АСОСӢ / Ҷаҳон / Видео / РАҚСИ АРАБӢ

РАҚСИ АРАБӢ

Рақси арабӣ – як намуди номи рақси машҳуртарин дар дунё буда макони пайдоишашро давлатҳои араб медонанд. Хусусия фарқкунандаи рақси арабӣ аз он иборат аст, ки онро ҳатман зан иҷро карда бо шикаму миён худ ҳар гуна ҷунбишҳои шавқовару ҷалбнокро иҷро менамояд.

Таърихи рақси арабӣ: Макони пайдоиши рақси арабиро то ҳол аз ҷониби тадқиқотчиён дарёфт карда нашудааст вале аз навиштаҷотҳо маълум мешавад, ки рақси арабӣ таърихи зиёда аз чанд ҳазорсолаҳоро дорад ва онро дар давлатҳои шарқи наздиқ, Осиёи марказӣ, Рум, Испания ва ҳатто Ҳиндустон солҳои қадим ҳам иҷро мешудааст.

Рақси арабӣ асосан барои мардуми ашрофзода аз ҷумла Шоҳ, вазирон ва бойҳо буд, лек ҳоло онро дар дилхоҳ нафар дар тарабхонаҳои як қатор кишварҳои дунё вомехурад. Бо назардошти он, ки рақси арабӣ аз тарафи духтарон бо либоси нимпуш ва бадани нимурён (луч) иҷро карда мешавад бисёр нафаронро ба дидани бадани зебои занона ҷалб менамояд.

Рақси арабиро инчунин «Рақси шарқӣ» ва ё «Рақси оғози ҳаёт» низ менаоманд. Дар ҷаҳони ғарб бошад онро бо номи муосираш «Belly Dance»  мешиносанд. Дар ҷаҳон рақси арабӣ ягон намуди рақсест, ки вобаста ба он ҳангомаву ғавғои зиёде менамоянду ба он таваҷуҳи зиёд менамоянд.

Дар асри бист дар Мисри араб ин намуди рақс хело таррақи мекард, бинобар сабаби он ки саёҳони аврупоӣ ба тамошои он ҳарчӣ бештар таваҷуҳ карда шавқманд мешуданд. Аз ин сабаб ба рақосаҳо либосҳои рангобарангу зеботар духта мешуданд. Ин намуди рақс асосан дар оҳангӣ шарқӣ ки садои таблак, шақшақа, доира ва най мавҷуд аст амали карда мешавад ва шунавандаро зиндатар мегардонад.

 

Фоида аз Рақси арабӣ

Иҷроиши рақси арабӣ барои мушакҳое, ки дар гирди органҳои занона мавҷуданд бениҳоят мустаҳакам намуда барои парваришу нигаҳдории ҷанин ёрии зиёд мерасонад. Бар иловаи ин бо сабаби хеле бо ҷушу хуруш ҳаракат кардани қисматҳои бадани зан дар рақси арабӣ гардиши хун беҳтар гардида барои саломатӣ аз ҷумла халосӣ аз бемориҳои сутунмуҳра, асаб, руҳӣ ва ғ кумаки назаррас менамояд таъби касро баланд мегардонад.

Шуҳарти рақси шарқиро ҳамчунин сарояндаҳои тоҷик ва амрико ҳавас карда дар иҷроиши он ҳаракати иҷронамоӣ намуданд ва ба мисоли ин Шабнами Сураё ва Шакира, буда метавонад.

 

Рақси арабӣ имрузҳо

Рақси арабӣ имрузҳо хело тараққӣ каардааст ва омухтани он танҳо дар мактабҳои махсус ва  ё аз насл ба насл имконпазир аст. Модароне ки иҷрои рақси арабӣ ба онҳо муяассар аст ба духтарону наздикони худ меомузонанд. Дар баъзе давлатҳои шарқ ва ғарб ин намуди рақсро рақосаҳо барои пули ночиз дар кучаҳо иҷро менамоянд ва бойҳо бошанд барои худ бо пули гарон ба хонаашон таклифи иҷроиш менамоянд.

Дар тоҷикистон низ баъзан вақ эълонҳоеро дар маҷалаҳо-газетаҳо вобаста ба омузондани рақси арабӣ во хурдан мумкин аст. Дар чанде аз тарабхонаҳои бузурги шаҳри Душанбе низ рақси арабиро рақосаҳо барои меҳмонон пешниҳод менамоянд, ки арзишаш.

Намудҳои Рақси арабӣ

Рақси арабӣ намудҳои гуногун дорад вале аз ҳама маъмултарину паҳншудатаринаш ин рақси халқии арабӣ мебошад ва омузиши он хело меҳнатро талаб менамояд. Ин намуди рақс асосан мантиқи мусиқиро ба тамошобину шунаванда мерасонад.

Инчунин дигар намуди рақси арабӣ ин «Табла» мебошад. Яъне иҷроиши рақс дар садои мусиқии Таблак амалӣ карда мешавад ва нисбат ба дигар намудҳои рақси араби хело пурҷушу хуруш аст ва онро асосан ҷавонҳо бештар писанд медонад. Рақси арабии Табларо дар дискотекаҳову шабнишиниҳои ҷавонон ва интернет бештар вохурда мешавад.

Видеои Рақси Арабӣ (бо бадани нимурён)

Инчунин хонед инро

daler-nazarov

Далер Назаров «Чаки Чаки Борони Бахор» — видео, mp3

Скачать эту музыку бесплатно >>>