳ мекунад.

  Агар инро бо гӯгирд сиришта гузошта банданд, барои кӯтур, решҳои хӯранда, вале агар бо давоҳои муносиб даромехта гузошта банданд, барои аксари захмҳои аз гармӣ ва сардӣ суратгирифта дору мешавад.

  Вале истеъмоли катиро ба дарун ба кисми поёни бадан зарар дорад. Агар зиён кунад, арпабодиён бихӯранд, ислоҳаш медиҳад.

  Микдори як бор хӯрдан аз катиро дар як рӯз аз 3,5 то 17,5 грамм асг.

  Ба ҷойи ин барои часпонидани решҳо ва ғайраҳо шилми бодомҳоро бихӯранд ва барои мулоим кардани сахтиҳо ва ғафс гардонидани моддаҳо тухми кадуро истеъмол намоянд, ҷоиз аст.

  Бехи ин бутта, яъне қатодро бикӯбанд, ҳангоме ки хушк бошад ва бо сирко ба доғи сафеди пӯст бимоланд, онро дафъ мекунад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …